×

Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 аз 30 июни соли 2012, № 334

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" июни соли 2012, №334

тасдиқ шудааст

Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Муқаддима

Маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, қайд мекунад, ки "...дар ин раванд як нуқтаро дар назар бояд дошт: дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд..."(1).

Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (минбаъд - Стратегияи миллӣ) мутобиқи вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф гузоштаанд, инчунин тибқи мақсадҳо ва вазифаҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 таҳия шудаасг. Дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ҳамчунин афзалиятҳои асосии Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ҳадафу вазифаҳои "Таҳсилот барои ҳама" ва дигар санадҳои муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта шудаанд. Ин ҳуҷҷат бояд ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои манфиатдор ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар самтҳои афзалиятноки рушди маориф ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати ислоҳоти соҳаи маориф таъмин намояд. Санади мазкур ҳамчунин асос барои ҷудокунии оқилонаи захираҳои давлатӣ ва ҷалби маблағҳои донорҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот дар соҳаи маориф мебошад. Стратегияи миллӣ ба таҷдиди низоми маориф равона гардидааст, то ки он рисолати худро дар мавриди захираи асосии баланд бардоштани некӯаҳволии ҷомеа ва шаҳрвандон пурра иҷро карда, ба талаботи иқтисодиёти кишвари рӯ ба инкишоф ҷавобгӯ бошад.

Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 бо мақсади рушди пурсамари соҳаи маориф дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти шароиту дурнамои рушди кишвар таҳия гардидааст.

1. Маориф - самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

§1. Ҷанбаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои марбут ба некӯаҳволии иқтисодӣ ва рафоҳати иҷтимоии мардуми Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия (Сарқонун)-и худ давлати иҷтимоӣ эълон гардида, ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, ҳалли тадриҷии масъалаҳои иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати Тоҷикистон мебошад.

Вақте ки сухан дар бораи таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тавсеа ёфтани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ меравад, барои онҳо, пеш аз ҳама, муҳайё кардани шароити мусоид хеле муҳим аст.(2)

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бе рушди иқтисодиёти кишвар номумкин аст. Вақтҳои охир дар Тоҷикистон рушди соҳаҳои энергетика ва коммуникатсия босуръат ҷараён дорад: ҷиҳати барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда, нерӯгоҳҳои хурд дар ноҳияҳои дурдаст корҳо анҷом дода мешаванд, шоҳроҳҳои байналмилалӣ барқарор ва сохта мешаванд, минтақаҳои озоди иқтисодӣ бунёд мегарданд. Ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад: корхонаҳо барқарор ва корхонаҳои нав таъсис гардида, бо ин роҳ аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин мегардад ва барои рущди иқтисодиёти кишвар дигар шароити зиёди муҳим фароҳам оварда мешавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(3) зикр гардидааст, ки мақсади асосии сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодӣ буда, ҳамаи нақшаҳо асосан дар доираи се ҳадаф тарҳрезӣ гардидаанд:

- таъмини истиқлолияти энергетикӣ;

- аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар;

- таъмини амнияти озуқаворӣ.

Ин маънои рушди афзалиятноки энергетика, саноат, соҳаи кишоварзӣ, инфрасохтор ва дигар соҳаҳоро дорад, ки ҷиҳати бунёди асосҳои моддӣ барои болоравии иқтисодиёти кишвар имконият хоҳанд дод. Рушди соҳаҳои номбурда ҳамзамон имкониятҳоро барои бокортаъминкунии бештар дар дохили кишвар, рушди сохаҳои мухталифи иқтисодиёт, афзун гардонидани содирот, беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии иҷтимоӣ барои аҳолӣ баланд мебардорад.

Дар айни замон ҳамаи ин ба талаботи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ба кадрҳои баландихтисос вобастагӣ дорад. Бинобар ин рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо эълон гардидааст (4).

Маориф дар тарбияи қувваи кории соҳибихтисос ва ташаккули иқтидори ҷомеаи босубот нақши ҳалкунанда мебозад.

Таъминоти илм, истеҳсолот, мақомоти идора бо кадрҳои баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимтарини маориф мебошад, зеро иқтидори зеҳнӣ ба омили муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал мегардад.

§2. Маориф ҳамчун манбаи асосии рушди миллӣ

Таҷрибаи байналмилалӣ, дар навбати аввал дар кишварҳои рӯ ба инкишоф нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳсилоти миллат аст. Сармоягузорӣ ба иқтисодиёте, ки аҳолии он дорои сатҳи пасти таҳсилот ё таҳсилоти ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда мебошад, танҳо ба бунёди истеҳсолоти аз ҷиҳати технологӣ камсамару қафомонда, қафомонии ҳарчи бештари кишвар аз тамоюлоти ҷаҳонии рушди иқтисодиёти ба дониш асосёфта мусоидат карда метавонаду халос.

Дар шароити имрӯзаи рушди иқтисодиёти ба дониш асосёфта маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии давлат мегардад. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи талабагону донишҷӯён, хулоса - аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.

Ҳамин тариқ, нақш ва масъулияти маориф барои рушди глобалии иҷтимоию иқтисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули низоми одилонаи ҷамъиятӣ ва муваффақияти миллии давлат афзун мегардад.

Нақши муҳими маориф дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони имрӯза дарки онро муайян месозад, ки ояндаи кишвар аз он вобаста аст, ки низоми миллии маориф ба кадом андоза барои бунёди иқтидори зеҳнӣ ҳамчун асоси рушди қобилияти аксарияти шаҳрвандон ва таъмини рафоҳати онҳо қодир аст. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 нақши маорифро ҳамчун манбаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он муайян намуда, вазъи ҷории соҳаи маориф, мушкилоту талаботи онро тавсиф медиҳад, инчунин мақсаду вазифаҳои рушди маорифро тасвият мекунад.

2. Таҳлили вазъ дар соҳаи маориф

§1. Тавсифи низоми маориф

Ба соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон миқёси назарраси фарогирии аҳолӣ, шабакаи тараққикарда ва гуногунии муассисаҳои таълимӣ, анъанаҳои ғанӣ, ҷараёнҳои навсозии солҳои охир фаъолона татбиқшаванда хос аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият анъанаҳои ғаниро нигоҳ дошта, дар соҳаи маориф бо роҳи гузаронидани ислоҳоти мухталиф, аз ҷумла андешидани тадбирҳои зерин, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид:

- заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардид;

- заминаи қонунгузорӣ аз нав таҳия гардид;

- стандартҳои давлатии таълимии нави таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таҳия ва қабул гардиданд, низоми дузинагии таҳсилоти олии касбӣ (бакалавриат ва магистратура, бо нигоҳ доштани ихтисоснокӣ дар ҳолатҳои алоҳида) ҷорӣ гардид, нақшаву барномаҳои нави таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳия ва дар амал ҷорӣ карда шуданд;

- Консепсияҳои истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни идоракунии низоми маориф ва фаъолияти таълими таҳия ва қабул гардиданд;

- таҷрибаи иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти таълимӣ, инчунин аттестатсияи давлатӣ ва ваколатдиҳӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ карда шуд;

- таъмири асосии мактабҳо ва сохтмони мактабҳои нав анҷом дода мешавад;

- шабакаи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ инкишоф меёбад:

- китобҳои дарсии нави замонавӣ таҳия ва интишор гардиданд.

Аз соли 2000 то соли 2010 як қатор қонунҳо ва санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян намуданд. Онҳо асосан ба навсозии соҳаи маориф, комёб шудан ба дастрасии баробар ба маориф, ҳалли масъалаҳои гендерӣ, баланд бардоштани сифати таълим, рафъи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ равона гардидаанд.

Қонунҳои нави қабулгардида, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", "Консепсияи миллии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015", "Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009", "Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015", "Барномаи давлатии сохтмон, таъмир ва азнавсозии мактабҳои дар хонаҳои хусусӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ҷойгиршуда дар соли 2008-2015", "Барномаи давлатии таъминоти муассисаҳои маориф ва илм бо утоқҳои таълимӣ ва заминаи илмию таҳқиқотӣ", "Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои солҳои 2007-2010", "Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар солҳои 2008-2015", "Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015", "Барномаи давлатии омӯзиш ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои соли 2001-2014" ва ғайра дар такмили соҳаи маориф нақши муҳим гузоштанд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи иҷрои барномаҳо таъминоти синфҳои 711 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 22 талабаро ба як компютер ташкил медиҳад. Танҳо дар давоми соли 2010 195 мактабҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи Интернет пайваст шуданд.

Соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, асосии умумӣ ва миёна, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ, инчунин таҳсилоти махсус ва иловагии кӯдакон ва калонсолонро дар бар мегирад (ниг.ҷадвали 1)(5). Дар соҳаи таҳсилоти миёнаи умумӣ муассисаҳое фаъолият мекунанд, ки ба кӯдакони дорои талаботи мухталиф нигаронида шудаанд - муассисаҳои таълимии таъминкунандаи таълими зинаи нисбат ба стандарти таълимӣ баландтар (литсей, гимназия) ва муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд.

