ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2013
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 12057571 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 9452000 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
воридоти андозӣ - 8469141 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ - 802859 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии
буҷет аз ҳисоби ташкилотҳои
байналмилалии молиявӣ - 180000 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои инвеститсионӣ,
ки якҷоя бо ташкилотҳои молиявии
байналмилалӣ татбиқ мегарданд, - 1992684 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
қарзҳо - 545701 ҳазор сомонӣ;
грантҳо - 1053363 ҳазор сомонӣ;
қарзҳои давлатӣ барои амалӣ
намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ
дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт - 393620 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси
ташкилотҳои буҷетӣ - 612887 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 ба маблағи 12268071 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ
ва идоракунӣ - 684423 ҳазор сомонӣ;
- мудофиа (на барои нашр) - 447840 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи
ҳуқуқӣ ва судҳо (на барои нашр) - 576961 ҳазор сомонӣ;
- маориф - 2130836 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ - 910715 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 2170655 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ
ва солимгардонӣ - 438989 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ ва
ҳифзи муҳити зист - 725342 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 1712688 ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва
хоҷагии об - 309333 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди канданиҳои
фоиданок, саноати истихроҷи маъданҳои
кӯҳӣ ва сохтмон - 112447 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 1159497 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт
ва хизматрасонӣ - 29843 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар - 858503 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
хизматрасонии қарзҳои давлатӣ - 421375 ҳазор сомонӣ;
баргардонидани андоз аз арзиши
иловашуда - 22000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Касри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 ба андозаи 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 210500 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Манбаи пӯшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонии
моликияти давлатӣ - 25000 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фурӯши векселҳои
хазинадорӣ - 75000 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби депозитҳои буҷети
ҷумҳуриявӣ, иҷрои барзиёди
нақшаи даромади буҷет ва қарз (грант)
аз институтҳои байналмилалии молиявӣ
ва Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди
иқтисодии Евразия - 110500 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 502187 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории Буҷети давлатӣ 170000 ҳазор сомонӣ ва 332187 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби созишномаи зерқарзии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези шаҳри Душанбе", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз", депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2013, барориши вомбаргҳои давлатӣ, ҷалби қарзҳои (грантҳои) ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2013 аз рӯи даромад ба маблағи 5541108 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 5745575 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 204467 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад
Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2013 воридоти даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 5541108 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда - 3162108 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо - 333000 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурӯши нахи пахта
ва алюминии аввалия - 134499 ҳазор сомонӣ;
- андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ - 40893 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоида - 275711 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз даромад - 211833 ҳазор сомонӣ;
- боҷи гумрукӣ - 428600 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони
роҳҳои автомобилгард - 21832 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 752632 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои
байналмилалии молиявӣ - 180000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи тартиби гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2013 аз рӯи тартиби гурӯҳбандии вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти
ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 454111 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 108236 ҳазор сомонӣ;
- сиёсати молиявӣ ва андозу буҷетӣ - 103207 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти сиёсати хориҷӣ - 146407 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти дигари давлатӣ - 96261 ҳазор сомонӣ.
Мудофиа (на барои нашр) - 424423 ҳазор сомонӣ.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва
прокуратура (на барои нашр) - 475419 ҳазор сомонӣ.
Маориф - 480873 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти миёна - 138719 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - 196455 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 145699 ҳазор сомонӣ.
Тандурустӣ - 161514 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо - 100716 ҳазор сомонӣ;
- дармонгоҳҳо - 1588 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи саломатии аҳолӣ - 10021 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи
тандурустӣ - 49189 ҳазор сомонӣ.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 386008 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- суғуртаи иҷтимоӣ - 205669 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоӣ - 26082 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи
суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ - 154257 ҳазор сомонӣ;
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ,
солимгардонӣ ва ҷамъиятӣ - 253751 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- чорабиниҳои варзишӣ - 3623 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 52490 ҳазор сомонӣ;
- воситаҳои ахбори омма - 79278 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи
чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ
ва варзишӣ - 118360 ҳазор сомонӣ;
Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва
ҳифзи муҳити зист - 47856 ҳазор сомонӣ;
Комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 1228778 ҳазор сомонӣ;
Соҳаҳои кишоварзӣ, заминсозӣ
ва хоҷагии об - 103849 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- барномаи хариди тухмии ғалладона,
картошка ва дигар зироатҳо - 5000 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ - 2000 ҳазор сомонӣ;
- барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ - 760 ҳазор сомонӣ;
- барномаи мубориза бар зидди малах - 5600 ҳазор сомонӣ;
- барномаи мубориза бар зидди
ҳашароти зараррасон ва касалиҳои
боғу токзор - 1600 ҳазор сомонӣ;
дигар барномаҳо дар соҳаи кишоварзӣ,
хароҷоти заминсозӣ ва хоҷагии об - 88889 ҳазор сомонӣ.
