Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2015 № 259, аз 27.09.2025 № 505)
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493 "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Аз 1 сентябри соли 2013:
- ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаҳои маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои илм, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз ва муассисаҳою ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 190 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) кормандони прокурорӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 405 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 450 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 35 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант - 450 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш - 405 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад ва ҳисобкунии он мувофиқи замимаи 1 амалӣ карда шавад (№ 505);
- ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд, иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;
- ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донистани забонҳои хориҷии дур иловапулӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи амалкунандаи стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
- ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 624 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- нафақаи заминавӣ ба андозаи 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ кам мебошад, ба 200 сомонӣ баробар карда шавад (зиёдшавӣ дар ҳар як ҳолат аз 25 сомонӣ бояд кам набошад);
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ ва аз ин зиёдтарро ташкил менамоянд, 25 сомонӣ зиёд карда шавад;
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории нопурра аз рӯи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол таъин гардидаанд ва нафақаҳои меҳнатии маъюбони гурӯҳи III ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки бо назардошти собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо аз ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам мебошад, ба андозаи 30 сомонӣ зиёд карда шавад;
- андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни 8 солагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин гардидаанд, 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муайян карда шавад.
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозҳисобии андозаи нафақаҳоро дар доираи маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъмин намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқ намудани қарори мазкурро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии соли 2013 барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинӣ шудаанд, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи маблағ аз рӯи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ амалӣ намоянд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати норасоии маблағ барои пардохти музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои буҷетӣ, ки аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, маблағгузории онро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2013 барои ислоҳоти музди меҳнат пешбинӣ шудаанд, захираҳои дигари молиявӣ ва сарфаи хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.
4. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
5. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фелдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон басти вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти худро ҳангоми муайян намудани маоши вазифавии онҳо дар доираи нақшаи маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ), ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493 муқаррар гардидааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намоянд.
6. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ҳисобкунии музди миёнаи меҳнатро барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳои марбут ба пардохти музди миёнаи меҳнат (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи Қоидаҳои бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқшуда анҷом диҳанд.
7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493 тадбирҳои амалӣ андешанд.
8. Аз эътибор соқит дониста шавад:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1998, №140 "Оид ба музди меҳнати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- сархати нӯҳуми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №131 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007, №219";
- банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2009, №102 "Дар бораи ба низом даровардани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- сархати панҷуми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2011, №387 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 23 августи соли 2013, № 371
ш. Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 августи соли 2013, № 371
Тавсиянома барои амалӣ намудани коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737 тасдиқ карда шудааст
Ниг. ба Замима (№ 505)