ҷадвали 1

+-------------------+-------+------------+---------------------------ҷ
|  Зинаҳои таҳсилот |Давом- | Синну сол  | Муассисаҳои таълимӣ       |
|                   |нокии  |            |                           |
|                   |таҳсил |            |                           |
+-------------------+-------+------------+---------------------------+
|Тарбия ва          |1-3,   |            |                           |
|таҳсилоти томактабӣ|3-6    |1-6(7)      |Боғчаи бачагон/кӯдакистон  |
|Таҳсилоти умумӣ:   |11 сол |            |                           |
|-ибтидоӣ           |4 сол  |7-17        |                           |
|- умумии асосӣ     |5сол   |7-10        |Мактабҳои таҳсилоти        |
|- миёнаи умумӣ     |2 сол  |11-15       |умумӣ, гимназияҳо, литсейҳо|
|Таҳсилоти иловагӣ  |       |16-17       |                           |
|                   |       |            |Клубҳо, толорҳои варзишии  |
|                   |       |            |назди мактабҳо, марказҳои  |
|                   |       |            |ТБК.
|Таҳсилоти махсус   |       |            |Хонаи кӯдакон (барои       |
|                   |       |            |кӯдакони гирифтори         |
|                   |       |            |касалиҳои сил, ВИЧ/СПИД    |
|                   |       |            |ва ғ.), интернатҳо,        |
|                   |       |            |мактабҳои махсус           |
|Таҳсилоти касбӣ:   |1-3 сол|аз 16-солагӣ|Омӯзишгоҳҳои касбӣ,        |
|-ибтидоӣ           |2-4 сол|аз 16-солагӣ|литсейҳо, марказҳо.        |
|- миёна            |4-6 сол|            |коллеҷҳо, донишгоҳҳо,      |
|-олӣ               |       |аз 18-солагӣ|академияҳо, донишкадаҳо    |
|                   |       |            |                           |
|Таҳсилоти баъди    |       |            |Интернатура, ординатура    |
|муассисаи таҳсилоти|       |            |(резидентура),             |
|олӣ                |       |            |магистратура, аспирантура, |
|                   |       |            |докторантура               |

Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои таҳсилоти томактабӣ бо шумули тайёрии кӯдакон ба мактаб ва шаклҳои дигар зиёда аз 10 фоиз, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии томактабӣ 5,1 фоиз (синни 1-6-сола) ва 6,5 фоиз синни аз 3 то 6-соларо ташкил мекунад. Зимнан фарогирии кӯдакон дар шаҳрҳо нисбат ба деҳот якчанд маротиба зиёд аст. Дар ҷумҳурӣ комплексҳои таьлимии мактаб-кӯдакистон, марказҳои инкишофи кӯдак таъсис гардиданд, ки барномаҳои кӯтоҳмуддати тарбияи кӯдакони аз 3 то 6-соларо амалӣ месозанд, 16 кӯдакистонҳои хусусӣ ифтитоҳ гардиданд. Шумораи умумии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ба 62451 нафар расид, ки 27514 нафарашон духтар мебошанд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3747 мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд (аз онҳо 6 мактаб ғоибона мебошанд). Аз шумораи умумии мактабҳо 549 мактаби ибтидоӣ, 702 мактаби асосӣ, 2490 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз онҳо 12 мактаби ғайридавлатӣ), 89 гимназия (аз онҳо 28 гимназияи ғайридавлатӣ), 58 литсей (аз онҳо 6 литсейи ғайридавлатӣ), 21 мактаб-интернат барои ятимон (аз онҳо 1 мактаб-интернати ғайридавлатӣ) буда, 4 мактабинтернати навъи санаторӣ барқарор карда шудаанд, 11 мактаб-интернат барои кӯдакони дорои нуқсонҳои ақлӣ ва ҷисмонии инкишоф, 1 мактаби махсус барои кӯдакони душвортарбия ва 3 интернатҳои томактабӣ фаъолият мекунанд.

Шумораи умумии таҳсилкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 1694696 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 796382 нафарашон духтарон мебошанд.(6) Дар муассисаҳои таълимии ғғайридавлатии рӯзона соли 2010 17496 талаба таълим мегирифт.

Қариб ҳамаи кӯдакон таҳсилоти ибтидоӣ мегиранд, коэффисиенти хатми мактаби ибтидоӣ ба 100 фоиз наздик аст.

Таҳсилоти иловагӣ ҳамчун қисми таркибии таҳсилоти умумӣ имконият медиҳад, ки майлу рағбат ва қобилияти кӯдакон инкишоф дода шавад. Ҳоло дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ 75 марказҳои таҳсилоти беруназмактабии кӯдакон фаъолият карда, шумораи кӯдаконе, ки ба марказҳои мазкур мераванд, 30922 нафарро ташкил медиҳад. Дар соҳаи таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ 865 омӯзгорон кор мекунанд (таносуби талаба/омӯзгор - 29,5:1). Миқдори умумии маҳфилҳо аз рӯи самтҳои гуногун -973.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 мактаб-интернат фаъолият карда, дар онҳо 8367 кӯдакон таълиму тарбия мегиранд. Аз онҳо 76 мактаб-интернат дар тобеияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, аз он ҷумла 18 мактаб-интернати иҷтимоии навъи омехта, 13 мактабинтернат барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, 5 мактабинтернати навъи санаторӣ барои кӯдакони гирифтори бемории сил (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Дар муассисаҳои мазкур 2227 кӯдак (543 духтар) таълиму тарбия мегиранд, ки 3798 нафарашон кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд (379 духтар) мебошанд.

Ҳамчунин 13 муассисаҳои томактабии махсус фаъолият мекунанд. Дар ин муассисаҳо кӯдакон бо дарназардошти нуқсонҳои шунавоӣ, биноӣ, нутқ, узвҳои ҳаракат (ин навъи нуқсон дар ҷумҳурӣ хеле паҳн шудааст), ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд.

Дар интернатҳо асосан кӯдакони ятим, кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, гирифтори бемориҳои гуногун, кӯдакони душвортарбия таълиму тарбия мегиранд. Бо таҳсилоти махсус ҳамчунин кӯдаконе фаро гирифта шудаанд, ки ба муассисаҳои таълимӣ рафта наметавонанд ва ба онҳо дар хона таълим дода мешавад. Инҳо асосан кӯдакони маъюби гирифтори бемориҳои полиомиелит, Дауна ва иллати системаи марказии асаб мебошанд.

Бо мақсади таъмини шароит барои риояи ҳуқуқҳои асосии иҷтимоӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи марказҳои рӯзона барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд давра ба давра дар фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии тобеъ шаклҳои нави хизматрасониҳои иҷтимоиро ҷорӣ ва инкишоф медиҳад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 4 маркази рӯзона барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд амал мекунанд:

- "Офтобак" дар ноҳияи Ҳисор (аз 3 то 14-сола; 20 нафар офият меёбанд, ба 7 нафар дар хона кӯмак расонида мешавад, ба 5 нафар машварат дода мешавад. Махзани маълумоти Марказ - 468);

- "Ситора" дар ноҳияи Восеъ (аз 0 то 18-сола; фарогирӣ -20 нафар, кӯмак дар хона-5. Махзани маълумоти Марказ - 460);

- "Нур" дар шаҳри Хоруғ (20 нафар, ба 10 нафар дар хона хизмат расонида мешавад);

- "Умед" дар шаҳри Кӯлоб (аз 0 то 18 сола; фарогирӣ -22 нафар, кӯмак дар хона-5 нафар, ба 24 нафар машварат дода мешавад. Махзани маълумоти Марказ - 520).

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад. Миқдори муассисаҳои амалкунандаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 66 ададро ташкил намуда, дар онҳо 22316, аз ҷумла 3398 духтар таълим мегиранд. Дар 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 37550 донишҷӯ (аз онҳо 20651 духтар) таҳсил мекунанд.

Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 30 адад расид. Дар онҳо 154832 донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки 29 фоизи онҳоро духтар ташкил мекунанд. Аз шумораи умумии донишҷуён 94336 нафар дар асоси қарордод таҳсил мекунанд. Аз 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 21 ададашон хобгоҳҳои обод барои донишҷӯён доранд.(7)

67 фоиз ҷавонони 16-18-сола бо ҳамаи зинаҳои таҳсилот фаро гирифта шудаанд.

Дар давраи истиқлолият дар низоми идоракунии соҳаи маориф тағйирот ба вуҷуд омад - идоракунии барқарорсозии захираҳо ба идоракунии рушди соҳа иваз шуд. Дар сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои нави таҳлил ва рушди ислоҳоти соҳаи маориф, раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маориф, раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, шӯъбаи низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф (СИИМ), бахши лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва ғайра таъсис ёфта, бомуваффақият фаъолият мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ташкилотҳо таъсис дода шудаанд ва амал мекунанд, ки бевосита сиёсати давлатро дар соҳаи маориф татбиқ менамоянд. Инҳо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти беруназмактабӣ, Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста, Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" ва Маркази миллии тестӣ мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва бо мақсади ҳавасманд гардонидани талабагон, донишҷӯён, аспирантҳо ва толибилмони дигари манфиатдор, ҳар сол барои донишомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ стипендияҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон"-ро ҷудо менамояд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №208 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон").

Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6а ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба имзо расонидани созишномаю санадҳои байналмилалӣ, ҳамгироӣ ба низоми ҷаҳонии маориф, мубодилаи донишҷӯён ва кадрҳои илмӣ, эътирофи дипломҳо ва дигар вазифаҳои зиёди марбут ба тайёрии кадрҳо ва таҳқиқотҳои илмӣ ба ҳамкории васеи байналмилалӣ роҳ кушоданд ва ин ҳамкориро ҳамаҷониба вусъат бахшидан лозим аст. Дар доираи созишномаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаи соҳаи маориф ҳар сол ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои ИДМ (Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина ва ғ.) квотаҳо ҷудо карда мешаванд. Теъдоди созишномаҳои байни мактабҳои олӣ дар доираи ИДМ меафзояд. Шумораи донишҷӯёни кишварҳои ИДМ, ки дар муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, афзоиш меёбад.

