ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2013"
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2012 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №11, мод.938; с.2013, №3, мод.203) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"7. Воридоти амволи махсус, техникаи ҳарбӣ ва агрегатҳои асосӣ (қисмҳои эҳтиётӣ) ба онҳо, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои махсус ва агрегатҳои асосӣ (қисмҳои эҳтиётӣ) ба онҳо барои таъмири чархболҳо ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ озод карда мешавад (на барои нашр).";
- дар қисми 10 рақами "8" ба рақами "9" иваз карда шавад;
- қисмҳои 7-10 мутаносибан қисмҳои 8-11 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
8 июли соли 2013, № 971
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" қабул карда шавад.
Муовини якуми
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Миралиев
ш. Душанбе,
19 июни соли 2013 № 1229
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2013 ГОД"
Статья 1. Внести в статью 15 Закона Республики Таджикистан от 19 ноября 2012 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №11, ст.938; 2013 г., №3, ст.203) следующее изменение и дополнение:
- дополнить частью 7 следующего содержания:
"7. Ввоз специального имущества, военной техники и основных агрегатов (запасных частей) к ним, оружия, боеприпасов, специальных средств и основных агрегатов (запасных частей) к ним для ремонта вертолётов для Национальной гвардии Республики Таджикистан в 2013 году освобождается от налога на добавленную стоимость, таможенных пошлин и таможенных сборов (не для печати).";
- в части 10 цифру "8" заменить цифрой "9";
- части 7-10 соответственно считать частями 8 -11.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2013 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
8 июля 2013 года, № 971
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год".
Первый заместитель Председателя
Маджлиси намояндагон Маджлиси
Оли Республики Таджикистан А. Миралиев
г. Душанбе,
19 июня 2013 года, № 1229