Истихроҷ ва коркарди канданиҳои
фоиданок, саноати истихроҷи
маъдани кӯҳӣ ва сохтмон - 91703 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия - 134522 ҳазор сомонӣ.
Соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва
хизматрасонӣ - 28688 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои дигар - 1474080 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои давлатӣ - 421375 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои берунӣ - 338262 ҳазор сомонӣ;
хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои дохилӣ - 83113 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ
намудани вазифаҳои пойтахт - 11000 ҳазор сомонӣ,
Фонди хароҷоти пешбининашудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 46300 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла ба Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи амволи
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои таъсиси фонди дастгирии соҳибкорӣ - 5000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои
иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудааст - 995405 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда - 22000 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағ (трансферт) дар
намуди мусоидати молиявӣ ба
буҷетҳои маҳаллӣ - 629236 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи тартиби гурӯҳбандии идоравӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2013 аз рӯи тартиби гурӯҳбандии идоравӣ тибқи замима тасдиқ карда шавад (на барои нашр).
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи тартиби гурӯҳбандии иқтисодӣ
Дар соли 2013 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми зерин анҷом дода шавад:
а) хароҷоти ҷорӣ - 3954949 ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои хариди мол ва
хизматрасонӣ - 2473962 ҳазор сомонӣ.
аз ҷумла:
- музди меҳнат ва иловапулиҳо - 984773 ҳазор сомонӣ;
- маблағҷудокунӣ ба буҷети
суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа - 123074 ҳазор сомонӣ;
- дигар хариди мол ва хизматрасонӣ - 1366115 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
- пардохти хизматрасонии газ, барқ,
алоқа ва дигар хизматрасонии коммуналӣ - 101266 ҳазор сомонӣ;
- хариди таҷҳизоти камарзиш, асбобу
анҷом, дигар мол ва хизматрасонӣ - 1264849 ҳазор сомонӣ;
Хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои
дохилӣ ва берунӣ - 421375 ҳазор сомонӣ;
Кӯмакҳои молиявӣ (субсидияҳо) ва
дигар интиқоли маблағи ҷорӣ (трансферт) - 1059612 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- кӯмакҳои молиявӣ (субсидияҳо) ва
интиқоли маблағ ба корхонаҳо
ва ташкилотҳои давлатӣ - 62719 ҳазор сомонӣ;
- трансферт ба сатҳҳои дигари
мақомоти идоракунии давлатӣ - 651736 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағ (трансферт) ба аҳолӣ - 284497 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- таъминоти нафақавии сохторҳои
қудратӣ ва хизматчиёни давлатӣ - 117901 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағ (трансферт) ба
ташкилотҳои хориҷӣ - 60660 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти асосӣ - 1784430 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хариди сармояи асосӣ - 106190 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои асосии марказонидашуда - 1652880 ҳазор сомонӣ;
- хариди мол барои ташкили захира - 17000 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳои асосӣ - 8360 ҳазор сомонӣ;
в) додани қарз ба муҳоҷирон ва
хизматчиёни давлатӣ - 6196 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 ба маблағи 185400 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Маблағи мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми маблағи мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ба маблағи 629236 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 130640 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон - 375214 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб - 10260 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт - 25569 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Ҷиргатол - 19007 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод - 16110 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тавилдара - 10206 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 12621 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод - 13701 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав - 15908 ҳазор сомонӣ.
2. Маблағи истифоданагардидаи фонди музди меҳнат, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ба тариқи субвенсия ва ҳисоби байниҳамдигарӣ ҷудо карда мешаванд, дар охири соли 2013 ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешавад.
Моддаи 11. Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷӯмҳуриявӣ ба 1 январи соли 2014 ба маблағи 97200 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Дар соли 2013 ҳаҷми буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад бо дарназардошти субвенсияе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 3362725 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 3368758 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 6033 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 803 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон - 4306 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб - 104 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт - 178 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ҷиргатол - 121 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод - 107 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тавилдара - 62 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод - 78 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод - 131 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 143 - ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2013 аз ҳисоби таъмини иҷрои барзиёдии даромад ва маблағи озоде, ки ба ҳолати 1 январи соли 2013 ба вуҷуд омадааст, пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Буҷети суғуртаи иҷтимои ва нафақа
Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2013 аз рӯи даромад ба маблағи 1700234 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 1745234 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 45000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. Касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пӯшонида мешавад.