Ба шарофати ислоҳоту навсозии низоми маориф, таҷдиди назари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳалли масъалаҳои нарасидани кадрҳои педагогӣ, ба қадри имкон бо китобҳои дарсӣ ва заминаи дахлдори моддию техникӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ сифати таълим дар ҳамаи зинаҳо беҳтар мегардад. Иштироки талабагон дар олимпиадаву мусобиқаҳои мухталифи байналмилалӣ, умумироссиягӣ, осиёгӣ ин нуқтаро бори дигар собит месозад. Соли 2009 дар олимпиадаву мусобиқаҳои мазкур, ки дар Қазокистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Гурҷистон, Туркия, Россия, Руминия, ШМА, Босния ва Ҳертсоговина, Булғористон, Олмон, Мексика баргузор гардиданд, аз 86 иштирокчиёни мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 нафар хонанда ғолиб омаданд. Аз онҳо 10 нафар ҷои аввал (медали тилло), 31 нафар ҷои дуюм ва 31 нафар ҷои сеюмро (медали биринҷӣ) ишғол намуданд.

Соли 2010 шумораи иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хеле афзуда, аз 1594 иштирокчӣ 217 нафар соҳиби медалҳои гуногун гардиданд.

Дар давраи истиқлолият хароҷот ба соҳаи маориф ҳар сол афзуда, дар сохтори молиявии низоми маориф тағйироти куллӣ ба миён омад. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хароҷоти соҳаи маориф дар соли 2010 17,8 фоиз қисми хароҷот буҷети давлатиро ташкил дод, ки ин ба 4,6 фоиз ММД баробар мебошад (соли 2005 - 3,5 фоиз). Умуман, хароҷоти соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2010 нисбат ба соли 2000 26 маротиба афзуд (аз 42 млн. сомонии соли 2000 то 1092 млн. сомонӣ дар соли 2010 ба ҳисоби номиналӣ).

Тайи панҷ сол (солҳои 2005-2010) ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар соҳаи маориф зиёда аз 3 маротиба (ба ҳисоби номиналӣ) афзуд, ки ин аз болоравии эътибори маориф, эътирофи он ҳамчун захираи шахсӣ, омодагӣ ҷиҳати сармоягузории ояндаи худ шаҳодат медиҳад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароҳам овардани иқлими мусоиди инвеститсионӣ дар кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Дар натиҷаи ин соҳаи маорифи Тоҷикистон бо маблағҳои қарзӣ ва грантҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки исломӣ, ЮНИСЕФ, Барномаи рушди СММ, USAID, GIZ, Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ, Бонки рушди Олмон, Хазинаи каталитикӣ, Хазинаи Ого Хон, Институти ҷомеаи кушодаи "Хазинаи Сорос", АКСЕЛС, Оперейшн Мерси, Салиби Сурх, Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ, Мерси Корпус ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ карда мешавад.

Аз соли 2000 то соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди инвеститсиониро дар соҳаи маориф амалӣ сохт, ки ба ислоҳот ва навсозии низоми маориф, ноил шудан ба дастрасии баробар ба таҳсилот, ҳалли масъалаҳои гендерӣ, баланд бардоштани сифати таълим, рафъи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани дараҷаи саводнокии аҳолӣ равона гардидаанд. Дар ин давра 14 созишноман қарзию грантӣ ба маблағи 159,7 млн. доллари ШМА ба имзо расид, ки аз он 90,6 млн. доллари ШМА дар асоси грант ва дастгирии ройгон, 58,1 млн. доллари ШМА дар шакли қарз, инчунин 11 млн. доллари ШМА-ро саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаҳои зикргардида имкон дод, ки 148 мактаби дорои 939 синфхона барои 36 ҳазор ҷои нишаст сохта шуда, 512 мактаби дорои 3354 синфхона барои 130 ҳазор ҷои нишаст аз таъмир бароварда шавад.

Ба сифати яке аз хусусиятҳои ташаббуси байниидоравии "Таҳсилот Барои Ҳама" (ТБҲ) то соли 2015 ба кишварҳое, ки ба монанди Тоҷикистон дар масоили инфрасохтор, таъминоти моддию кадрӣ ва таълим бо мушкилиҳои ҷиддию ҳалталаб рӯ ба рӯ шудаанд, маблағҳои махсус дар шакли грантҳои каталитикӣ дар доираи Ташаббуси Рушди Босуръат (ТРБ) ҷудо гардиданд.

Ба Тоҷикистон се транши маблағҳои Хазинаи каталитикӣ дар доираи ТРБ ҷалб гардиданд: ТРБ-1 - 9,2 млн. доллари ШМА дар солҳои 2006-2007; ТРБ-2 - 9,2 млн. доллари ШМА дар солҳои 2008-2010, ТРБ-313,5 млн.доллари ШМА дар солҳои 2010-2012.

Қайд кардан бамаврид аст, ки татбиқи ТРБ-3 ҳоло бо дастгирии мақсадноки техникӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона (на ба воситаи Маркази идоракунии лоиҳаи қарз (МИЛҚ)) анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Маблағгузории ТРБ-3 корҳои марбут ба инфрасохторро тезонида, таҷрибаи муҳим дар тарҳрезии стратегӣ ва сохтмон ҳосил шуд. Маблағҳои умумии барои амалишавии ТРБ-2 ва ТРБ-3 равонагардида ҳамагӣ 22,7 млн. доллари ШМА ё камтар аз 6 фоиз нақшаи хароҷоти Нақшаи таҷдидгардидаи миёнамӯҳлати амалиёти СМРМ-ро барои солҳои 2009-2011, ки дар соли 2008 аз нав дида шуда, ташкил мекунад (нақшаи мазкур ба 417 млн.доллари ШМА баробар аст).

Маблағгузории ТРБ-3 ба маблағи 13,5 млн.доллари ШМА камтар аз 10 фоиз эҳтиёҷоти пӯшониданашудаи молиявии нақшаи зикргардидаи СМРМ барои солҳои 2009-2011 дар бар мегирад ва дар шароити мавҷудияти таъсири манфии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ амалӣ карда мешавад.

Маблағгузории лоиҳаи ТРБ-3 барои чунин ҷузъҳои ислоҳот, ба монанди маблағгузории сарикасӣ ва СИИМ, ҳамчун яке аз манбаҳои асосии маблағгузории хориҷи маҳсуб мегардад, ҳол он ки эҳтиёҷоти зиёд оид ба беҳбуди ҳолати физикии биноҳои мактабӣ, мебел, таҷҳизот ва синфхонаҳо тавассути нақшаҳои лоиҳавӣ ва захираҳои дахлдори молиявии метавонад танҳо қисман ҳал карда шавад.

§2. Мушкилот, тақозо ва хавфҳои асосӣ

Вазифаҳои барқарорсозии соҳаи маориф умуман иҷро шудаанд ва имрӯз он бояд ба ҳалли масъалаҳои ҳалталаби рушди кишвар, тақозоҳои асри XXI фаъолона ҳамроҳ шавад.

Мушкилот:

Сатҳи вазифаҳои дар назди соҳаи маориф гузошташуда ба имкониятҳои он мутобиқ набуда, иҷозат намедиҳад, ки вазифаи худро ба сифати захираи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштанн некӯаҳволии шаҳрвандон пурра иҷро намояд. Соҳа ба тағйирот ниёз дорад.

Нишондиҳандаи интегралӣ - давомнокии миёнаи фарзии таҳсил, ки давомнокии барномаҳо ва фарогирӣ бо таҳсилотро дар бар мегирад, дар ҷумҳурӣ 11 солро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳисоби миёнаи кишварҳои рӯ ба инкишофи Аврупо ва ИДМ 2 сол камтар аст. Зимнан давомнокии миёнаи фарзии таҳсил барои мардону занон фарқ карда, мутобиқан ба 12 ва 10 сол баробар мебошад.

Дар давраи аз соли 2005 то соли 2010 мактаби умумии асосиро соле ба ҳисоби миёна 148,3 ҳазор талабагон, мактаби умумии миёнаро бошад, ба ҳисоби миёна 82 ҳазор талабагон хатм карданд. Ҳамаи низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки 66 муассисаи таълимиро дар бар мегирад, дар давраи зикргардида соле ба ҳисоби миёна 14 ҳазор талабагонро қабул мекард. Муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ соле ба ҳисоби миёна 13,64 ҳазор талабагон, муассисаҳои таълимии олии касбӣ соле ба ҳисоби миёна 31,1 ҳазор нафар талабагонро қабул карда метавонистанд. Ҳамин тариқ, тайи 5 соли охир ҳар сол қариб 90 ҳазор ҷавонон, яъне аз се ду ҳиссаи хатмкардагони мактабҳои асосӣ ва миёна аз гирифтани таҳсилоти касбӣ бебаҳра мемонданд. Низоми касбинтихобкунии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба тағйироти куллӣ ниёз дорад. Имрӯз камтар аз 22 фоизи аҳолии коршоям дорои таҳсилоти касбӣ (ибтидоӣ, миёна ё олӣ) мебошад.(8) Зимнан фарқият дар таҳсилоти мардону занон зиёд аст: шумораи мардони дорои таҳсилоти касбӣ нисбат ба занон 2,4 маротиба зиёд мебошад. Ҳамин гуна фарқият дар сатҳи таҳсилот байни аҳолии шаҳру деҳот низ ба мушоҳида мерасад.(9)

