Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014 № 116 "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 05.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони президенти ҶТ аз 24.01.2014 № 132, аз 15.07.2015 № 523, аз 9.06.2016 № 701, аз 8.08.2016 № 735, аз 26.09.2017 № 939, аз 7.09.2019 № 1354, аз 14.02.2020 № 1453, аз 25.06.2020 № 1565, аз 29.04.2023 № 556, аз 13.09.2023 № 632, аз 05.01.2024 № 670)

 

Бо мақсади тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ ва банақшагирии стратегӣ дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ" мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам (Фармони президенти ҶТ аз 26.09.2017 № 939):

1. Сохтори замимагардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муовин, аз ҷумла муовини якум муқаррар карда шавад.

3. Бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқан дар котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, барҳам дода шаванд.

4. Бо мақсади таҳкими низоми ҳамоҳангсозии масъалаҳои амнияти миллӣ, мудофиа ва тартиботи ҳукуқӣ, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъсис дода шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 24.01.2014 № 132).

5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйир ёфтани мақоми бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳодҳо манзур намояд.

6. Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаҳои нав вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ вогузор карда шавад.

7. Ҷиҳати тавсеаи ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили онҳо, аз ҷумла таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо, ҳамчунин ҳамоҳангсозии шӯроҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот таъсис дода шавад.

8. Бо мақсади таҳияи методологияҳои замонавии идоракунии молияи давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти раванди ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, инчунин тақвияти кори Комиссияи буҷетӣ Раёсати молия таъсис дода шавад.

9. Ҷиҳати пешбурди ислоҳот дар идоракунии маҳал ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кор бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии ҷараёни таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ислоҳоти идоракунӣ ва таҳлили вазъи маҳал Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал таъсис дода шавад.

10. Раёсати рушди иҷтимоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба таҳлил ва мониторинги татбиқи сиёсат ва стратегияҳои дахлдор дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои оила ва сиёсати гендерӣ равона карда шавад. (Фармони президенти ҶТ аз 14.02.2020 № 1453)

11. Бо мақсади тақвияти фаъолият вобаста ба таҳлил дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва иттилоот, ҳамоҳангсозӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар тарбияву таълими ҷавонон ва рушди варзиш раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот таъсис дода шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 25.06.2020 № 1565).

12. Раёсати рушди инфрасохтор таъсис дода шуда, кори он ба ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва ҷорӣ кардани усулҳои нави ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, энергетика, саноат, меъморӣ ва сохтмон равона карда шавад.

13. Бо мақсади тақвияти чорабиниҳо дар самти мониторинг ва арзёбии раванди ислоҳоти соҳаи аграрӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи муҳити зист Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист таъсис дода шавад.

14. Раёсати робитаҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ ба он вогузор карда шаванд.

15. Раёсати коргузорӣ ва назорат таъсис дода шуда, инчунин вазифаҳои вобаста ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба он вогузор карда шаванд.

16. Бо мақсади тақвияти кор дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла вазифаҳои марбут ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, таъмини амнияти фазои иттилоотӣ Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ таъсис дода шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

17. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани ҳаллу фасли масъалаҳои шаҳрвандӣ, бахшиши ҷазо, мукофотҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон ва мониторинги амалишавии муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва дар таркиби он шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2015 № 523).

17(1). Барои тақвияти кор дар самти ҳамоҳангсозӣ ва таҳлили муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода шавад (Фармони президенти ҶТ аз 14.02.2020 № 1453).

17(2). Бо мақсади арзёбии дастовардҳои илмӣ ва корҳои инноватсионӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар фаъолияти истеҳсолкунандагони ватанӣ шуъбаи илм ва инноватсия таъсис дода шавад (Фармони президенти ҶТ  аз 25.06.2020 № 1565).

18. Бо мақсади мукаммалсозии вазифаҳо дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ, дуруст ба роҳ мондани механизмҳои арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, шуъбаи кадрҳо таъсис дода шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354).

19. Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо ҳуқуқи Раёсат таъсис дода шавад. Фаъолияти Марказ ба иҷро ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои идоракунии оперативии Шабакаи ягонаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва шабакаи дохилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани хизматрасонии шабакавӣ, асосҳои мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо, порталҳои ягонаи мақомоти давлатӣ, танзими фаъолияти онҳо ва ривоҷи истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ равона карда шавад.

