Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2016, № 697
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2016, № 697 "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 июли соли 2016:
- ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои илм, фарҳанг ва кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз ва муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мувофиқан ба шумораи умумии хонандагон ба маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробар карда шавад;
- музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи тахассус ва таҳсилот баробар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 230 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва гурӯҳҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавим кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 470 сомонӣ барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 520 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
...