Таҳсилоти томактабӣ:

Сарфи назар аз саъю талошҳои солҳои охир оид ба дастгирӣ ва рушду такомули кӯдакони синну соли томактабӣ, дар ин соҳа ҳанӯз проблемаҳои ҷиддӣ боқӣ мондаанд:

- сатҳи пасти фарогирии кӯдакони синну соли томактабӣ бо барномаҳои таҳсилоти томактабӣ;

- қариб 90 фоизи кӯдакон бе тайёрии пешакӣ ба мактаб мераванд;

- маблағгузории нокифояи буҷетӣ; нишондиҳандаи нисбии маблағгузории таҳсилоти томактабӣ аз 0,14 фоизи ММД дар соли 2005 то 0,11 фоиз дар соли 2010 кам шудааст.(10)

- мушкилоти дастрасии кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, кӯдакони деҳот ба таҳсилоти томактабӣ;

- барномаю технологияҳои ҷараёни таълиму тарбия кӯҳна шудаанд; барои кӯдакони то 3-сола барномаҳо таҳия нашудаанд; набудани китобҳои хушсифат барои кӯдакон, нашрияҳои илмию методӣ ва матбуоти даврӣ барои кормандони муассисаҳои томактабӣ;

- нарасидани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ (28,1 фоиз дорои таҳсилоти олӣ, 14,8 фоиз дорои танҳо таҳсилоти умумӣ мебошад) ва номутобиқати тайёрии кадрҳои педагогӣ ба талаботи замонавии рушду такомули кӯдакони хурдсол;

- нарасидани кормандони педагогии дорои таҳсилоти махсус (методистон, равоншиносон, кормандони мусиқиву тиббӣ), инчунин нарасидани мутахассисони соҳаи томактабӣ дар шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо;

- маоши вазифавии мураббиён ба музди меҳнати муаллимони синфҳои ибтидоӣ баробар карда шудааст, ки нисбати музди меҳнати соҳаи истеҳсолот ҳанӯз ҳам кам аст;

- мебел, лавозимоти варзишӣ, фонди китобхона, бозичаҳо, воситаҳои аёнии таълим кӯҳна шудаанд;

- биноҳои кӯдакистонҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд, ғизодиҳӣ ва ҳолати санитарию гигиении муассисаҳои томактабӣ ғайриқаноатбахш мебошад, дар деҳот низоми ягонаи таъминоти об ва гармӣ вуҷуд надорад.

Таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёна:

Сарфи назар аз дастгирии назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар зинаҳои мазкури таҳсилот ҳанӯз ҳам проблемаҳои ҷиддии марбут ба дастрас будани таҳсилот, мазмуни таҳсил ва таҳкими заминаи моддию техникӣ ҷой доранд, ки асосан инҳо мебошанд:

- нарасидан ва сатҳи пасти тахассусии ҳайати педагогӣ;

- нарасидани муаллимон, махсусан аз рӯи фанҳои математика, физика, забони русӣ ва ғ.;

- заминаи моддию техникӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест;

- набудани таҷҳизоти зарурӣ дар утоқҳои лабораторӣ ва фаннӣ;

- нарасидани мебел ва таҷҳизоти зарурӣ дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи таҳсилоти умумӣ;

- ҳавасмандии пасти муаллимон;

- дурии мактабҳо дар деҳот ва кӯҳистон, набудани воситаҳо барои расонидани талабагон то мактабҳо;

- ба машғулиятҳо нарафтани талабагон проблемаи ҷиддӣ боқӣ мемонад. Тибқи арзёбии Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(11) шумораи "кӯдакони кӯча" дар шаҳрҳои мавриди тадқиқот қароргирифта дар Душанбе - 6000; Хуҷанд - 2000; Қӯргонтеппа - 1000; Кӯлоб - 500-600 нафар. Қисми асосии "кӯдакони кӯча"-ро дар шаҳрҳои мавриди таҳқиқот қароргирифта писарон (86,2 фоиз) ташкил медиҳанд, шумораи духтарон камтар аст (13,8 фоиз). Қариб ҳамаи "кӯдакони кӯча" кӯдакони синну соли мактабӣ мебошанд, аз онҳо 52,4 фоиз қайд карданд, ки ҳоло дар мактаб таҳсил намекунанд;

- аз шумораи умумии талабагон 4,35 фоиз-ро кӯдакони ятим ва кӯдакони бе парастормонда ташкил мекунанд;(12)

- барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба ҳамгироии кӯдакони эҳтиёҷоти махсусдошта ба таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, иҷтимоикунонии онҳо ва чораҳои таъмини ба ҳаёти мустақилона ворид шудани онҳо таҳия нашудаанд.

Таҳсилоти умумӣ воқеан ҳам умумӣ мебошад, ба он амалан ҳамаи кӯдакону наврасон ҷалб шудаанд, вале аллакай дар синфи 9 аз мактаб рафтани наврасон шурӯъ мешавад. Дар натиҷа ҳамагӣ 84 фоиз наврасон дорои таҳсилоти ҳатмии асосӣ мегарданд. Таҳсилоти пурраи умумии миёнаро камтар аз нисфи (48 фоиз) сокинони ҷавони Тоҷикистон соҳиб мешаванд. Зимнан давомнокии таҳсилоти миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба як қатор кишварҳое, ки ба таҳсили 12-сола гузаштаанд, кӯтоҳтар мебошад. Зиёда аз ин сарбории таълим дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои тараққикарда ва Россия пасттар мебошад. Ҳаҷми нақшаи таълим ба ҳисоби соат барои кӯдакони 7-15-сола дар ҷумҳурӣ нисбат ба Россия 14 фоиз ва нисбат ба кишварҳои Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ 25 фоиз пасттар аст.

Иштироки духтарон дар ҷараёни таҳсил таҳти таваҷҷӯҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи барномаҳову ташаббусҳои байналмилалӣ қарор дорад. Баробарии дастрасии писарону духтарон ба маориф ба сифати яке аз мақсадҳои муҳимтарини Рушди Ҳазорсола сабт шудааст: Мувофиқи мақсад аст, ки то соли 2005 нобаробарии байни ҷинсҳо дар соҳаи таҳсилоти ибтидоию миёна ва на дертар аз соли 2015 -дар тамоми зинаҳои таҳсилот барҳам дода шавад".(13)

Вале муқоисаи маълумоти омории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сарфи назар аз пешравиҳои муайян, ки ҷумҳурӣ тайи солҳои охир ноил гардидааст, иштироки духтарон дар таҳсилоти миёна дар Тоҷикистон нисбат ба Қазоқистону Қирғизистон, махсусан дар синфҳои 10-11 пасттар мебошад.

Камтар аз 10 фоиз кӯдакону наврасон барои гирифтани дараҷаи баланди таҳсилот имконият доранд. Зимнан муассисаҳои таълимие, ки чунин барномаҳоро амалӣ месозанд (литсейҳо, гимназияҳо, мактабҳои омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида) асосан дар шаҳрҳо ҷойгиранд. Иштироки духтарон дар таҳсилоти дараҷаи баланд (литсейҳо ва гимназияҳо) дар минтақаҳо нисбат ба писарон ба ҳисоби миёна 1,5-2 маротиба пасттар мебошад.

Воситаҳои барои баҳодиҳии комёбиҳои таълимии талабагон дар низоми таҳсилоти умумӣ дар сатҳи мактаб ва ҷумҳурӣ ташаккул наёфтаанд. Лоиҳаҳои алоҳида оид ба баҳодиҳии сатҳи дониши талабагон, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ гардиданд, вобаста бо фарқияти воситаҳои баҳогузорӣ ва ташкили гузаронидани расмиёти баҳодиҳию арзёбии сифати таълимро умуман дар ҷумҳурӣ ва аз рӯи динамика номумкин месозад. Вале маълумот дар бораи таҳқиқоти миллӣ (имтихонот)(14) оид ба баҳодиҳии дониши хонандагони синфи 4 аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо 54,6 фоиз вазифаро аз рӯи математика ва забони модарӣ ҳал карда тавонистанду халос.

Таҳсилоти иловагӣ

Таҳсилоти иловагӣ як қатор вазифаҳои таълимӣ ва иҷтимоиро ҳал менамояд: қонеъ гардонидани талаботи инфиродии оилаҳоро барои инкишофдиҳии қобилияти кӯдакон таъмин менамояд, барои ба ҳаёти ҷомеа ҷалб намудани кӯдакону наврасони гурӯҳҳои хавфнок мусоидат намуда, тавре таҳқиқотҳои сершумор шаҳодат медиҳанд, нишондиҳандаҳои таълимии мактаббачагонро беҳтар месозад.

Ҳоло таҳсилоти иловагӣ дар Тоҷикистон барои пурра ҳал намудани ин вазифаҳо қодир нест. Шабакаи муассисаҳо аз 75 маркази тарбияи беруназмактабӣ иборат мебошад, ки аз онҳо 42 муассиса дорои биноҳои алоҳидаи дар даврони шӯравӣ сохташуда мебошанд. Муассисаҳои боқимонда дар биноҳои шӯъбаҳои маориф, кӯдакистонҳо, хонаҳои хусусӣ ва мағозаҳо ҷойгиранд. Амалан, тамоми низоми таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои методӣ барои муаллимонро надорад. Кадрҳои соҳибихтисос намерасанд ва онҳоро ягон муассиса тайёр намекунад. Барои нигоҳдории биноҳо, бозомӯзии муаллимон маблағи зарурӣ нест. Дар давоми 20 соли охир талабот ба таҳсилоти иловагӣ мавриди омӯзиш қарор дода нашудааст.