19(1). Бо мақсади тақвияти фаъолияти бойгонӣ ва китобхонаи идоравӣ, ба таври доимӣ нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ барои истифодаи самараноки хизматӣ, истеҳсолӣ ва илмии онҳо, инчунин ҳифзу нигоҳдории фонди китобхона бахши бойгонӣ ва китобдорӣ таъсис дода шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 29.04.2023 № 556).

20. Бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаю сохторҳои зерин барҳам дода шаванд:

- Шӯъбаи ҳуқуқ

- Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияҳо

- Шӯъбаи молия

- Шӯъбаи ташкилӣ

- Шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

- Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оила

- Шӯъбаи илм ва маориф

- Шӯъбаи фарҳанг

- Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризм

- Шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ

- Шӯъбаи саноат ва энергетика

- Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсия

- Шӯъбаи сохтмон ва меъморӣ

- Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин

- Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулодда

- Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷӣ

- Шӯъбаи умумӣ

- Шӯъбаи назорат

- Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ

- Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон

- Шӯъбаи кадрҳо

- Маркази иттилоотию техникӣ

- Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ.

21. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати муайян намудани вазифаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, тадбирҳо андешида, ӯҳдадориҳои мансабии шахсони мансабдори ба ҳайати онҳо дохилшавандаро муайян намояд;

- дар мӯҳлати ду моҳ бо тартиби муқарраргардида вобаста ба шумораи штатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия ва манзур намояд;

- бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти муқаррароти Фармони мазкур дар мӯҳлати ду моҳ таҳия ва пешниҳод намояд.

22. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, пешниҳодҳо манзур намояд.

23. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001, №702 "Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

17 январи соли 2014 № 116

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 январи соли 2014 № 116

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 24.01.2014 № 132)

Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти ташрифотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354)

Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354)

Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ҳуқуқ

Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот

Раёсати молия

Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал

Раёсати рушди иҷтимоӣ

Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот (Фармони Президенти ҶТ аз 25.06.2020 № 1565)

Раёсати рушди инфрасохтор

Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист

Раёсати робитаҳои хориҷӣ

Раёсати коргузорӣ ва назорат

Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ

Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон (Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2015 № 523)

Шӯъбаи тарҷума

Шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 14.02.2020 № 1453)

Шуъбаи илм ва инноватсияи (Фармони Президенти ҶТ аз 25.06.2020 № 1565)

Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354)

Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)

Шуъбаи кадрҳо (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354)

Бахши корҳои махсус

Бахши бойгонӣ ва китобдорӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 29.04.2023 № 556)

Ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)

Раёсати хоҷагӣ (Фармони президенти ҶТ аз 26.09.2017 № 939)

Шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи рӯйхати замимашаванда)(Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354)

 

 

Таҳрири нав (Фармони Президенти ҶТ аз 7.09.2019 № 1354)

Замима

ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Руйхати шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

1. Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Корхонаи воҳиди давлатии осоишгоҳи "Шифо"-и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм"и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Ҷамъияти саҳомии кушодаи пажӯҳишгоҳи илмии лоиҳакашии ҷустуҷӯии "САНИИОСП"-и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

10. Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11. Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

12. Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

13. Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

14. Муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

15. Муассисаи давлатии "Кохи Истиқлол"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи мехмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

16. Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Истиқлол"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

17. Корхонаи воҳиди давлатии тарабхонаи "Чаманоро"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

18. Муассисаи давлатии "Боғи миллӣ"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

19. Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Авесто"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи мехмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

20. Хориҷ карда шуд (Фармони президенти ҶТ аз 14.02.2020 № 1453)

21. хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

22. Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

23. Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

24. Корхонаи воҳиди давлатии "Дандонпизишк"-и муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

25. Корхонаи воҳиди давлатии "Дорухона"-и муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26. Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

27. Корхонаи воҳиди давлатии "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28. Корхонаи воҳиди давлатии "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

29. Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

30. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази савдои Тоҷикистон"

31. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Фармони Президенти ҶТ аз 13.09.2023 № 632)

