ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2013"
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2012 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №11, мод.938) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- қисмҳои 6 ва 7 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"6. Воридоти 20 адад автобуси тамғаи "Temsa" ва 40 адад автомашинаи сабукрави махсусгардонидашудаи тамғаи "Тоуоtа Саmry", ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Холдинги Контгрупп Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
7. Аз хориҷа ворид намудани чорвои зотӣ бо мақсади истеҳсол ва коркарди бештари маҳсулоти чорводорӣ дар дохили мамлакат, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дорад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.";
- дар қисми 8 калима ва рақами "қисми 6" ба калима ва рақами "қисми 8" иваз карда шаванд;
- қисмҳой 6-8 мувофиқан қисмҳои 8-10 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
29 марти соли 2013, № 963
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 20 марти соли 2013, № 1103
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2013 ГОД"
Статья 1. Внести в статью 15 Закона Республики Таджикистан от 19 ноября 2012 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №11, ст. 938) следующие изменения и дополнения:
-дополнить частями 6 и 7 следующего содержания:
"6. Ввоз 20 автобусов марки "Temsa" и 40 специализированных легковых автомобилей марки "Toyota Camry", осуществляемый Закрытым акционерным обществом "Холдинг Контгрупп Таджикистан", освобождается от налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин.
7. В целях увеличения производства и переработки животноводческой продукции внутри страны, ввоз из-за рубежа племенных животных, имеющих подтверждающие документы, освобождается от налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин.";
- в части 8 слово и цифру "части 6" заменить словом и цифрой "части 8";
- части 6-8 соответственно считать частями 8-10.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
29 марта 2013 года, № 963
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 20 марта 2013 года, № 1103