Моддаи 14. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2013 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромади андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шавад:
- андоз аз фурӯши нахи пахта ва
алюминийи аввалия - 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ - 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки
ба воситаи мақомоти гумрук ворид мешавад - 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои
ғайриандозии умумидавлатӣ (инчунин муҷозоти
ҷаримавии онҳо), хироҷ барои ҳаракати
воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ
дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи
"Барқи Тоҷик" андоз аз арзиши иловашуда,
андоз аз истифодабарандагони роҳҳои
автомобилгард, андоз аз фоида,
инчунин андозҳо аз захираҳои табиӣ
(роялти барои об) аз НБО "Сангтӯда-1" - 100 фоиз;
- аз корхонаҳои воҳиди давлатии
"Ширкати алюминийи тоҷик",
"Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Ҷамъияти
саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком"
андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида - 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" андоз
аз фоида - 100 фоиз;
- аз марказҳои идораи лоиҳаҳои
инвеститсионӣ, намояндагиҳои дипломатӣ,
консулгариҳо ва шахсони ба онҳо
баробаркардашуда андози даромад - 100 фоиз;
- аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ андоз
аз арзиши иловашуда ва андози аксизӣ
(ба истиснои ҶСК "Тоҷиктелеком") - 100 фоиз;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон андоз аз
арзиши иловашуда, андоз аз даромад ва
дигар пардохтҳои ҳатмӣ - 100 фоиз.
2. Дар соли 2013 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Ваҳдат) - 100 фоиз;
аз шаҳри Турсунзода - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Ваҳдат - 80 фоиз ба буҷети шаҳр ва 20 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоида:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Турсунзода, ноҳияи Ҳисор) - 100 фоиз;

аз шаҳри Роғун - 42 фоиз ба буҷети шаҳр ва 58 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

аз ноҳияи Ҳисор - 70 фоиз ба буҷети ноҳия ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз даромад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Роғун, ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ) - 100 фоиз;
аз вилояти Суғд - 74 фоиз ба буҷети вилоят ва 26 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе - 65 фоиз ба буҷети шаҳр ва 35 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Ҳисор - 75 фоиз ба буҷети ноҳия ва 25 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Рӯдакӣ - 75 фоиз ба буҷети ноҳия ва 25 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- аксизҳо:

- низомҳои махсуси андозбандӣ:

- андозҳои маҳаллӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти дигари ғайриандозии маҳаллӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз.
3. Воридоти андозӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд дохил шудаанд, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
Моддаи 15. Имтиёзҳои андози барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида дар соли 2013
1. Дар соли 2013 барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) ва таҳвили он андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 10 фоиз муқаррар карда мешавад.
2. Дар соли 2013 воридоти нақлиёти мусофиркашонӣ ва битуми тамғаи БНД 60/90, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад ва аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе равона мегарданд, ҳамчунин воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
3. Воридоти мазути камсулфури барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и шаҳри Душанбе воридшаванда, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад .
4. Дар соли 2013 кормандони Хадамоти давлатии муҳофизаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод карда мешаванд.
5. Қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ таъингардида, ки барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи "ТоҷИрон" ворид мегарданд ва таҳвили тракторҳо, комбайнҳо ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи "ТоҷИрон" аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
6. Воридоти 20 адад автобуси тамғаи "Temsa" ва 40 адад автомашинаи сабукрави махсусгардонидашудаи тамғаи "Тоуоtа Саmry", ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Холдинги Контгрупп Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад ().
7. Воридоти амволи махсус, техникаи ҳарбӣ ва агрегатҳои асосӣ (қисмҳои эҳтиётӣ) ба онҳо, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои махсус ва агрегатҳои асосӣ (қисмҳои эҳтиётӣ) ба онҳо барои таъмири чархболҳо ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ озод карда мешавад (на барои нашр) (
8. Иҷрои корҳои сохтмонӣ (аз ҷумла, сохтмони нақбу пулҳо ва корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ) ва воридоти молу маводи сохтмонии хати нави роҳи рҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон, азнавсозии қитъаҳои Роҳатӣ - Ваҳдат - Элок ва Қӯрғонтеппа-Вахш-Ёвон), ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" амалӣ гардида, номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
9. Қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" (пойгоҳи вагонҳои боркаши шаҳри Сарбанд, қитъаи роҳи Қӯрғонтеппа, истгоҳҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қурбоншаҳид, Олимтой, Данғара, Сангтӯда, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Бурёбоф, Қубодиён, Шаҳритус, Ҳошадӣ, пойгоҳи гардиши локомотивии Қӯрғонтеппа, қитъаи алоқа ва мухобироти Хатлон, қитъаи барқрасонии Хатлон, қитъаи Корхонаи воҳиди "Мусофирбар"-и Хатлон), ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳан тааллуқ дорад, аз пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешавад.