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О реструктуризации Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

(в редакции Указа Президента РТ от 24.01.2014г.№132, от 15.07.2015г. №523, от 09.06.2016г.№701, от 08.08.2016г.№735, от 26.09.2017г.№939, от 07.09.2019г.№1354, от 14.02.2020г.№1453, от 25.06.2020г.№1565, от 29.04.2023 №556, от 13.09.2023 №632, от 05.01.2024 №670)

В целях укрепления системы координации политики развития, внедрения новых методов управления и стратегического планирования, на основании положений Закона Республики Таджикистан "О системе органов государственного управления", в соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:

1. Утвердить прилагаемую структуру Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

2. Руководителю Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан установить двух заместителей, включая первого заместителя.

3. В целях продвижения институциональных преобразований и приведения в соответствие системы государственного управления международным стандартам преобразовать аппарат государственных советников Президента Республики Таджикистан в аппарат помощников Президента Республики Таджикистан и упразднить должности старших советников, советников Президента Республики Таджикистан, помощников Президента Республики Таджикистан и Премьер-министра Республики Таджикистан, которые работают соответственно в секретариате Президента Республики Таджикистан и секретариате Премьер-министра Республики Таджикистан.

4. В целях укрепления системы координации вопросов национальной безопасности, обороны и правопорядка, создать аппарат Помощника Президента Республики Таджикистан по вопросам национальной безопасности (в редакции Указа Президента РТ от 24.01.2014г.№132).

5. В связи с изменением статуса аппарата государственных советников Президента Республики Таджикистан Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан представить предложения по внесению изменений и дополнений в Реестр государственных должностей Республики Таджикистан.

6. Создать Правовое управление Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан и возложить на него новые функции, связанные с различными областями права.

7. В целях расширения координации стратегического планирования, проведения мониторинга реализации согласованной политики и утвержденных стратегий, разработки предложений по их совершенствованию, включая анализ эффективности деятельности государственных органов, выработки рекомендаций по дальнейшему совершенствованию их деятельности, включая координацию деятельности советов при Президенте Республики Таджикистан и руководства реформами государственного управления создать Управление стратегического планирования и реформ.

8. В целях разработки современных методологий управления государственными финансами и координации процесса реформирования управления государственными финансами, а также усиления работы Бюджетной комиссии создать Управление финансов.

9. В целях продвижения реформ по местному управлению и координации деятельности местных исполнительных органов государственной власти, работы председателей областей, городов и районов, координации процесса разработки и утверждения нормативных правовых актов относительно реформ управления и анализа состояния на местах создать Управление по работе с органами местного управления.

10. Создать Управление социального развития, направив его деятельность на анализ и мониторинг реализации политики и соответствующих стратегий в области здравоохранения, социальной защиты населения и вопросов семьи и гендерной политики (в редакции Указа РТ от 14.02.2020г.№1453).

11. В целях усиления деятельности, связанной с анализом в области образования, культуры и информации, координации мер по продвижению государственной политики в деле воспитания и обучения молодёжи, развития спорта создать управление образования, культуры и информации (в редакции Указа РТ от 25.06.2020г.№1565).

12. Создать Управление развития инфраструктуры, направив его деятельность на координацию, мониторинг и внедрение новых методов отчетности в областях транспорта, связи, энергетики, промышлености, архитектуры и строительства.

13. В целях укрепления мер, направленных на мониторинг и оценку процесса реформирования аграрного сектора и координации природоохранной деятельности создать Управление сельского хозяйства и охраны окружающей среды.

14. Создать Управление зарубежных связей, возложив на него функции Секретариата правительственной комиссии по решению территориальных и пограничных вопросов.

15. Создать Управление делопроизводства и контроля, возложив на него также и функции по обращениям физических и юридических лиц.

16. В целях усиления работ по  координации  деятельности  военных органов   и   органов  правопорядка,  а  также  функций,  связанных  с гражданской обороной и  чрезвычайными  ситуациями, обеспечения безопасности информационного пространства  создать  Управление обороны и правопорядка (в редакции Указа РТ от 07.09.2019г.№1354).