Таҳсилоти махсус

Бо мақсади сари вақт ошкор намудани кӯдакони дорои нуқсонҳо дар инкишоф, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанди вилояти Суғд ва Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон машваратхонаҳои равонию тиббӣ ва педагогӣ амал мекунанд. Вале, сарфи назар аз корҳои анҷомёбанда, дар фаъолияти онҳо як қатор камбудиҳо ҷой доранд:

- нарасидани машваратхонаҳои мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳо;

- нарасидани мутахассисон - дефектологҳо (омӯзгорони таълимдиҳандаи кӯдакони ноқисулақл ва кару гунг), равоншиносон, логопедҳо;

- набудани утокҳои дахолати барвақтӣ дар назди муассисаҳои табобатию профилактикӣ;

- набудани муассисаҳои асосӣ, махсус ва таълимии ба машваратхонаҳои равонию тиббӣ ва педагогӣ вобасташудаи дорои синфхонаҳо ё гурӯҳҳо барои таълимдиҳии кӯдакони дорои нуқсон дар инкишоф, санҷиши усулҳои нави ташхис ва таълим.

Таҳсилоти махсус ба мутахассисони касбӣ эхтиёҷ дорад. Дефектологҳо ва равоншиносони баландихтисос амалан вуҷуд надоранд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои "логопедия", "сурдопедагогика" (педагогика барои таълими кару гунгҳо), "тифлопедагогика" (педагогика барои таълими кӯрон), "олигофренопедагогика" (таълими шахсони ноқисулақл) тайёр карда намешаванд.

Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии махсуси зикргардида хеле суст буда, аксарияти муассисаҳои таълимӣ таъмирталаб мебошанд. Дар натиҷа таълими кӯдакон, бинобар нарасидани ҷой дар шабакаи муассисаҳои томактабию мактабӣ барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва нокифоягии ҷойҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии махсусгардонидашуда (офиятӣ), ба таври ғайриқаноатбахш сурат мегирад.

Аксарияти кӯдакони маъюб барои гирифтани таҳсилоти касбӣ имконият надоранд.

Таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти ибтидоии касбиро ба сифати яке аз ҷузъҳои муҳими низоми маориф арзёбӣ менамояд, ки он иқтисодиёти миллиро ба мутахассисони баландихтисоси коргарӣ таъмин намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандони он саҳми арзанда мегузорад. Аммо ҳоло дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ мушкилоти ҷиддӣ доранд:

- маҳдудияти ҷойҳои таълим дар шабака;

- норасоии ҷиддии устоҳои таълими истеҳсолӣ;

- дараҷаи пасти тахассусии муаллимон;

- аз рӯи сохтори ихтисосҳо ва сифат ба талаботи бозор ҷавобгӯ набудани тайёрии хатмкунандагон;

- нарасидани адабиёти таълимию методӣ ва таҷҳизот;

- суст ҷалб шудани корфармоён ва шарикони дигари иҷтимоӣ дар ташаккули фармоиш ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони ҳайати техникӣ ва хизматрасон;

- вуҷуд надоштани механизми ҷалби маблағҳои бахши хусусии иқтисодиёт барои ташкили таҳсилоти касбӣ ва тайёр кардани кадрҳо;

- вуҷуд надоштани механизми идоракунии самарабахши фишангҳои идоракунӣ ва назорати ташкили раванди таълим.

Таҳсилоти миёнаи касбӣ низ ба таъмини иқтисодиёт бо мутахассисони баландихтисос равона гардидааст. Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дорои мушкилоти зерин мебошанд:

- фарсудашавии физик ва маънавии заминаи таълимию истеҳсолӣ;

- набудани китобҳои дарсӣ ва воситаҳои аёнию таълимии замонавӣ, махсусан ба забони давлатӣ, ки ба ҷараёни таълим таъсири манфӣ мерасонад;

- таҳия нагардидани нақшаҳои асосии ягонаи таълимӣ барои ҳар самти касбҳо;

- инкишоф наёфтани низоми такмили ихтисос;

- норасоии омӯзгорон ва сатҳи пасти тахассусии онҳо;

- ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ набудани сохтори тайёрии касбӣ.

Ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки вазифаи онҳо таъмини иқтисодиёт бо кормандони баландихтисос мебошад, тахминан 4 фоиз хатмкунандагони мактабҳои асосӣ меоянд. Ин нишондиҳанда аз нишондиҳандаҳои байналмиллалӣ куллан фарқ мекунад. Дар кишварҳои дигар, махсусан кишварҳои тараққикарда саҳми онҳое, ки якҷоя бо таҳсилоти миёна сертификати касбии дар бозори меҳнат эътирофшаванда мегиранд, аз 30 то 60 фоизро ташкил медиҳад(15). Ҳаҷми тайер кардани коргарон ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ набуда, сифати ин тайёрӣ, тибқи пурсишҳо, ҷавобгӯи талаботи замон намебошад. Ба ғайр аз ин, Тоҷикистони имрӯза намунаи нодири кишваре мебошад, ки сатҳи таҳсилоти насли калонсол нисбат ба таҳсилоти ҷавонон баландтар мебошад.

Мутобиқ набудан ба талаботи бозори меҳнат самараи гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро коҳиш медиҳад.

Сабаби фарогирии пасти аҳолӣ бо таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз як тараф, маҳдудияти заминаи моддию техникӣ бошад, аз тарафи дигар, маълумоти кофӣ надоштани ҷавонон дар бораи имкониятҳои зуд соҳиби касб шудан мебошад. Хатмкунандагони мактабҳо пурра дарк намекунанд, ки дар шароити имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ соҳиби касб шудан кафолати фаъолияти бомуваффақияти меҳнатии онҳо хоҳад буд. Дар айни замон, ноӯҳдабароии худи низоми мазкур ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ набудани он самараи гирифтани чунин таҳсилотро коҳиш медиҳад.

Барои муқоиса ду рақамро мисол меорем: агар соли 1991 қабул ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 47,9 фоиз ашхоси ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дохилшударо ташкил карда бошад, пас то соли 2010 ин нишондиҳанда 2 маротиба паст шуда, ҳиссаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бошад, баръакс, зиёда аз 2 баробар афзуд - аз 24,7 фоиз то 52,7 фоиз. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки сохтори ҷойдоштаи таҳсилоти касбӣ, ки дар он зиёда аз нисфи хатмкунандагон ба таҳсилоти олӣ ва камтар аз чоряки хатмкунандагон ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ рост меояд, ба ҳолати иқтисодиёт ва сохтори касбии бозори меҳнат мутобиқ нест.

Солҳои охир афзоиши назарраси нобаробарии гендерӣ дар дастрасӣ ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба назар мерасад. Ҳиссаи духтарон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз соли 2005 то соли 2009 аз 28,1 фоиз то 35,4 фоиз коҳиш ёфт. Коҳиши нишондиҳандаи фарогирии духтарон дар минтақаҳо боз ҳам бештар ба назар мерасад. Дар ин давра намояндагии духтарон дар байни талабагон дар вилояти Хатлон аз 23,6 фоиз то 11,6 фоиз, дар вилояти Суғд аз 38,2 фоиз то 18,1 фоиз ва дар ВМКБ аз 53,4 фоиз то 24,3 фоиз коҳиш ёфт.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ духтарон зиёда аз нисфи донишҷӯёнро ташкил медиҳанд - 56,9 фоиз шумораи умумӣ. Вале номутаносибии гендерӣ аз нигоҳи тахассус хеле назаррас аст. Агар вазни қиёсии духтарон дар соли хониши 2009/2010 дар муассисаҳои таҳсилоти касбии тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 70 фоиз аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ, санъат ва кинематография - 66 фоиз бошад, пас иқтисодиёт ва ҳуқуқ 27 фоиз, саноат ва сохтмон - 16 фоиз, кишоварзӣ - танҳо 7 фоизро ташкил мекунад.

Таҳсилоти олии касбӣ ба таъмини зарурати рушди босуръати сармояи инсонӣ, ҳамчун омили муҳими комёб шудан ба рақобатпазирии кишвар ва баланд бардоштани обрӯю эътибори байналмилалии он равона гардидааст.

Сарфи назар аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзоиши ҳарсолаи маблағгузорӣ аз буҷет, дар низоми таҳсилоти олии касбӣ зиёдшавии тамоюли номатлуб идома дошта, проблемаҳое ҷой дорад, ки ҳалли онҳо барои хеле баланд бардоштани самараи низоми таҳсилоти олӣ ва ба талаботи бозори меҳнат наздик овардани нишондиҳандаҳои сифатию миқдории он имконият хоҳад дод. Ба ҷумлаи проблемаҳои асосии рушди минбаъдаи таҳсилоти олӣ инҳо дохил мешаванд:

- дараҷаи таъминоти аксарияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо заминаи моддию техникӣ, адабиёти таълимию методӣ, компютерҳои замонавии ба шабакаи Интернет пайвастшуда ҳанӯз ҳам хеле паст буда, ҷавобгӯи талаботи муқарраргардидаи стандартҳои таълимӣ намебошад:

- таҳсилоти олӣ бо фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ ҳамгироии суст дорад, ки ин ба сифати тайёр кардани мутахассисон таъсири манфӣ расонида, ҳамзамон иқтидори рушди таҳқиқоти илмиро коҳиш медиҳад;

- набудани низоми дақиқи ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ;

- низоми таҳсилоти олӣ ба талаботи бозори меҳнат равона нагардидааст;

- истифодаи усулҳои пешқадаму самараноки идоракунӣ дар низоми идоракунии таҳсилоти олӣ суст ба роҳ монда шуда, ба масъалаҳои банақшагирии дохилии мактабҳои олӣ, идоракунӣ ва арзёбии сифати таҳсилот таваҷҷӯҳи кофӣ дода намешавад;

- набудани низоми самараноки ҷамъиятию давлатии назорати сифати таҳсилот ба арзёбии мувофиқу ошкорои натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;

- набудани низоми таҳсилоти фосилавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ;

- инкишоф наёфтани таҳсилоти бефосилаи касбӣ ҳамчун механизми таъмини талаботи ҷорӣ ва минбаъдаи ҷомеа ва иқтисоди босуръат тараққӣ кардаистода.

