ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, №116 "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- банди 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"11. Бо мақсади тақвияти фаъолият вобаста ба таҳлил дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва иттилоот, ҳамоҳангсозӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар тарбияву таълими ҷавонон ва рушди варзиш раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот таъсис дода шавад.";
- банди 17(2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"17(2). Бо мақсади арзёбии дастовардҳои илмӣ ва корҳои инноватсионӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар фаъолияти истеҳсолкунандагони ватанӣ шуъбаи илм ва инноватсия таъсис дода шавад.";
- сархати ҳаждаҳуми замимаи фармони мазкур дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот";
- ба замимаи фармони мазкур сархати бистуҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Шуъбаи илм ва инноватсия".
2. Дар банди 2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2014, №181 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "343" ба рақами "347" иваз карда шавад.
3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мутобиқи тартиби муқарраргардида дар басти вазифаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намояд;
- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани тағйир ёфтани воҳидҳои корӣ, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи заруриро дар доираи маблағҳои барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда таъмин намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 июни соли 2020 № 1565
ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в некоторые указы Президента Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
1. Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 17 января 2014 года, №116 "О реструктуризации Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:
- пункт 11 изложить в следующей редакции:
"11. В целях усиления деятельности, связанной с анализом в области образования, культуры и информации, координации мер по продвижению государственной политики в деле воспитания и обучения молодёжи, развития спорта создать управление образования, культуры и информации.";
- дополнить пунктом 17(2) следующего содержания:
"17(2). В целях оценки научных достижений и инновационных работ и их эффективного использования в деятельности отечественных производителей создать отдел науки и инновации.";
- абзац восемнадцатый приложения настоящего указа изложить в следующей редакции:
"Управление образования, культуры и информации";
- приложение настоящего указа дополнить абзацем двадцать седьмым следующего содержания:
"Отдел науки и инновации".
2. В пункте 2 указа Президента Республики Таджикистан от 17 марта 2014 года, №181 "Об утверждении Положения об Исполнительном аппарате Президента Республики Таджикистан" цифру "343" заменить цифрой "347".
3. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан:
- в соответствии с установленным порядком внести соответствующие изменения и дополнения в штатное расписание Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
- при необходимости представить предложения о внесении изменений и дополнений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан;
- привести свои акты в соответствие с настоящим указом.
4. Министерству финансов Республики Таджикистан, с учетом изменения штатных единиц, обеспечить Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан необходимые средства в рамках средств, предусмотренных для Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 25 июня 2020 года, №1565