17. С целью эффективности решения вопросов гражданства, помилования, государственных наград, защиты прав и интересов детей и мониторинга выполнения положений международных правовых актов в области прав человека создать управление гарантий прав человека и в его составе отдел по защите прав ребенка (в редакции Указа Президента РТ от 15.07.2015г. №523).

17(1). Для усиления работ по координации и анализу в сфере трудовых отношений, миграции и занятости населения, и укрепления связей с зарубежными соотечественниками создать отдел труда, миграции и занятости населения (в редакции Указа РТ от 14.02.2020г.№1453).

17(2). В целях оценки научных достижений и инновационных работ и их эффективного использования в деятельности отечественных производителей создать отдел науки и инновации (в редакции Указа РТ от 25.06.2020г.№1565).

18. В целях оптимизации функций в области управления человеческими ресурсами, правильности реализации механизмов оценки деятельности государственных служащих, работающих в Исполнительном аппарате Президента Республики Таджикистан создать отдел кадров (в редакции Указа РТ от 07.09.2019г.№1354).

19. Создать Центр информационных и коммуникационных технологий на правах управления. Направить деятельность Центра на исполнение и координацию вопросов оперативного управления Единой государственной сети информационных и коммуникационных технологий и внутренней сети Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, внедрения сетевых услуг, основ электронного обмена документами, единых порталов государственных органов, регулирования их деятельности в данных вопросах и развития использования информационных и коммуникационных технологий в органах государственного управления.

19(1). В целях укрепления деятельности архива и ведомственной библиотеки, постоянного хранения архивных документов для эффективного служебного, производственного и научного их использования, а также охраны и сохранения библиотечного фонда создать сектор по архиву и библиотечному делу (в редакции Указа Президента РТ от 29.04.2023 №556).

20. В связи с реструктуризацией Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан упразднить следующие отделы и структуры:

- Юридический отдел

- Отдел экономических реформ и инвестиций

- Отдел финансов

- Организационный отдел

- Отдел труда и социальной защиты населения

- Отдел здравоохранения, по вопросам женщин и семьи

- Отдел науки и образования

- Отдел культуры

- Отдел по вопросам молодежи, спорта и туризма

- Информационно-аналитический отдел

- Отдел промышленности и энергетики

- Отдел транспорта и коммуникаций

- Отдел строительства и архитектуры

- Отдел сельского хозяйства и землепользования

- Отдел экологии и чрезвычайных ситуаций

- Отдел по связям с зарубежными странами

- Общий отдел

- Отдел контроля

- Отдел обороны и правопорядка

- Отдел гарантий конституционных прав граждан

- Отдел кадров

- Информационно-технический центр

- Секретариат правительственной комиссии по решению территориальных и пограничных вопросов.

21. Руководителю Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан:

- в целях упорядочения функций структур Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, обеспечивающих деятельность Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан принять меры и определить должностные обязанности должностных лиц, входящих в данные структуры;

- в двухмесячный срок внести в установленном порядке предложения по штатной численности Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- в двухмесячный срок разработать и представить в установленном порядке на утверждение проект Положения об Исполнительном аппарате Президента Республики Таджикистан с учетом положений настоящего Указа.

22. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан разработать предложения по внесению соответствующих изменений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан, регулирующие деятельность Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

23. Признать утратившим силу Указ Президента Республики Таджикистан от 30 октября 2001 года №702 "О преобразовании структуры Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан".

Президент

Республики Таджикистан                                   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 17 января 2014 года, №116

Утверждена

 Указом Президента

Республики Таджикистан

от 17 января 2014 года , № 116

СТРУКТУРА Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

(в редакции Указа Президента РТ от 05.01.2024 №670

Руководство Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

Помощник Президента Республики Таджикистан по экономическим вопросам

Помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам зарубежных связей

Помощник Президента Республики Таджикистан по кадровым вопросам

Помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам социального развития и связям с общественностью

Помощник Президента Республики Таджикистан по правовым вопросам Полномочный представитель Президента Республики Таджикистан в Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

Секретариат Президента Республики Таджикистан

Служба протокола Президента Республики Таджикистан (в редакции Указа РТ от 07.09.2019г.№1354)

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан

Секретариат Совета безопасности Республики Таджикистан (в редакции Указа РТ от 07.09.2019г.№1354)