10. Дастгоҳҳои бофандагӣ (рамзи НМФИХ 8446), ки дар асоси қарордоди байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Қолинҳои Суғд" ва Ширкати "Ван-де-Вил" аз 30 январи соли 2013, №10593/2013 ворид мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд ().
11. Аз хориҷа ворид намудани чорвои зотӣ бо мақсади истеҳсол ва коркарди бештари маҳсулоти чорводорӣ дар дохили мамлакат, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дорад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад ().
12. Воридоти дастгоҳ ва таҷҳизоти ордбарорӣ ва анборҳои гандум барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Дон Ғарам" тибқи номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
13. Техника, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд) барои сохтмони заводи металлургӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Комбинати металлургии тоҷикию хитой" воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
14. Таҷҳизоти муосири электронии назорати фазои ҳавоии (системаи мултилатератсии) барои эҳтиёҷот аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад (на барои нашр) ().
15. Техника, таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои такмилии онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳад ва масолеҳи сохтмонии барои сохтмони корхонаи сементбарорӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Тоҷ-Чайна-2013" воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд .
16. Воридоти 650 ҳазор бланкаҳои шиносномаҳои хориҷии биометрӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд .
17. Таҷҳизоти истеҳсолӣ ва масолеҳи сохтмонии барои сохтмони Фабрикаи мурғпарварии "Беҳамто", воқеъ дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби ширкати "Саlаху Тrading FZE" воридшаванда, ки номгӯй ва ҳаҷми онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад .
18. Дар соли 2013 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи панҷситорадор, воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз фоида .
19. Фармоишгарон ва пудратчиёни асосии объектҳои мазкур бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
20. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншоотҳои дар қисми 18 ҳамин модда зикршуда аз андоз аз арзиши иловашуда тибқи номгӯй ва дар ҳаҷме, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, озод карда мешаванд (
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2013 аз иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ва иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 20 фоизи маблағ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба ҷойгиркунии депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар бонкҳо
Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, ки дар соли 2013 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет аз ҳисоби фоиз аз рӯи депозитҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки ба 1 январи соли 2013 ба вуҷуд омадаанд, онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати кӯтоҳмуддат дар давраи соли буҷетӣ ҷойгир намояд.
Моддаи 18. Моддаҳои ҳимояшавандаи Буҷети давлатӣ
1. Дар соли 2013 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, ёрдампулӣ, ҷубронпулӣ дохил карда мешаванд.
2. Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он метавонанд бо тартиби муқарраргардида дар маблағгузории моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 19. Воридот ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағи махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағи махсус
1. Маблағи махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳамзамон 35 фоизи маблағи махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 фоизи маблағи махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, 5 фоизи маблағи махсуси муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 10 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 фоизи маблағи махсуси дигар муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағи грантӣ ва сарпарастӣ, ҳар се моҳ ба буҷети дахлдор ворид карда мешаванд.
2. Ба муассисаҳои буҷетӣ истифодаи маблағи махсус (ба истиснои маблағи грантӣ ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ манъ аст.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҳаҷми маблағи дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағи махсуси муассисаҳои буҷетӣ дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ метавонад тағйироти дахлдор ворид намояд.
4. Дар соли 2013 дар ҳолати иҷро нагардидани Буҷети давлатӣ маблағгузории хароҷот, аз ҷумла пардохти музди меҳнати дар буҷет пешбинишудаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳо, ки маблағи махсус доранд, аз ҳисоби ин маблағ амалӣ карда мешавад.
5. Дар соли 2013 50 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. 50 фоизи маблағ аз ҳисоби додани сертификат дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад.
6. Дар соли 2013 маблағе, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, баъди пардохт ба буҷет мутобиқи қисми 1 ҳамин модда, дар сметаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта, барои маблағгузории фаъолият ва сохтмони биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд.
7. Бақияи маблағи буҷетӣ ва маблағи махсуси дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 1 январи соли 2013 ба вуҷуд омадаанд, хусусияти мақсаднок дошта, барои маблағгузории хароҷоти соли 2013 равона карда мешаванд.
Моддаи 20. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳои ҳарбӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва дигар мақомоти қудратӣ
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳали гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии, Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳое, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
2. Дар соли 2013 пардохти ҷубронпулӣ ба ивази озуқаворӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз рӯи музди кор ба хизматчиёни ҳарбӣ баробар карда шудаанд, ҳар моҳ ба маблағи 45 сомонӣ ба як шахс муқаррар карда мешавад (на барои нашр).
