ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, № 116 "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 11 калимаҳои "ва сайёҳӣ, фарҳанг ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ" ба калимаҳои ", сайёҳӣ ва фарҳанг" иваз карда шаванд;
- дар банди 16 пас аз калимаи "фавқулодда" калимаҳои ", таъмини амнияти фазои иттилоотӣ" илова карда шаванд;
- дар банди 18 калимаи "Бахши" ба калимаи "шуъбаи" иваз карда шавад.
2. Ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, № 116 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шавад:
- дар сархати нуҳум калимаи "протоколии" ба калимаи "ташрифоти" иваз карда шавад;
- сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- дар сархати биступанҷум калимаи "маросимҳо" ба калимаи "маросим" иваз карда шавад;
- дар сархати бистуҳафтум калимаи "Бахши" ба калимаи "Шуъбаи" иваз карда шавад;
- дар сархати сиюякум калимаҳои "Корхонаю муассисақои назди" ба калимаҳои "Шахсони ҳуқуқии тобеи" иваз карда шаванд;
- замима ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Дар банди 2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2014, № 181 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "325" ба рақами "337" иваз карда шавад.
4. Ба Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2014, №181 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 3, сархати шашуми банди 17, сархати ёздаҳуми банди 34, банди 35 ва сархатҳои дуюм ва панҷуми банди 36 калимаҳои "Дастуруламали" ва "дастуруламали" ба калимаи "дастурамали" иваз карда шавад;
- дар банди 7 калимаи "протоколии" ба калимаи "ташрифоти" иваз карда шуда, калимаи "идораҳо," хориҷ карда шавад;
- дар банди 9 калимаҳои "роҳбари" ва "протоколии" мувофиқан ба калимаҳои "сардор ва муовини сардори" ва "ташрифоти" иваз карда шуда, калимаҳои "идораҳо, хадамот ва" хориҷ карда шаванд;
- дар банди 11 калимаҳои "ва идораҳо" хориҷ карда шуда, калимаҳои "ва бахшҳои мустақил" ба калимаҳои "бахшҳои мустақил ва воҳидҳои сохтории ба онҳо баробаркардашуда" иваз карда шаванд;
- ба банди 12 ҷумлаи якум бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Роҳбарони шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи Президент бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.";
- дар сархатҳои чорум ва шашуми банди 16 калимаҳои "бақайдгирии" ва "корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои" мувофиқан ба калимаҳои "баҳисобгирии" ва "шахсони ҳуқуқии" иваз карда шаванд;
- аз сархати ҳафтуми банди 17 калимаҳои "дар назди Дастгоҳи Президент таъсисшаванда, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои" хориҷ карда шаванд;
- аз сархати нуҳуми банди 17 калимаҳои "муовинони сардорони идораҳо, муовинони мудирони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳо, референтҳои Сарвазир, референтҳои муовинони Сарвазир ва" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳуми банди 17 калимаи "муҷозоти" ба калимаҳои "ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои" иваз карда шавад;
- дар номи боби 7, бандҳои 27 (ба истиснои сархати якум) ва 28 калимаҳои "протоколии", "протоколиро" ва "протоколӣ" мувофиқан ба калимаҳои "ташрифоти", "ташрифотро", "ташрифот" ва дар сархати якуми банди 27 калимаи "протоколии" ба калимаи "ташрифоти" иваз карда шаванд;
- банди 28(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"28(1). Хадамоти ташрифот тибқи низомнома, ки бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амал мекунад.";
- боби 8(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"8(1). Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
30(1). Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низомнома, ки бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амал мекунад.".
5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тибқи тартиби муқарраргардида дар басти вазифаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намояд;
- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани тағйир ёфтани категорияи мансабҳои хизмати давлатӣ ва воҳидҳои корӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи заруриро дар доираи маблағҳои барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда таъмин намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
7 сентябри соли 2019 № 1354
Замима
ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Руйхати шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Корхонаи воҳиди давлатии осоишгоҳи "Шифо"-и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм"и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Ҷамъияти саҳомии кушодаи пажӯҳишгоҳи илмии лоиҳакашии ҷустуҷӯии "САНИИОСП"-и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
13. Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
14. Муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
15. Муассисаи давлатии "Кохи Истиқлол"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи мехмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
16. Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Истиқлол"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
17. Корхонаи воҳиди давлатии тарабхонаи "Чаманоро"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
18. Муассисаи давлатии "Боғи миллӣ"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
19. Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Авесто"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи мехмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
20. Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Гулистон"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
21. Филиали муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия
22. Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
23. Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
24. Корхонаи воҳиди давлатии "Дандонпизишк"-и муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
25. Корхонаи воҳиди давлатии "Дорухона"-и муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
26. Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
27. Корхонаи воҳиди давлатии "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
28. Корхонаи воҳиди давлатии "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
29. Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
30. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази савдои Тоҷикистон"
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в некоторые указы Президента Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
1. Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 17 января 2014 года, №116 "О реструктуризации Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнение:
- в пункте 11 слова "и туризма, культуры и обеспечения безопасности информационного пространства" заменить словами ", туризма и культуры";
- пункт 16 после слова "ситуациями" дополнить словами ", обеспечения безопасности информационного пространства";
- в пункте 18 слово "Сектор" заменить словом "отдел".
