Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқцисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар буҷети давлатӣ дар қисмати пардохти хароҷоти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои заруриро барои татбиқи Барномаи давлатии мазкур пешбинӣ намоянд.
3) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи, амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии мазкур ҳамаҷониба мусоидат намояд.
4) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои амалӣ гардидани ин Барномаи давлатӣ дар қаламрави онҳо чораҳои зарурӣ андешанд;
- ҳангоми таҳияи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 сметаи хароҷоти маблағҳои Барномаи давлатии мазкурро сари вақт пешниҳод ва мувофиқан татбиқи онро таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2010 № 76
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Государственной программы развития цифрового телевизионного вещания в Республике Таджикистан на 2010-2015 годы
В соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Государственную программу развития цифрового телевизионного вещания в Республике Таджикистан на 2010 - 2015 годы (прилагается).
2) Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Комитетом по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно в государственном бюджете в части финансирования расходов Комитета по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан предусматривать необходимые средства для реализации настоящей Государственной программы.
3) Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан оказать всестороннее содействие в реализации настоящей Государственной программы.
4) Комитету по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан:
- совместно с председателями Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры по реализации данной Программы на их территориях;
- при составлении прогнозных показателей социально-экономического развития Республики Таджикистан на 2011 - 2015 годы своевременно представлять сметы расходов средств по настоящей Государственной программе и в соответствии с этим обеспечить её реализацию.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 27 февраля 2010 года № 76
г.Душанбе