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи фонди музди меҳнат, ки тибқи Қонуни мазкур дар сметаи хароҷот барои ҳамин вазорату идораҳо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 21. Муқаррарот оид ба гузаронидани амалиёти молиявӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
Дар соли 2013 тамоми амалиёти молиявии буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" гузаронида мешавад, ба тариқи музднок анҷом дода мешаванд. Инчунин аз рӯи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонки мазкур бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фоиз дода мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 1 январи соли 2013 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоизи маблағи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо аз рӯи онҳо, ки дар рафти корҳои назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 фоизи хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбати онҳо татбиқ намегардад.
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Аз 1 январи соли 2013 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозотҳои ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 40 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи ҳалномаҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки ҳалномаҳои судӣ дар бораи рӯёнидани зарари моддию маънавӣ, ки аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағи сметаи хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағи аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз риоя накардани интизоми молиявӣ расида ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 аз рӯи даромад ба маблағи 8937895 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 8562034 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи 375861 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 барои пардохти ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблағи 149885 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба тағйирёбии Буҷети давлатӣ
1. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2013 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бе тағйири ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нархҳо ва тағйирёбии сохторӣ, инчунин заминаи андозбандӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисобҳои байниҳамдигарӣ гузаронида, ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид менамояд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 ноябри соли 2012, № 904
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" қабул карда шавад.
2. Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:
- соли 2014 аз рӯи даромад ба маблағи 13986122 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 14227122 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 241000 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
- соли 2015 аз рӯи даромад ба маблағи 15197075 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 15470575 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 273500 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тасдиқ карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат қабул намудани қарорҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқарраргардидаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014-2015 амалӣ намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014" мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2014-2015 аниқ намояд.
3. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои буҷетро амалӣ намуда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии Буҷети давлатии тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2013 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 12057571 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷотро ба маблағи 12268071 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 210500 ҳазор сомонӣ барои қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағи тасдиқшуда, мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулиҳо аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2013 ба вуҷуд омадааст, мувофиқи тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот диҳад;
- дар бораи истифодабарии маблағҳои Фонди стабилизиатсонӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма дар ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 ахборот диҳад.
5. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дар соли 2013 аз ҳисоби қарзҳои баргардонидашудаи буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба хоҷагиҳои кишоварзӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ дода шудаанд, ба маблағи то 50 млн. сомонӣ бо меъёри 10 фоизи солона ба хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути низоми бонкӣ ва инчунин барои таъмини захираҳои озуқаворӣ, равғану сӯзишворӣ ва моддии давлатӣ ба мӯҳлати то 1 апрели соли 2014 қарзи давлатӣ ҷудо намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" андозу даромадҳоро сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронад;
- аз рӯи амалиёти вобаста ба хизматрасонии ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба ӯҳдадориҳои қарзии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- бо мақсади сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии бозори байнибонкии асъор таъмин намояд.
7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба ӯҳдаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе,
14 ноябри соли 2012, № 981
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2013
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 12057571 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 9452000 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
воридоти андозӣ - 8469141 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ - 802859 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии
буҷет аз ҳисоби ташкилотҳои
байналмилалии молиявӣ - 180000 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои инвеститсионӣ,
ки якҷоя бо ташкилотҳои молиявии
байналмилалӣ татбиқ мегарданд, - 1992684 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
қарзҳо - 545701 ҳазор сомонӣ;
грантҳо - 1053363 ҳазор сомонӣ;
қарзҳои давлатӣ барои амалӣ
намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ
дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт - 393620 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси
ташкилотҳои буҷетӣ - 612887 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 ба маблағи 12268071 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ
ва идоракунӣ - 684423 ҳазор сомонӣ;
- мудофиа (на барои нашр) - 447840 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи
ҳуқуқӣ ва судҳо (на барои нашр) - 576961 ҳазор сомонӣ;
- маориф - 2130836 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ - 910715 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 2170655 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ
ва солимгардонӣ - 438989 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ ва
ҳифзи муҳити зист - 725342 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 1712688 ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва
хоҷагии об - 309333 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди канданиҳои
фоиданок, саноати истихроҷи маъданҳои