Миқёси таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ чандон калон нест: фарогирӣ бо таҳсилоти олӣ тахминан 18 фоизи аҳолии синну соли дахлдорро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба кишварҳои рӯ ба инкишофи Аврупо ва Осиёи Марказӣ 2,5 баробар пасттар мебошад.

Дар таҳсилоти олӣ низ номутаносибии назаррас ҷой дорад: қисми асосиро (52 фоиз) донишҷуёни ихтисосҳои марбут ба илмҳои гуманитарию иҷтимоӣ ва фарҳанг ташкил медиҳад, боз 16 фоизи дигар ба ихтисосҳои марбут ба илмҳои табиӣ рост меояд. Донишҷӯёни ихтисосҳои муҳандисию сохтмон танҳо 15 фоизи шумораи умумии толибилмонро ташкил мекунанд. Хоҷагии қишлоқ бахши калонтарин ва зуд инкишофёбандаи иқтисодиёт мебошад, вале донишҷӯёни аз рӯи ихтисосҳои аграрӣ таҳсилкунанда ҳамагӣ 3 фоиз, соҳаи хизматрасонӣ бошад, 1 фоизро ташкил медиҳанд.

Бозори имрӯзаи меҳнат қисми зиёди хатмкунандагони мактабҳои олиро аз рӯи ихтисос ва дараҷаи тахассусии касб кардаашон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда наметавонад. Дар натиҷа таҳсилоти олӣ дар кишвар беқурб мегардад, бинобар набудани талабот сифати он паст гардида, хароҷоти беҳуда ба таҳсилот зиёд мегардад. Мутахассисони хуб кишварро тарк мекунанд - ҳамин тариқ Тоҷикистон рушди иқтисодии дигар кишварҳоро маблағгузорӣ менамояд.

Ба номутаносибии сохтории дар боло зикргардидаи низоми маорифи ҷумҳурӣ масъалаҳои таъминоти кадрии низоми маориф илова мешаванд. Кадрҳо дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои маориф намерасанд, вале бештар нарасидани кадрҳо дар бахши калонтарини маорифтаҳсилоти умумӣ эҳсос мешавад.

Дар соли таҳсили 2010-2011 дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 94253 нафар муаллим кор мекарданд, ки 54 фоизи онро занон ташкил медиҳанд. Нарасидани муаллимони соҳибкасби бахши таҳсилоти ибтидоӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 9 фоизро ташкил медиҳад, яьне зиёда аз 3 ҳазор муаллимони синфҳои ибтидоӣ, аз ҷумла дар мактабҳои деҳот қариб 2,5 ҳазор муаллимон намерасанд. Дар мактабҳои миёна норасоӣ боз ҳам зиёдтар буда, 15 фоиз муаллимонро ташкил медиҳад, ки ин ба 31 ҳазор нафар, аз ҷумла дар деҳот 8,8 омӯзгорони машғули сарбории пурраи кор мутобиқ аст(16). Дараҷаи тахассуси омӯзгорон ба талаботи замон ҷавобгӯ нест - 1/5 муаллимони мактабҳои ибтидоӣ маълумоти олӣ ё миёнаи касбӣ надоранд, қариб 40 фоиз муаллимони мактабҳои миёна маълумоти олӣ надоранд. Қариб сеяки муаллимон аз рӯи фанҳои дарс медодаашон тахассус надоранд, аз онҳо танҳо нисфашон ихтисосашонро такмил додаанд. Дар мактабҳо омӯзгорони равоншинос, логопед нестанд, омӯзгорони дефектолог, омӯзгорони таълимдиҳандаи кӯдакони кару гунг ва ноқисулақл дар муассисаҳои татбиқкунандаи барномаҳои таҳсилоти ислоҳкунӣ намерасанд.

Нарасидани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, инчунин пурра ба талаботи имрӯзаи тайёр кардани коргарони боихтисос ҷавобгӯ набудани дараҷаи тахассуси кадрҳои муҳандисию омӯзгорӣ рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро халалдор месозад.

Аз ҷумлаи муаллимони низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ танҳо 66,8 фоиз, дар байни устоҳои таълими исгеҳсолӣ бошад, танҳо 18,1 фоиз таҳсилоти олӣ доранд. Сатҳи азкорравии муаллимони таҳсилоти ибтидоии касбӣ хеле баланд аст. Дар низоми таҳсилоти касбии педагогии ҷумҳурӣ танҳо 2 коллеҷи муҳандисию педагогӣ бо филиалҳояшон фаъолият доранд, ки устоҳои таълими истеҳсолиро тайёр мекунанд ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ мутахассисоне тайёр мекунанд, ки ҳам вазифаи омӯзгори назария ва ҳам устои таълими истеҳсолиро иҷро карда метавонанд.

Татбиқи бомуваффақияти ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф аз низоми босалоҳияту мақсадноки идоракунии маориф, сохтору расмиёти хуб ташкилёфта, тақсимоти босамари вазифаҳо, ваколат ва масъулият дар тамоми низом - аз сатҳи вазорат сар карда, то муассисаҳои тобеъ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ҷамоату мактабҳо вобастагӣ дорад. Имрӯз қариб дар ҳар зинаи номбаршуда проблемаҳои мухталиф ҷой доранд, ки асосан марбут ба набудани идоракунии касбӣ мебошанд.

Яке аз воситаҳои баланд бардоштани самараи идоракунии маориф ва асоснокии қабули қарорҳо низоми иттилоотии идоракунии маориф (НИИМ) мебошад. Ҳамин тариқ, рушди ҳамаҷонибаи НИИМ ба шарти зарурии банақшагирии босамари стратегӣ, таҳлили сиёсат, мониторинг ва арзёбӣ мубаддал мегардад. Ҳоло танҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ бо НИИМ фаро гирифта шудаасту халос. Заминаи васеи иттилоотии идоракунӣ, ки барои навсозии низоми идоракунии маориф хеле зарур аст, мавҷуд нест.

Дар соҳаи маориф Низоми дахлдори миллии мониторинги маориф, ки хадафи он бояд амалӣ сохтани мониторинги мунтазами вазъи соҳаи маориф ва шартҳои фаъолияти он, натиҷаҳои таълим, самараҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ гардад, вуҷуд надорад.

Маблағгузории соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се манбаи асосӣ амалӣ гардонида мешавад: ҳамаи сатҳи буҷетҳо, кӯмаки байналмилалӣ ва маблағҳои оилаҳо. Хароҷоти буҷетӣ соҳаи маориф дар соли 2010 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,6 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба рақамҳои миёнаи нишондоди мазкур барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ андаке пасттар мебошад. Вале бо дарназардошти ҳаҷми пасти ММД ва ҳолати махсуси демографӣ дар ҷумҳурӣ, ки дар он тахминан 30 фоиз аҳолиро кӯдакону наврасон ва ҷавонони синну соли таҳсили умумӣ (7-18-сола) ташкил медиҳанд, сатҳи маблағгузории маориф хеле паст мебошад. Гуфтан кифоя аст, ки хароҷоти буҷет барои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ ба 1 талаба дар соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 215 сомониро ташкил дод.(17) Агар ин Маблағ бо доллари байвалмилалии баробар ба қобилияти харидорӣ ҳисоб карда шавад, он 159 долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба дигар кишварқо ин хароҷот хеле кам буда, нисбат ба нишондоди миёна барои кишварҳои рӯ ба тараққй 10 маротиба кам аст.(18)

Дар низоми маориф ду воситаи молиявӣ амал мекунад: Маблағгузории сметавӣ ва ба ҳар сари ахолӣ. Воситаи аввал ба натиҷа нигаронида нашудааст ва боиси истифодаи ғайрисамараноки маблағхо мегардад. Имрӯз Маблағгузории сметавӣ барои хамаи зинахои маориф, ба гайр аз мактабхои таҳсилоти умумӣ, ки ба Маблағгузории меъёрии ба хар талаба ҳисоб кардашуда гузаштаанд. воситаи асосии Маблағгузорӣ бокӣ мемонад.

Вазифаи солҳои наздик бояд аз гузаронидани ҳамаи зиваҳои маориф ба Маблағгузории меъёрии ба ҳар нафар ҳисоб кардашуда иборат бошад.

Ба ҳолати заминаи моддию техникии соҳаи маориф нарасидани ҷойхои нишасти талабагон ва ҳолати ғайри қаноатбахши синфхоиахо хос аст. Зиёда аз сеяки бинохои мактабхо дар холати садамавӣ қарор дошта, ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Камтар аз 10 фоиз талабагон дар мактабҳое таҳсил мекунанд, кк барқ, обу канализатсия, хӯроку хизматрасонии тиббии муташаккил надоранд. Проблемаи ҷиддии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хдд зиёд пур шудани мактабҳо, махсусан дар шахрҳо ва марказхои ноҳиявй мебошад. Аз шумораи нақшавй зиёд будани шумораи воқеии талабагон дар 20 фоиз мактабхои асосй ва зиёда аз 40 фоиз мактабхои миена ҷой дорад.

