ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, № 116
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадаои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, № 116 "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Банди 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Бо мақсади таҳкими низоми ҳамоҳангсозии масъалаҳои амнияти миллӣ, мудофиа ва тартиботи ҳукуқӣ, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъсис дода шавад".
2. Бандҳои 4-22 мутобиқан бандҳои 5-23 ҳисобида шаванд.
3. Ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони мазкур тасдиқ шудааст, сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
24 январи соли 2014 № 132
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении дополнений в Указ Президента Республики Таджикистан от 17 января 2014 года, №116
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах Республики Таджикистан" и статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю;
Внести в Указ Президента Республики Таджикистан от 17 января 2014 года, №116 "О реструктуризации Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан" следующие дополнения:
1. Дополнить пунктом 4 следующего содержания:
"4. В целях укрепления системы координации вопросов национальной безопасности, обороны и правопорядка, создать аппарат Помощника Президента Республики Таджикистан по вопросам национальной безопасности".
2. Пункты 4-22 соответственно считать пунктами 5-23.
3. Дополнить Структуру Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, утвержденную настоящим Указом, седьмым абзацем следующего содержания:
"Помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам национальной безопасности".
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 24 января 2014 года, №132