кӯҳӣ ва сохтмон - 112447 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 1159497 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт
ва хизматрасонӣ - 29843 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар - 858503 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
хизматрасонии қарзҳои давлатӣ - 421375 ҳазор сомонӣ;
баргардонидани андоз аз арзиши
иловашуда - 22000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Касри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 ба андозаи 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 210500 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Манбаи пӯшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонии
моликияти давлатӣ - 25000 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фурӯши векселҳои
хазинадорӣ - 75000 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби депозитҳои буҷети
ҷумҳуриявӣ, иҷрои барзиёди
нақшаи даромади буҷет ва қарз (грант)
аз институтҳои байналмилалии молиявӣ
ва Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди
иқтисодии Евразия - 110500 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 502187 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории Буҷети давлатӣ 170000 ҳазор сомонӣ ва 332187 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби созишномаи зерқарзии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези шаҳри Душанбе", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз", депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2013, барориши вомбаргҳои давлатӣ, ҷалби қарзҳои (грантҳои) ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2013 аз рӯи даромад ба маблағи 5541108 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 5745575 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 204467 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад
Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2013 воридоти даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 5541108 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда - 3162108 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо - 333000 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурӯши нахи пахта
ва алюминии аввалия - 134499 ҳазор сомонӣ;
- андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ - 40893 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоида - 275711 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз даромад - 211833 ҳазор сомонӣ;
- боҷи гумрукӣ - 428600 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони
роҳҳои автомобилгард - 21832 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 752632 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои
байналмилалии молиявӣ - 180000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи тартиби гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2013 аз рӯи тартиби гурӯҳбандии вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти
ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 454111 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 108236 ҳазор сомонӣ;
- сиёсати молиявӣ ва андозу буҷетӣ - 103207 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти сиёсати хориҷӣ - 146407 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти дигари давлатӣ - 96261 ҳазор сомонӣ.
Мудофиа (на барои нашр) - 424423 ҳазор сомонӣ.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва
прокуратура (на барои нашр) - 475419 ҳазор сомонӣ.
Маориф - 480873 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти миёна - 138719 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - 196455 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 145699 ҳазор сомонӣ.
Тандурустӣ - 161514 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо - 100716 ҳазор сомонӣ;
- дармонгоҳҳо - 1588 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи саломатии аҳолӣ - 10021 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи
тандурустӣ - 49189 ҳазор сомонӣ.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 386008 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- суғуртаи иҷтимоӣ - 205669 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоӣ - 26082 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи
суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ - 154257 ҳазор сомонӣ;
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ,
солимгардонӣ ва ҷамъиятӣ - 253751 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- чорабиниҳои варзишӣ - 3623 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 52490 ҳазор сомонӣ;
- воситаҳои ахбори омма - 79278 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи
чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ
ва варзишӣ - 118360 ҳазор сомонӣ;
Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва
ҳифзи муҳити зист - 47856 ҳазор сомонӣ;
Комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 1228778 ҳазор сомонӣ;
Соҳаҳои кишоварзӣ, заминсозӣ
ва хоҷагии об - 103849 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- барномаи хариди тухмии ғалладона,
картошка ва дигар зироатҳо - 5000 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ - 2000 ҳазор сомонӣ;
- барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ - 760 ҳазор сомонӣ;
- барномаи мубориза бар зидди малах - 5600 ҳазор сомонӣ;
- барномаи мубориза бар зидди
ҳашароти зараррасон ва касалиҳои
боғу токзор - 1600 ҳазор сомонӣ;
дигар барномаҳо дар соҳаи кишоварзӣ,
хароҷоти заминсозӣ ва хоҷагии об - 88889 ҳазор сомонӣ.
Истихроҷ ва коркарди канданиҳои
фоиданок, саноати истихроҷи
маъдани кӯҳӣ ва сохтмон - 91703 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия - 134522 ҳазор сомонӣ.
Соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва
хизматрасонӣ - 28688 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои дигар - 1474080 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои давлатӣ - 421375 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои берунӣ - 338262 ҳазор сомонӣ;
хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои дохилӣ - 83113 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ
намудани вазифаҳои пойтахт - 11000 ҳазор сомонӣ,
Фонди хароҷоти пешбининашудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 46300 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла ба Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи амволи
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои таъсиси фонди дастгирии соҳибкорӣ - 5000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои
иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудааст - 995405 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда - 22000 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағ (трансферт) дар
намуди мусоидати молиявӣ ба
буҷетҳои маҳаллӣ - 629236 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи тартиби гурӯҳбандии идоравӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2013 аз рӯи тартиби гурӯҳбандии идоравӣ тибқи замима тасдиқ карда шавад (на барои нашр).
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи тартиби гурӯҳбандии иқтисодӣ
Дар соли 2013 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми зерин анҷом дода шавад:
а) хароҷоти ҷорӣ - 3954949 ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои хариди мол ва
хизматрасонӣ - 2473962 ҳазор сомонӣ.