Тибқи афзалиятҳои миёнамӯҳлаги арзёбии талаботи Ҳадафхои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ) то соли 2015 дар бахши таҳсилоти миснаи умумӣ сохтмони кариб 850 мактабхои кав пешбинӣ шуда буд. Маълумоти охир аз он шаходат медиҳад, ки дар даврак аз соли 2006 то соли 2009 дар саросари ҷумҳурӣ 562 мактаб (3751 сиифхона барои 308794 ҷои нишаст) сохта шудааст. Шумораи миёнаи талабагон дар мактабхои сохташуда қариб 194 ҳазор нафарро ташкил медлҳад. Бо даршзардошти он, ки дар соли таҳсили 2003-2004 дар мактгбхок миёнаи умумки ҷумҳурй зиеда аз 600 ҳазор ҷои талаба намерасид, масъалаҳои сохтмони мактабҳои нав барои зиёда аз 500 ҳазор талаба бояд то соли 2016 ҳал карда шавад.(19)

Сарфи назар аз дастгирии назарраси созмонҳои байналмилалӣ, нарасидани доимии китобҳои дарсӣ ҷой дорад. Хар сол нашри оммавии китобҳои дарсӣ сурат гирифта, ба мактабҳо расонида мешаванд. Талабаи мактаби ибтидоӣ ба ҳисоби миёна камтар аз 3 китоби дарсӣ дар даст дорад, ҳол он ки дар синфи якум 5 фан, дар синфи чорум бошад, 8 фан омӯхта мешавад. Таъминот бо китобҳои дарсӣ дар мактабҳои асосӣ ва миёна беҳбудиро металабад.

Ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсиониро дар маориф на танҳо нарасидани маблағ, ҳайати кормандони баландихтисоси педагогӣ ва техникӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба таъминот бо таҷҳизоти компютерӣ, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин таъминоти барқ ва имкониятҳои пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет дар аксарияти маҳалҳои аҳолинишини деҳоти ҷумҳурӣ бозмедоранд.

Тақозо

Имрӯз Ҷумҳурии ТОҷИКИСТОН ба монанди аксарияти кишварҳои дигар бо мушкилоти ҳам беруна ва ҳам дохилӣ рӯ ба рӯ мешавад, ки ҳалли онҳо бе иштироки соҳаи маориф ғайриимкон аст.

Ҷаҳонишавӣ бо худ ҳам натиҷаҳои мусбию фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди кишварҳо ва ҳам хавфҳоеро меорад, ки ба онҳо хавфи қафомонии босуръати иқтисодиёт ва барои кишварҳои нисбатан тараққикарда ба манбаи ашёи хом табдил ёфтани кишварҳо, ба хориҷа рафтани мутахассисону олимон ва ғайра дохил мешаванд. Сатҳи баланди таваллуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси афзоиши рӯзафзуни шумораи аҳолии синну соли таҳсил мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳатто барои нигоҳ доштани ҳолати имрӯзаи соҳаи маориф ҳаҷми бештари захираҳо лозим аст. Дар шароити маҳдудиятҳои сахти буҷетӣ кишвар бояд роҳҳои на танҳо нигоҳ доштан, балки инчунин инкишоф додани соҳаи маорифро дарёбад.

Сатҳи баланди бекорӣ ва ташаккул наёфтани бозори меҳнат боиси он мегардад, ки бозори меҳнат ба соҳаи маориф дар мавриди сохтори хатмкунандагон, мазмун ва сифати тарбияи кадрҳои касбӣ маълумоти дақиқ пешниҳод карда наметавонад. Чунончи, ин маънои онро дорад, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ омилҳои табиии инкишоф надоранд, талаб нашудани хатмкунандагон боиси пастравии эътибори таҳсилоти касбӣ мегардад. Хатмкунандагон маҷбуранд, ки дар хориҷа кор ҷӯянд ва давлат бо ин тариқ иқтисодиёти дигар кишварҳоро маблағгузорӣ мекунад.

Тезутундшавии вазъияти сиёсӣ дар ҷаҳон, хусусан дар кишварҳои исломӣ, истифодаи таълимоти динӣ ба манфиати гурӯҳҳои мухталифи зиддиинсонӣ тавассути воситаҳои радикализму терроризм аз соҳаи маориф таҳияи чунин мазмуни таҳсилро талаб менамояд, ки барои ташаккули одами инсондӯст, бунёдкор, ба иғвою фитнаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динӣ муқовимат нишон дода метавониста қодир бошад.

Дар шароити бамиёномада стратегияи нави рушди маорифи ба рафъи проблемаҳои зикршуда равонагардида ва ҷавобгӯи талаботи асри XXI дар асоси дастовардҳои имрӯза ва таҷрибаи чаҳонӣ лозим аст.

Хавфҳо:

Татбиқи Стратегияи миллӣ метавонад бо хавфҳое рӯ ба рӯ гардад, ки ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда ва ҳалли бомуваффақияти вазифаҳои алоҳидаро таҳти хатар гузошта метавонанд. Ин гуна хавфҳо дар навбати аввал аз инҳо иборатанд:

- нарасидани захираҳо барои татбиқи бонизоми СМРМ, ки дар натиҷаи он тадбирҳои алоҳида иҷро мешаванду самараи дилхоҳ ба даст намеояд;

- дастгирӣ наёфтани ҳалли масъалаҳои дар соҳаи маориф ҷойдошта аз тарафи бахши хусусӣ;

- омода набудани қисми аҳли маориф ба қабули навовариҳо, хоҳиш надоштан барои тағйир додани зиндагии одатшуда ва усули фаъолият;

- аз ҷониби воситаҳои ахбори умум суст ва ё начандон дуруст инъикос дода шудани ҷараёнҳои навсозӣ дар соҳаи маориф ва дар натиҷаи ин ислоҳоти соҳаи маорифро дастгирӣ накардани қисми ҷомеа бинобар пурра нафаҳмидани вазифаю моҳияти он;

- омодагии нокифояи кормандони идоракунӣ барои ҳалли вазифаҳои калонҳаҷми комплексӣ, ки дар натиҷа тадбирҳои марбут ба татбиқи Стратегия ҳамоҳанг нашуда, баъзе натиҷаҳо дар сатҳи нокифоя қарор хоҳанд дошт, мониторинги татбиқи Стратегияи миллӣ сари вақт гузаронида нашуда, дорои хусусияти сабткунӣ, на иҷрои вазифаи алоқаи мутақобила дар ҷараёни идоракунӣ хоҳад буд.

§3. Ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

Низоми маорифи ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби иҷтимоӣ дастовардҳои солҳои қаблиро нигоҳ дошта, қобилияти худро барои рушду инкишоф намоиш дод. Имрӯз Тоҷикистон дорои захираҳои таҳсилотие мебошад, ки сатҳи инкишофи онҳо имконият медиҳад, ки дар хусуси истифодаи мақсадноки он барои ҳалли вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии давлат - рафъи камбизоатӣ, кам кардани шумораи бекорон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ масъала гузошта шавад. Стратегияи миллӣ воситаи рушди соҳаи маориф барои ноил шудан ба мақсадхои гузошташуда мебошад. Низоми нави маориф, ки мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, бояд ба талабагон имконияти аз худ намудани салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро, ба монанди қабули масъулиятнокии қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касб, илмомузӣ дар давоми тамоми ҳаёт, салоҳияти алоқадорӣ, тайёрии касбии дар бозори меҳнат талаботдошта, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи солими ҳаёт, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмин намояд.

Мақсади асосии Стратегияи миллӣ - фароҳам овардани шароит барои таъмини хизматрасонии амалию самарабахши маориф ва дастрас будани таҳсилоти дахлдори босифат барои ҳама ва ба ҳалли вазифаҳои зерин равона гардидани он:

- таъмини некӯаҳволии шаҳрвандон ва суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа;

- бунёди заминаи кадрии рушди иқтисодӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, рушди истеҳсолоти технологӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар.

Бо дарназардошти ҳадафу вазифаҳои ба захираи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандони он табдил додани низоми маориф, самтҳои асосии зерини Стратегияи миллӣ муайян шудаанд:

- навсозии мазмуни таҳсил;

- тағйироти сохтории соҳаи маориф;

- таъмини дастрасии таҳсилоти босифат.

