ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2013, №371
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Дар сархати даҳуми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2013, № 371 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493» калимаҳои «Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори» ба калимаи «мақомоти» иваз карда шавад.
2.Дар замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2013, №371 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493» тағйироти зерин ворид карда шаванд:
-дар ном рақамҳои «2», «2008» ва «503» мувофиқан ба рақамҳои «15», «2016» ва «737» иваз карда шаванд;
-дар сутуни қадами 2 калимаҳои «ноҳиявии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаи «ноҳиявӣ» иваз карда шаванд;
-дар сутуни қадами 3 калимаҳои «ҳарбии гарнизонҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаи «гарнизонҳо» иваз карда шаванд;
-дар сутуни қадами 4 калимаҳои «судҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «мақомоти Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мақомоти Агентии омори» мувофиқан ба калимаҳои «судҳо» ва «мақомоти» иваз карда шаванд;
-дар сутуни қадами 6 калимаҳои «кумитаҳо, агентиҳо ва хадамотҳои» ба калимаи «мақомоти» иваз карда шаванд;
-дар сутуни қадами 7 калимаҳои «дастгоҳи марказии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ гардида, калимаҳои «Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали» ба калимаи «мақомоти» иваз карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...