Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Номгӯи техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил дода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд
Бо мақсади иҷрои моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи замимагардидаи техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил дода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд, тасдиқ карда шавад.
2. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 591 "Дар бораи тасдиқи "Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда истифода мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд" ва аз 1 октябри соли 2007, № 489 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи техникаи кишоварзии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандае, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд" аз эътибор соқит дониста шаванд.
3. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 марти соли 2013, № 93
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 93
тасдиқ шудааст
Номгӯи техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил дода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд
+----+--------------+------------------------------------------------ҷ
| № | Код НМ ФИХ | Номгӯи молҳо |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 1. | 8419 | Мошинҳо, таҷҳизоти саноатӣ ё лабораторӣ бо |
| | (ба ғайр аз | тафсиши барқӣ ва ғайрибарқӣ (бо истиснои |
| | 8419 81, | печкаҳо, камераҳо ва таҷҳизоти дигари мавқеи |
| | 8419 89, | моли 8514) барои коркарди мавод дар ҷараёни |
| | 8419 90) | тағйирёбии ҳарорат, ба мисли тафсонидан, |
| | | ҷӯшондан, зирбондан, софкорӣ, безараргардонӣ, |
| | | пастеризатсия, буғдиҳӣ, хушккунӣ, ҳаводиҳӣ ё |
| | | хунуккунӣ, ба ғайр аз мошинҳо ва таҷҳизотҳои |
| | | ба сифати маишӣ истифодашаванда; обгармкунакҳои|
| | | беинертсӣ ё аккумуляторҳои гармидиҳии обӣ, |
| | | бе қувваи барқ: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 2. | 8424 81 910 | пошандаҳо ва тақсимкунакҳои хокаҳо, ки дар |
| | | тракторҳо насб карда мешаванд ё ба думболаи |
| | | тракторҳо кашида мешаванд |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 3. | 8430410000 | Дигар мошинҳои пармакунӣ ё нақбканӣ: |
| | | - - худгард |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 4. | 8432 | Мошинҳои кишоварзӣ, боғдорӣ ва хоҷагии ҷангал |
| | (ба ғайр аз | барои тайёр ва коркарди хок; катокҳо барои |
| | 8432 29 900, | сабзаҳо ва майдончаҳои варзишӣ: |
| | 8432 40 900, | |
| | 8432 80 000, | |
| | 8432 90 000) | |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 5. | 8433 | Мошинҳо ё механизмҳо барои ҷамъ ё хирманкунии |
| | (ба ғайр аз | намудани маҳсулоти кишоварзӣ, якҷоя бо пресс- |
| | 8433 11, | ҷамъкунанда, пресс барои борпечонӣ дар кипҳои |
| | 8433 19) | каҳи ҷав ё хошок, каҳдарав ё алафдарав; мошинҳо|
| | | барои тоза намудан, ба хелҳо ҷудокунанда ё |
| | | калибрченкунаки тухм, мева ё дигар маҳсулоти |
| | | кишоварзӣ, ғайр аз мошинҳри рамзи моли 8437: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 6. | 8434 | Дастгоҳҳо ва асбобҳои ширҷӯшӣ, таҷҳизот барои |
| | | коркард ва коркарди такрории шир: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 7. | 8436 | Таҷҳизот барои соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ, |
| | | хоҷагии ҷангал, паррандапарварӣ ва замбӯри |
| | | асалпарварӣ, бо шумули таҷҳизот барои |
| | | сабзондани тухмӣ бо дастгоҳи механикӣ ё |
| | | гармкунанда ва ғайра, инкубаторҳо барои |
| | | паррандапарварӣ ва брудерҳо: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 8. | 8437 10 000 | - мошинҳо барои тозакунӣ, ба навъҳо ҷудо кардан|
| | | ва муайян намудани андозаи тухмӣ |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 9. | 8438 | Таҷҳизот барои омодасозии саноатӣ ва ё истеҳ - |
| | (ба ғайр аз | соли маводи ғизоӣ ё нӯшокиҳо, дар дигар ҷойи |
| | 8438 90) | ин гурӯҳ номбарнашуда ё дохилнашуда, ба ғайр аз|
| | | таҷҳизот барои ҷабида гирифтан ё тайёр намудани|
| | | чарбу ё равғани бухорнашавандаи ҳайвоноту |