аз ҷумла:
- музди меҳнат ва иловапулиҳо - 984773 ҳазор сомонӣ;
- маблағҷудокунӣ ба буҷети
суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа - 123074 ҳазор сомонӣ;
- дигар хариди мол ва хизматрасонӣ - 1366115 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
- пардохти хизматрасонии газ, барқ,
алоқа ва дигар хизматрасонии коммуналӣ - 101266 ҳазор сомонӣ;
- хариди таҷҳизоти камарзиш, асбобу
анҷом, дигар мол ва хизматрасонӣ - 1264849 ҳазор сомонӣ;
Хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои
дохилӣ ва берунӣ - 421375 ҳазор сомонӣ;
Кӯмакҳои молиявӣ (субсидияҳо) ва
дигар интиқоли маблағи ҷорӣ (трансферт) - 1059612 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- кӯмакҳои молиявӣ (субсидияҳо) ва
интиқоли маблағ ба корхонаҳо
ва ташкилотҳои давлатӣ - 62719 ҳазор сомонӣ;
- трансферт ба сатҳҳои дигари
мақомоти идоракунии давлатӣ - 651736 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағ (трансферт) ба аҳолӣ - 284497 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- таъминоти нафақавии сохторҳои
қудратӣ ва хизматчиёни давлатӣ - 117901 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағ (трансферт) ба
ташкилотҳои хориҷӣ - 60660 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти асосӣ - 1784430 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хариди сармояи асосӣ - 106190 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои асосии марказонидашуда - 1652880 ҳазор сомонӣ;
- хариди мол барои ташкили захира - 17000 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳои асосӣ - 8360 ҳазор сомонӣ;
в) додани қарз ба муҳоҷирон ва
хизматчиёни давлатӣ - 6196 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 ба маблағи 185400 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Маблағи мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми маблағи мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ба маблағи 629236 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 130640 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон - 375214 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб - 10260 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт - 25569 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Ҷиргатол - 19007 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод - 16110 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тавилдара - 10206 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 12621 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод - 13701 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав - 15908 ҳазор сомонӣ.
2. Маблағи истифоданагардидаи фонди музди меҳнат, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ба тариқи субвенсия ва ҳисоби байниҳамдигарӣ ҷудо карда мешаванд, дар охири соли 2013 ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешавад.
Моддаи 11. Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷӯмҳуриявӣ ба 1 январи соли 2014 ба маблағи 97200 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Дар соли 2013 ҳаҷми буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад бо дарназардошти субвенсияе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 3362725 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 3368758 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 6033 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 803 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон - 4306 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб - 104 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт - 178 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ҷиргатол - 121 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод - 107 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тавилдара - 62 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод - 78 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод - 131 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 143 - ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2013 аз ҳисоби таъмини иҷрои барзиёдии даромад ва маблағи озоде, ки ба ҳолати 1 январи соли 2013 ба вуҷуд омадааст, пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Буҷети суғуртаи иҷтимои ва нафақа
Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2013 аз рӯи даромад ба маблағи 1700234 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 1745234 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 45000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. Касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пӯшонида мешавад.
Моддаи 14. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2013 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромади андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шавад:
- андоз аз фурӯши нахи пахта ва
алюминийи аввалия - 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ - 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки
ба воситаи мақомоти гумрук ворид мешавад - 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои
ғайриандозии умумидавлатӣ (инчунин муҷозоти
ҷаримавии онҳо), хироҷ барои ҳаракати
воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ
дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи
"Барқи Тоҷик" андоз аз арзиши иловашуда,
андоз аз истифодабарандагони роҳҳои
автомобилгард, андоз аз фоида,
инчунин андозҳо аз захираҳои табиӣ
(роялти барои об) аз НБО "Сангтӯда-1" - 100 фоиз;
- аз корхонаҳои воҳиди давлатии
"Ширкати алюминийи тоҷик",
"Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Ҷамъияти
саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком"
андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида - 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" андоз
аз фоида - 100 фоиз;
- аз марказҳои идораи лоиҳаҳои
инвеститсионӣ, намояндагиҳои дипломатӣ,
консулгариҳо ва шахсони ба онҳо
баробаркардашуда андози даромад - 100 фоиз;
- аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ андоз
аз арзиши иловашуда ва андози аксизӣ
(ба истиснои ҶСК "Тоҷиктелеком") - 100 фоиз;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон андоз аз
арзиши иловашуда, андоз аз даромад ва
дигар пардохтҳои ҳатмӣ - 100 фоиз.
