Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2011 № 387 Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 1126

Санаи амалкуни: 23.08.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 1126

(қарори Ҳукумати  аз 23.08.2013 № 371)

(қарори Ҳукумати  аз 23.08.2013 № 371)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 1126 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Аз 1 сентябри соли 2011:

- музди меҳнати директорони институтҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳо, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад;

- музди меҳнати кормандони раёсатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;

- музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 40 фоиз зиёд карда шуда, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳаҷми 112 сомонӣ муқаррар карда шавад. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба муқаррароти мазкур мутобиқ намоянд;

- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;

- музди меҳнати кормандони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба музди меҳнати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баробар карда шавад (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2013 № 371 аз эътибор соқит дониста шуд);

- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинони раис ва судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музди меҳнати моҳонаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по исполнению Указа Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2011 года, №1126

(в редакции Постановления Правительства РТ от 23.08.2013г.  № 371)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 23.08.2013г.  № 371)

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2011 года, №1126 "О мерах по усилению уровня социальной защищённости населения и увеличению действующих должностных окладов работников бюджетных учреждений, организаций, размеров пенсий и стипендий" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) С 1 сентября 2011 года:

- увеличить заработную плату директоров институтов и других учреждений Академии наук Республики Таджикистан, Таджикской академии сельскохозяйственных наук, Академии образования Таджикистана и Академии медицинских наук при Министерстве здравоохранения Республики Таджикистан в 3,3 раза, и заработную плату их работников, Таджикской национальной консерватории имени Талабхуджа Сатторова на 100 процентов;

- увеличить заработную плату работников Президиума Академии наук Республики Таджикистан, Таджикской академии сельскохозяйственных наук, Академии образования Таджикистана, Академии медицинских наук при Министерстве здравоохранения Республики Таджикистан и работников других учреждений отраслей науки на 30 процентов;

- увеличить заработную плату работников отрасли здравоохранения, финансируемых из Государственного бюджета, на 40 процентов и установить размер базисной заработной платы для расчета должностного оклада работников отраслей здравоохранения в размере 112 сомони. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан привести "Инструкцию по оплате труда работников здравоохранения Республики Таджикистан" в соответствие с данным положением;

- увеличить должностные оклады работников организаций учреждений отраслей социальной защиты и культуры, финансируемых из Государственного бюджета, на 40 процентов;

- заработную плату работников Союза композиторов Таджикистана приравнять к заработной плате Союза писателей Таджикистана (утратил силу в редакции Постановления Правительства РТ от 23.08.2013г. № 371);

- увеличить должностные оклады работников организаций, учреждений отраслей образования, финансируемых из Государственного бюджета, в размере 30 процентов;

- увеличить месячные должностные оклады председателей, заместителей председателя и судей судов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, экономических и военных судов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе и городов, районов на 100 процентов;

 - увеличить месячные должностные оклады председателей, заместителей председателя и судей Верховного суда Республики Таджикистан, Конституционного суда Республики Таджикистан и Высшего экономического суда Республики Таджикистан и месячную заработную плату депутатов Маджлиси намояндагон Маджлисн Оли Республики Таджикистан на 50 процентов;

...