ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи зикргардидаро ҳал намояд.
4. Ба замимаи Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2014, № 116 "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, банди 31 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"31. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 сентябри соли 2023, № 632
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Государственном учреждении "Центр реализации проектов цифровых основ Таджикистана" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
В соответствии со статьями 52 и 128 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
1. Создать Государственное учреждение "Центр реализации проектов цифровых основ Таджикистана" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.
2. Утвердить Устав Государственного учреждения "Центр реализации проектов цифровых основ Таджикистана" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан (прилагается).
3. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы указанного Учреждения.
4. Приложение Структура Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, утверждённое указом Президента Республики Таджикистан от 7 января 2014 года, №116 "О реструктуризации Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан", дополнить пунктом 31 следующего содержания:
"31. Государственное учреждение "Центр реализации проектов цифровых основ Таджикистана" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан".
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
13 сентября 2023 года №632