2. Дар соли 2013 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Ваҳдат) - 100 фоиз;
аз шаҳри Турсунзода - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Ваҳдат - 80 фоиз ба буҷети шаҳр ва 20 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоида:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Турсунзода, ноҳияи Ҳисор) - 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун - 42 фоиз ба буҷети шаҳр ва 58 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Ҳисор - 70 фоиз ба буҷети ноҳия ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз даромад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Роғун, ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ) - 100 фоиз;
аз вилояти Суғд - 74 фоиз ба буҷети вилоят ва 26 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе - 65 фоиз ба буҷети шаҳр ва 35 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Ҳисор - 75 фоиз ба буҷети ноҳия ва 25 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Рӯдакӣ - 75 фоиз ба буҷети ноҳия ва 25 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- аксизҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- низомҳои махсуси андозбандӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андозҳои маҳаллӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти дигари ғайриандозии маҳаллӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз.
3. Воридоти андозӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд дохил шудаанд, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
Моддаи 15. Имтиёзҳои андози барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида дар соли 2013
1. Дар соли 2013 барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) ва таҳвили он андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 10 фоиз муқаррар карда мешавад.
2. Дар соли 2013 воридоти нақлиёти мусофиркашонӣ ва битуми тамғаи БНД 60/90, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад ва аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе равона мегарданд, ҳамчунин воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
3. Воридоти мазути камсулфури барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и шаҳри Душанбе воридшаванда, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
4. Дар соли 2013 кормандони Хадамоти давлатии муҳофизаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод карда мешаванд.
5. Қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ таъингардида, ки барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи "ТоҷИрон" ворид мегарданд ва таҳвили тракторҳо, комбайнҳо ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи "ТоҷИрон" аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
6. Воридоти 20 адад автобуси тамғаи "Temsa" ва 40 адад автомашинаи сабукрави махсусгардонидашудаи тамғаи "Тоуоtа Саmry", ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Холдинги Контгрупп Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад ().
7. Воридоти амволи махсус, техникаи ҳарбӣ ва агрегатҳои асосӣ (қисмҳои эҳтиётӣ) ба онҳо, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои махсус ва агрегатҳои асосӣ (қисмҳои эҳтиётӣ) ба онҳо барои таъмири чархболҳо ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ озод карда мешавад (на барои нашр) (
8. Иҷрои корҳои сохтмонӣ (аз ҷумла, сохтмони нақбу пулҳо ва корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ) ва воридоти молу маводи сохтмонии хати нави роҳи рҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон, азнавсозии қитъаҳои Роҳатӣ - Ваҳдат - Элок ва Қӯрғонтеппа-Вахш-Ёвон), ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" амалӣ гардида, номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
9. Қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" (пойгоҳи вагонҳои боркаши шаҳри Сарбанд, қитъаи роҳи Қӯрғонтеппа, истгоҳҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қурбоншаҳид, Олимтой, Данғара, Сангтӯда, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Бурёбоф, Қубодиён, Шаҳритус, Ҳошадӣ, пойгоҳи гардиши локомотивии Қӯрғонтеппа, қитъаи алоқа ва мухобироти Хатлон, қитъаи барқрасонии Хатлон, қитъаи Корхонаи воҳиди "Мусофирбар"-и Хатлон), ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳан тааллуқ дорад, аз пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешавад.
10. Дастгоҳҳои бофандагӣ (рамзи НМФИХ 8446), ки дар асоси қарордоди байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Қолинҳои Суғд" ва Ширкати "Ван-де-Вил" аз 30 январи соли 2013, №10593/2013 ворид мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд ().
11. Аз хориҷа ворид намудани чорвои зотӣ бо мақсади истеҳсол ва коркарди бештари маҳсулоти чорводорӣ дар дохили мамлакат, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дорад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад ().
12. Воридоти дастгоҳ ва таҷҳизоти ордбарорӣ ва анборҳои гандум барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Дон Ғарам" тибқи номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
13. Техника, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд) барои сохтмони заводи металлургӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Комбинати металлургии тоҷикию хитой" воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
14. Таҷҳизоти муосири электронии назорати фазои ҳавоии (системаи мултилатератсии) барои эҳтиёҷот аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад (на барои нашр) ().
15. Дар соли 2013 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи панҷситорадор, воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз фоида.
16. Фармоишгарон ва пудратчиёни асосии объектҳои мазкур бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
17. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншоотҳои дар қисми 15 ҳамин модда зикршуда аз андоз аз арзиши иловашуда тибқи номгӯй ва дар ҳаҷме, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, озод карда мешаванд ().