Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2013 № 1031 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2012 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №11, мод.938; с. 2013, №3, мод.203; №7, мод.503; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2013, №1022; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2013, №1023; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2013, №1024) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- қисми 15 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"15. Техника, таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои такмилии онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳад ва масолеҳи сохтмонии барои сохтмони корхонаи сементбарорӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Тоҷ-Чайна-2013" воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.";

- қисмҳои 15, 16 ва 17 мувофиқан қисмҳои 16, 17 ва 18 ҳисобида шаванд;

- дар қисми 17 калима ва рақами "қисми 15" ба калима ва рақами "қисми 16" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 ноябри соли 2013 № 1031

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров

ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2013, № 1341

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2013 ГОД"

Статья 1. Внести в статью 15 Закона Республики Таджикистан от 19 ноября 2012 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 года" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №11, ст.938; 2013 г., №3, ст.203; №7, ст.503; Закон Республики Таджикистан от 11 октября 2013 года, №1022; Закон Республики Таджикистан от 11 октября 2013 года, №1023; Закон Республики Таджикистан от 31 октября 2013 года, №1024) следующие изменения и дополнение:

- дополнить частью 15 следующего содержания:

"15. Техника, технологическое оборудование и их комплектующие части, образующие единый комплект, и строительные материалы, ввозимые Обществом с ограниченной ответственностью "Точ-Чайна-2013" для строительства предприятия по производству цемента в городе Вахдат, перечень и количество которых определяется Правительством Республики Таджикистан, освобождаются от налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин.";

- части 15, 16 и 17 соответственно считать частями 16, 17 и 18;

- в части 17 слово и цифру "части 15" заменить словом и цифрой "части 16".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                      Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 25 ноября 2013 года, № 1031

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2013 год".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                       Ш. Зухуров

г. Душанбе, 20 ноября 2013 года, №1341