ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2013"
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2012 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №11, мод.938; с.2013, №3, мод.203; №7, мод.503) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- қисмҳои 12, 13 ва 14 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"12. Воридоти дастгоҳ ва таҷҳизоти ордбарорӣ ва анборҳои гандум барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Дон Ғарам" тибқи номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
13. Техника, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд) барои сохтмони заводи металлургӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Комбинати металлургии тоҷикию хитой" воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
14. Таҷҳизоти муосири электронии назорати фазои ҳавоии (системаи мултилатератсии) барои эҳтиёҷот аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад (на барои нашр).";
- қисмҳои 12, 13 ва 14 мувофиқан қисмҳои 15, 16 ва 17 ҳисобида шаванд;
- дар қисми 17 рақами "12" ба рақами "15" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қисми 12 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ, қисми 13 аз 1 январи соли 2013 ва қисми 14 аз рӯзи ба имзо расидан мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
11 октябри соли 2013, № 1022
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2013, № 1260