| | | растанӣ: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 10.| 8445 | Мошинҳо барои тайёр кардани нахҳои нассоҷӣ, |
| | | калобаресӣ; мошинҳои нассоҷӣ ва тобдиҳанда, |
| | | мошинҳои нассоҷии пилларесӣ ё риштаресӣ (бо |
| | | шумули пуди ришта) ва мошинҳои тайёркунандаи |
| | | калобаҳои нассоҷӣ барои истифодаи онҳо дар |
| | | мошинҳои мавқеи молии 8446 ё 8447: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 11.| 8447 | Мошинаҳои нассоҷӣ, бофандагию дӯзандагӣ барои |
| | | истеҳсоли риштаи калобатунсозӣ (зардӯзӣ), |
| | | ҳошияи дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, бофтани тасма ё |
| | | тӯрҳо ва мошинҳои тафтингӣ: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 12.| 8449 00 000 | Таҷҳизот барои истеҳсол ё коркарди намад ё |
| | | намади тунуки нафис (фетра) ё маводи ғайри- |
| | | матоии пора ва ё буридашаванда, бо шумули |
| | | таҷҳизот барои истеҳсоли кулоҳҳои намадӣ; |
| | | қолабҳо барои дӯхтани кулоҳҳо |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 13.| 8451 | Таҷҳизот (ба ғайр аз мошинаҳои мавқеи молии |
| | | 8450) барои шустан, тоза кардан, фишурдан, |
| | | хушконидан, дарзмолкунӣ, пресскунӣ (ба шумули |
| | | прессҳо барои дар як ҳарорати муайян нигоҳ |
| | | доштани масолеҳ), сафедкунӣ, рангуборкунӣ, |
| | | пардоз, рӯпӯшсозӣ ё ба рангубор ҷаббондани |
| | | калоба, матоъ ё маснуоти тайёри нассоҷӣ ва |
| | | мошинҳо барои ворид сохтани хамира ба рӯи |
| | | матоъ ё дигар зерматое, ки барои истеҳсоли |
| | | маҳсулоти рӯйкашсозии сақфҳо, ба мисли |
| | | линолиум истифода мешаванд; мошинҳо барои |
| | | печонидан, кушодан, таҳ кардан, буридан ё |
| | | сӯрох кардани матоъҳои нассоҷӣ: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 14.| 8453 | Таҷҳизот барои тайёр кардан, ош додан ва |
| | | коркарди пӯст ё чарм барои истеҳсол ё таъмири |
| | | пойафзол ё маснуоти дигаре, ки аз пӯст ё чарм |
| | | мебошанд, ба ғайр аз мошинҳои дӯзандагӣ: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 15.| 8455 | Дастгоҳҳои прокати металл ва навардҳо барои |
| | | онҳо: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 16.| 8456 | Дастгоҳҳо барои коркарди ҳама гуна мавод |
| | | ба воситаи нобуд кардани ин мавод ба ёрии нури |
| | | лазерӣ ё дигар нурҳои рӯшноию фатонӣ, ҷараёнҳои|
| | | ултрасодоӣ, электроразрядӣ, электрохимиявӣ, |
| | | электронию нурӣ, ионию нурӣ ва ё плазмавию |
| | | камонӣ: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 17.| 8457 | Марказҳои коркард, дастгоҳҳои агрегатии якшакла|
| | | ва бисёршакла барои коркарди металл: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 18.| 8458 | Дастгоҳҳои харротии (бо шумули дастгоҳҳои |
| | | харротии бисёрҳадафа) металбурӣ: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 19.| 8459 | Дастгоҳҳои металлбурӣ (бо шумули дастгоҳҳои |
| | | агрегатии шакли қаторадошта) барои парма |
| | | кардан, тез кардан, рандакунӣ, буридани |
| | | рахапечи берунӣ ё дохилӣ бо роҳи хориҷ |
| | | кардани металл, ба ғайр аз дастгоҳҳои харротии |
| | | (бо шумули дастгоҳҳои харротии бисёрҳадафа) |
| | | мавқеи молии 8458: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 20.| 8460 | Дастгоҳҳои тарошида суфтакунӣ, тезкунӣ, |
| | | пардоздиҳӣ, хонинговалӣ, сойиш, сайқалкунӣ ва |
| | | барои иҷрои дигар амалиёти тозакунии металл ё |
| | | металлу сафол ба воситаи сангҳои суфтакунӣ, |
| | | воситаҳои абразивӣ ва сайқалкунӣ, ба ғайр аз |
| | | дастгоҳҳои дандонасозӣ, суфтакории дандонаҳо |
| | | ё коркарди дандонаҳои борномаашон 8461: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 21.| 8461 | Дастгоҳҳои рандакунии тӯлонӣ, рандакунии арзӣ, |
| | (ба ғайр аз | дастгоҳҳои сӯрохкунӣ, дарозсозӣ, дандонабурӣ, |
| | 8461 40) | дандонасуфтакунӣ ва дандонапардозӣ, буриш ва |
| | | дигар дастгоҳҳо барои коркарди металл, |
| | | гудохтаҳои сахт ва металлу сафолӣ дар дигар |
| | | борномаҳо сабтнашуда ё дохил нагардида: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 22.| 8462 | Дастгоҳҳо (аз ҷумла прессҳо) барои коркарди |
| | | металлҳои қолабашон калонҳаҷм, ба воситаи |