Секретариат Премьер-министра Республики Таджикистан

Правовое управление

Управление стратегического планирования и реформ

Управление финансов

Управление по работе с органами местного управления

Управление социального развития

Управление образования, культуры и информации (в редакции Указ Президента РТ от 25.06.2020г.№1565)

Управление развития инфраструктуры

Управление сельского хозяйства и защиты окружающей среды

Управление зарубежных связей

Управление делопроизводства и контроля национальной безопасности 

Отдел гарантий прав человека

Отдел переводов

Управление религии, упорядочения традиций, торжеств и обрядов (в редакции Указа Президента РТ от 15.07.2015г. №523)

Центр информационных и коммуникационных технологий (на правах Управления)

Отдел науки и инновации (в редакции Указ Президента РТ от 25.06.2020г.№1565)

Отдел труда, миграции и занятости населения (в редакции Указа РТ от 14.02.2020г.№1453)

Отдел кадров (в редакции Указа РТ от 07.09.2019г.№1354)

Сектор спецработ

Центральная бухгалтерия (на правах Управления)

Хозяйственное управление

Сектор по архиву и библиотечному делу (в редакции Указа Президента РТ от 29.04.2023 №556)

Подведомственные юридические лица Исполнительном аппарате Президента Республики Таджикистан (согласно прилагаемому списку) (в редакции Указа РТ от 07.09.2019г.№1354)

Помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам национальной безопасности (в редакции Указа Президента РТ от 24.01.2014г.№132) .

Приложение

к Структуре Исполнительного

аппарата Президента Республики Таджикистан

Список юридических лиц, подведомственных Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан

(в редакции Указа РТ от 07.09.2019г.№1354, от 13.09.2023№632)

1. Государственное учреждение комплекс "Дворец нации" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

2. Государственное учреждение "Боги Парчами милли" государственного учреждения комплекс "Дворец нации" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

3. Государственное учреждение комплекс "Кохи Вахдат" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

4. Государственное учреждение комплекс "Кохи Борбад" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

5. Государственное учреждение "Дирекция по строительству правительственных объектов" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

6. Государственное унитарное предприятие санаторий "Шифо" государственного учреждения "Дирекция по строительству правительственных объектов" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

7. Открытое акционерное общество санаторий "Ходжа Обигарм" государственного учреждения "Дирекция по строительству правительственных объектов" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

8. Открытое акционерное общество научно-исследовательский и проектно-изыскательский институт "САНИИОСП" государственного учреждения "Дирекция по строительству правительственных объектов" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

9. Государственное учреждение резиденция "Искандеркуль" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

10. Государственное учреждение "Национальная библиотека" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

11. Государственное учреждение "Национальный музей" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

12. Государственное научное учреждение "Боги ботаникии Худжанд" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

13. Государственное учреждение "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"

14. Государственное учреждение "Боги Ирам" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"

15. Государственное учреждение "Кохи Истиклол" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"

16. Государственное учреждение "Истиклол" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"

17. Государственное унитарное предприятие ресторан "Чаманоро" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"

18. Государственное учреждение "Боги милли" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"

19. Государственное учреждение "Авесто" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"

20. Исключен (в редакции Указа РТ от 14.02.2020г.№1453)

21. Исключен (в редакции Указа Президента РТ от 05.01.2024 №670

22. Государственное учреждение "Государственный симфонический оркестр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

23. Государственное учреждение "Медицинский центр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

24. Государственное унитарное предприятие "Дандонпизишк" государственного учреждения "Медицинский центр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

25. Государственное унитарное предприятие "Дорухона" государственного учреждения "Медицинский центр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

26. Государственное учреждение резиденция "Сайёд" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

27. Государственное унитарное предприятие "Ремонт и строительство" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

28. Государственное унитарное предприятие "Торговля и общественное питание" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

29. Государственное унитарное предприятие полиграфический комплекс "Шарки озод" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

30. Открытое акционерное общество "Маркази савдои Точикистон" (в редакции Указа РТ от 07.09.2019г.№1354).

31. Государственное учреждение "Центр реализации проектов цифровых основ Таджикистана" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан (в редакции Указа Президента РТ от 13.09.2023 №632).