2. Внести в Структуру Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, утвержденную указом Президента Республики Таджикистан от 17 января 2014 года, №116, следующие изменения и дополнение:
- в абзаце девятом слова "Протокольная служба" заменить словами "Служба протокола";
- дополнить абзацем одиннадцатым следующего содержания:
"Секретариат Совета безопасности Республики Таджикистан";
- в абзаце двадцать седьмом слово "Сектор" заменить словом "Отдел";
- в абзаце тридцать первом слова "Предприятия и учреждения при" заменить словами "Подведомственные юридические лица";
- утвердить приложение к Структуре Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан в новой редакции (прилагается).
3. В пункте 2 указа Президента Республики Таджикистан от 17 марта 2014 года, №181 "Об утверждении Положения об Исполнительном аппарате Президента Республики Таджикистан" цифру "325" заменить цифрой "337".
4. Внести в Положение об Исполнительном аппарате Президента Республики Таджикистан, утвержденное указом Президента Республики Таджикистан от 17 марта 2014 года, №181, следующие изменения и дополнения:
- в пункте 7 слова "Протокольная служба" заменить словами "Служба протокола";
- пункт 9 слова "руководитель Протокольной службы" заменить словами "начальник и заместитель начальника Службы протокола" и слова "управлении, служб" исключить;
- в пункте 11 слова "и самостоятельными секторами" заменить словами ", самостоятельными секторами и приравненными к ним структурными подразделениями";
- пункт 12 дополнить первым предложением следующего содержания:
"Руководители юридических лиц, подведомственных Аппарату Президента, назначаются и освобождаются Президентом Республики Таджикистан или Правительством Республики Таджикистан по представлению Руководителя Аппарата Президента.";
- в абзаце шестом пункта 16 слова "предприятиями, учреждениями и организациями" заменить словами "юридическими лицами";
- из седьмого и девятого абзацев пункта 17 слова "образуемых в составе и при Аппарате Президента и", "предприятиях, учреждениях и организациях" и "заместителей начальников управлений, заместителей заведующих отделами и заведующих секторами, референтов Секретариата Премьер - министра и референтов заместителей Премьер - министра и" исключить;
- абзац одиннадцатый пункта 17 после слов "порядке" и "наложении" соответственно дополнить словами "поощренные и" и "поощренных и";
- в названии главы 7, пунктах 27 и 28 слова "Протокольная служба" заменить словами "Служба протокола";
- дополнить пунктом 28(1) следующего содержания:
"28(1). Служба протокола действует в соответствии с положением, утверждаемым Президентом Республики Таджикистан по представлению Руководителя Аппарата Президента.";
- дополнить главой 8(1) следующего содержания:
"8(1). Секретариат Совета безопасности Республики Таджикистан
30(1). Секретариат Совета безопасности Республики Таджикистан действует в соответствии с положением, утверждаемым Президентом Республики Таджикистан по представлению Руководителя Аппарата Президента.".
5. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан:
- в установленном порядке внести соответствующие изменения и дополнения в штатное расписание Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
- в случае необходимости представить предложения о внесении изменений и дополнений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан;
- привести свои акты в соответствие с настоящим указом.
6. Министерству финансов Республики Таджикистан, с учетом изменения должностных категорий государственной службы и штатных единиц, обеспечить Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан необходимые средства в рамках средств, предусмотренных для Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 7 сентября 2019 года, №1354
Приложение
к Структуре Исполнительного
аппарата Президента Республики Таджикистан
Список юридических лиц, подведомственных Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан
1. Государственное учреждение комплекс "Дворец нации" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
2. Государственное учреждение "Боги Парчами милли" государственного учреждения комплекс "Дворец нации" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
3. Государственное учреждение комплекс "Кохи Вахдат" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
4. Государственное учреждение комплекс "Кохи Борбад" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
5. Государственное учреждение "Дирекция по строительству правительственных объектов" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
6. Государственное унитарное предприятие санаторий "Шифо" государственного учреждения "Дирекция по строительству правительственных объектов" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
7. Открытое акционерное общество санаторий "Ходжа Обигарм" государственного учреждения "Дирекция по строительству правительственных объектов" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
8. Открытое акционерное общество научно-исследовательский и проектно-изыскательский институт "САНИИОСП" государственного учреждения "Дирекция по строительству правительственных объектов" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
9. Государственное учреждение резиденция "Искандеркуль" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
10. Государственное учреждение "Национальная библиотека" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
11. Государственное учреждение "Национальный музей" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
12. Государственное научное учреждение "Боги ботаникии Худжанд" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
13. Государственное учреждение "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"
14. Государственное учреждение "Боги Ирам" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"
15. Государственное учреждение "Кохи Истиклол" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"
16. Государственное учреждение "Истиклол" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"
17. Государственное унитарное предприятие ресторан "Чаманоро" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"
18. Государственное учреждение "Боги милли" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"
19. Государственное учреждение "Авесто" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"
20. Государственное учреждение "Гулистон" государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"
21. Филиал государственного учреждения "Гостиничный комплекс Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан" в городе Москва Российской Федерации
22. Государственное учреждение "Государственный симфонический оркестр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
23. Государственное учреждение "Медицинский центр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
24. Государственное унитарное предприятие "Дандонпизишк" государственного учреждения "Медицинский центр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
25. Государственное унитарное предприятие "Дорухона" государственного учреждения "Медицинский центр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
26. Государственное учреждение резиденция "Сайёд" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
27. Государственное унитарное предприятие "Ремонт и строительство" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
28. Государственное унитарное предприятие "Торговля и общественное питание" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
29. Государственное унитарное предприятие полиграфический комплекс "Шарки озод" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
30. Открытое акционерное общество "Маркази савдои Точикистон".