| | | кӯфтан ё қолабрезӣ кардан; дастгоҳҳо (ба |
| | | шумули прессҳо), қаткунанда, кӯфта қаткунанда, |
| | | мустақим, порчагӣ, сӯрохкунанда ё бурранда; |
| | | прессҳои мустаҳкаме, ки дар ҷои дигар номбар |
| | | нашудаанд: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 23.| 8463 | Дастгоҳҳо барои коркарди металл ё маводи |
| | | металлу сафолин бе нобудсозии мавод: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 24.| 8464 | Дастгоҳҳо барои коркарди санг, сафол, бетон, |
| | | асбосемент ё маводи маъдании монанд ё барои |
| | | коркарди сарди шиша: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 25.| 8465 | Дастгоҳҳо (бо шумули мошинҳо барои васлкунӣ |
| | | бо воситаи мехҳо, часпаки оҳанин, ширеш ё |
| | | роҳҳои дигар) барои коркарди дарахт, пӯк |
| | | (пробка), устухон, эбонити пластмассаи сахт |
| | | ё чунин маводи сахт: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 26.| 8468 | Таҷҳизот ва дастгоҳҳо барои лаҳимкории |
| | | пастҳарорат ва баландҳарорат ё кафшеркорӣ, |
| | | ки барои буриш мувофиқ ё номувофиқанд, |
| | | ғайр аз мошинҳо ва дастгоҳҳои мансуби |
| | | борномаи 8515; мошинҳо ва дастгоҳҳо |
| | | ҷиҳати коркарди гармии сатҳӣ, ки бо газ |
| | | фаъолият менамоянд: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 27.| 8475 | Мошинҳо барои пайвасти лампаҳои барқӣ ё |
| | | электронӣ, найчаҳо ё найчаҳои электронии шуодор|
| | | ё лампаҳои газӣ бо колбаҳои шишагин; мошинҳо |
| | | барои тайёр кардан ё коркарди ҳароратии шиша |
| | | ё маснуоти шишагин: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 28.| 8477 | Таҷҳизот барои коркарди резина ё пластмасса |
| | | ё барои истеҳсоли маҳсулот аз ин маводе, ки дар|
| | | ҷои дигари гурӯҳи мазкур хотирнишон нашудааст |
| | | ё дохил нагардидааст: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 29.| 8515 | Мошинҳо ва дастгоҳҳо барои лаҳимкории электрикӣ|
| | | (аз ҷумла бо гармкунии электрии газ), лазерӣ, ё|
| | | дигар лаҳимкориҳои равшан ё фотонӣ, ултраовоз, |
| | | электронӣ-нурӣ, магнитӣ-импулсӣ ё плазмавию |
| | | қавсии камҳароратӣ, лаҳимкорӣ бо ҳарорати |
| | | баланд ё кафшер, новобаста аз он, ки онҳо |
| | | метавонанд амали буришро иҷро кунанд ё не, |
| | | мошинҳо ва дастгоҳҳои электрикӣ барои чанган- |
| | | дозии гарми металлҳо ё металлу сафол: |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 30.| 8525* | Таҷҳизоти интиқолдиҳанда барои радиошунавонӣ ё |
| | | телевизион, ки дар таркиби худ дастгоҳҳои |
| | | қабулкунанда, сабткунанда ё садобароваранда |
| | | дорад ё надорад; камераҳои телевизионӣ, |
| | | камераҳои рақамӣ ва видеокамераҳои сабткунанда:|
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 31.| 8529* | Қисмҳо, танҳо ё асосан барои таҷҳизоти гурӯҳҳои|
| | | моли 85825-8528 |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 32.| 8701 | Тракторҳо (ба ғайр аз тракторҳои гӯруҳи молии |
| | (ба ғайр аз | 8709): |
| | 8701 10 000, | |
| | 8701 20 90, | |
| | 8701 30 100, | |
| | 870190 390 1,| |
| | 8701 90 500, | |
| | 8701 90 900) | |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 33.| 8716 20 000 | - ядакҳо ва нимядакҳои худборкунанда ва |
| | | худборфароранда барои хоҷагии қишлоқ |
+----+--------------+------------------------------------------------+
| 34.| 8802 40 000 1| - ҳавопаймоҳои граждании дорои на зиёда аз 200 |
| | | ҷои нишасти одамон |
+----+--------------+------------------------------------------------+
* Воридоти молҳо аз тарафи Кумитаи телевизион ва радиошунавоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком" дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2010, № 33, Протоколи ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2010, № 3 ва Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, № 76 тасдиқ карда шудааст.
Эзоҳ: Таснифоти молҳо мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Евразия (НМ ФИХ Евразия) оварда шудааст. Барои мақсадҳои татбиқи меъёрҳои андоз молҳо танҳо тибқи рамзҳои НМ ФИХ Евразия муайян карда мешаванд. Номгӯи мавқеъҳои молӣ фақат барои осонии истифодабарӣ оварда шудааст.