Татбиқи Стратегияи миллӣ дар доираи самтҳои асосӣ ба ҳалли вазифаҳои зерин равона хоҳад шуд:

Тағйир додани мазмуни таҳсил:

- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои нави замонавӣ бо мақсади таъмини инкишофи кӯдакон, омодасозии ҷисмонию рӯҳии кӯдакон ба фаъолияти мунтазами маърифатӣ;

- навсозии мазмуни таҳсилоти умумӣ дар асоси гузариш аз модели донишандӯзӣ ба модели салоҳиятнокии таълими ба инҳо ннгаронидашуда;

- ташаккули ҷаҳонбинии ба фаҳмишҳои замонавии илмӣ, моҳиятан демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ асосёфта;

- асосҳои рафтори хушахлоқона;

- азхуд намудани малакаи ҳаётан муҳиму тарзи ҳаёти солим ва ташаккули дониши рафтор дар ҳолатҳои фавқулодда;

- омодасозӣ ба фаъолияти касбӣ;

- навсозии таҳсилоти иловагӣ, бо дарназардошти вусъат бахшидани фаҳмишу тасаввуроти кӯдакон дар хусуси муҳити атроф, воридшавии онҳо ба дунёи касбҳо ҷиҳати дониста интихоб кардани онҳо;

- навсозии таҳсилоти махсус дар муносибати байниидоравӣ нисбат ба таҳсилот, офиятбахшӣ ва ба ҷомеа ҷалб намудани кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус, мусоидат барои зоҳир намудани ташаббусҳои ҳартарафа, дастгирии такомули шахсият, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъол сохтани мавқеи оила дар иҷтимоикунонии кӯдак, амалӣ намудани захираҳои дохилии худи кӯдак ва аъзои оилаи он;

- навсозии мазмуни таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ба талаботи бозорҳои дохилии меҳнат, дархости оила ва мувофиқшавии бомуваффақият дар бозорҳои хориҷии меҳнат равона сохтани он;

- навсозии мазмуни таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи талаботи иқтисодиёт ва вазифаҳои ташаккули элитаи зеҳнии кишвар.

2) Бозсозии сохтори низоми маориф ва механизмҳои ташкилию иқтисодӣ:

- ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти пешазмактабӣ барои кӯдакони 56-сола;

- таҳия ва ҷорӣ намудани низоми нави пардохти музди меҳнати дорои тафриқаи афзоянда вобаста ба миқдор ва сифати меҳнат;

- бунёди низоми иштироки хонандагон дар машғулиятҳои иловагӣ аз рӯи интихобашон, ки бояд дар нақшаи таълимии мактаб пешбинӣ карда шавад;

- таҳияи асоси низоми ташхисии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии ба муносибати мақсадноки барномавӣ асосёфта;

- бунёди низоми дахлдори таҳсилоти махсус барои таълими кӯдакони маъюб ва кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд;

- ҷорӣ намудани таҳсилоти фарогир;

- ташаккул додани низоми омӯзиши бозори меҳнат;

- ба низоми таҳсилоти оммавии аҳолӣ табдил додани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

- баланд бардоштани тамоюли амалияи таҳсилоти олӣ ва робитаи он бо бозори миллӣ ва бозорҳои маҳаллии меҳнат, ба омили муассири рушди минтақаҳо табдил додани муассисаҳои таҳсилоти олӣ;

- ҷорӣ намудани таҳсилоти миёнаи касбии дузинагӣ (таҳсилоти миёнаи касбӣ ва бакалавр) ва таҳсилоти олии касбӣ;

- такмили механизмҳои молиявӣ дар таҳсилоти касбӣ;

- тавсеаи иштироки намояндагони бозори меҳнат дар рушди таҳсилоти касбӣ;

- гузариш аз идоракунии муассисаҳо ба идоракунии барномаҳо дар таҳсилоти касбӣ;

- инкишофи идоракунии давлатию ҷамъиятии маориф;

- бунёди низоми миллии баҳодиҳии сифати ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

- баланд бардоштани сифати идоракунии маориф ва ба натиҷаҳои ниҳоӣ равона сохтани он.

3) Таъмини баробарӣ дар дастрасӣ ба таҳсилоти босифат:

- ҷорӣ намудани шаклҳои мухталифи ташкилию ҳуқуқии хизматрасонии таҳсилоти томактабӣ;

- бунёди низоми барвақт ошкор намудан ва ислоҳ кардани нуқсонҳо дар инкишофи кӯдакон;

- баланд бардоштани сифат ва таъмини баробарӣ дар таъминоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо захираҳо;

- ҳавасманд гардонидан ва фароҳам овардани шароит барои таҳсилро идома додани духтарон пас аз гирифтани таҳсилоти ҳатмӣ;

- рушди низоми таҳсилоти иловагии кӯдакон ҳамчун воситаи қонеъ гардонидани дархостҳои инфиродии талабагон ва иҷтимоикунонии кӯдакону наврасон, аз ҷумла душвортарбия:

- бунёди низоми дастгирии хонандагони деҳотӣ, ки барномаҳои таҳсилоти касбиро аз худ менамоянд;

- бунёди низоми пайдо ва дастгирӣ намудани кӯдакони болаёқат, аз ҷумла додани имтиёзҳо ва кӯмакпулиҳо барои таҳсилоти миёна ва олии касбии онҳо;

- таъмини дастрасии ақаллиятҳои миллӣ барои таҳсилот ба забони модариашон, нигоҳ доштани гуногуншаклии фарҳангӣ ва забонӣ дар мухити таҳсилот;

- ҷорӣ намудани низоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯи натиҷаҳои санҷиши (тест) миллӣ;

- дастгирии кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва ҳамгироии онҳо ба муассисаҳои муқаррарии таълимӣ.

3. Афзалиятҳои рушди соҳаи маориф

§.Таҷдиди мазмуннокии таҳсил

Дар давоми давраи баррасишаванда навсозии усулӣ дар ҳамаи зинаҳои соҳаи маориф гузаронида мешавад.

Дар низоми таҳсилоти томактабӣ бояд талаботи нав нисбат ба мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шароити таълимдиҳии кӯдакон, барномаҳои таълимӣ, воситаҳои аёнии нави замонавӣ ва ғайра.

Низоми таҳсилоти ибтидоӣ вазифаҳои такомули кӯдакон, омодасозии ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакон ба фаъолияти мунтазами маърифатӣ, ташаккули асосҳои ибтидоии саводу ҳисобкуниро иҷро карда, бо ин роҳ барои ноил шудан ба мақсади баробар кардани шароити ибтидоӣ барои кӯдакони мансуб ба гурӯҳои мухталиф ва дорои шароити мухталифи зиндагӣ хизмат хоҳад кард.

Мазмуни таълим дар мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1-5), мактаби асосӣ (синфҳои 6-9) ва мактаби миёна (синфҳои 10-11) бояд куллан тағйир ёбад. Инро мутобиқ набудани мазмуни таҳсилоти анъанавии "академӣ" ба талаботи замон ва вазифаҳои касбомӯзии аҳолӣ дар шароити саноатикунонии иқтисодиёт тақозо менамояд.

Мазмуни таҳсил дар мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1-5) азхудкунии шаклҳои нави фаъолияти таълимӣ ва баробар кардани шароити ибтидоиро таъмин хоҳад кард. Гузариш ба оғози барвақттари таҳсил дар мактаб таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои нави таълимӣ ва технологияҳои таълимии кор бо кӯдакони 6-сола, таълимдиҳӣ дар шакли бозӣ, бунёди заминаи дахлдори моддию техникӣ ва иқтидори кадриро тақозо менамояд. Натиҷаи асосии таҳсил дар мактаби ибтидоӣ малакаи ташаккулёфтаи мутолиаи босамар ва кор бо рақамҳо хоҳад буд.

Вазифаҳои асосии таҳсил дар мактаби асосӣ (синфҳои 6-10) аз инҳо иборат хоҳанд буд:

- ташаккули ҷаҳонбинии дунявии маънавии ба арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ асосёфтаи насли наврас;

- парваридани малакаи тарзи ҳаёти солим ва рафтор дар ҳолатҳои фавқулодда;

- равона сохтани таълим ба мутобиқшавии бомуваффақияти иҷтимоӣ ва меҳнатӣ, тарбияи шаҳрванди масъулиятшинос, бунёдкор ва ботаҳаммули кишвар ва ҷаҳон;

- ҷорӣ намудани таълими ибтидоии ҳунаромӯзӣ, раҳнамоии касбӣ ва тайёрии ҳатмии касбӣ.

Вазифаи мактаби миёнаи умумӣ, аз он ҷумла мактаб-интернат (барои кӯдакони бе парастории волидайн монда ва кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд) (синфҳои 11-12) аз таъмини таҳсилот бо ҳадафҳои интихоби огоҳонаи касб ва самти таҳсилоти касбӣ дар асоси касбомӯзӣ, азхуд кардани нақшҳои иҷтимоӣ ва салоҳиятҳои асосӣ ҳамчун манбаи муваффақият иборат хоҳад буд.

Рушду инкишофи низоми таҳсилоти иловагии кӯдакон, ки дар ҳамаи марҳилаҳо бояд барои худмуайянкунии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва касбӣ, худтакомулдиҳии эҷодии шахсият, ҳамгироии он ба фарҳанги ҷаҳонию миллӣ шароит фароҳам оварад, дар баланд бардоштани сифати таълим нақши муҳим мебозад.

Дар назди низоми таҳсилоти иловагӣ вазифаҳои зерин гузошта шудаанд:

-пешгирии аз меъёр дур шудани рафтори кӯдакону наврасон;

-таҳкими саломатии рӯҳию ҷисмонии кӯдакон;

-инкишофу такомули фардият, қобилияти муоширати кӯдакон, лаёқати кӯдакон;

-ислоҳи инкишофи рӯҳию ҷисмонӣ ва ақдии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус.

Имрӯз барои амалӣ сохтани ин вазифаҳо захираҳои соҳа нокифояанд. Фарогирӣ бо таҳсилоти иловагӣ дар ҷумҳурӣ камтар аз 1 фоиз шумораи умумии хонандагони синну соли мактабиро ташкил медиҳад.

Принсипи ихтиёрӣ ва ройгон будани машғулиятҳо дар иттиҳодияҳои кӯдакон, ҳарчанд ғайриоддӣ бошад ҳам, рағбати волидайнро ба онҳо паст мекунад. Низоми ҷалби волидайн ба барномаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд минбаъд таҳия карда шавад.

Барои то соли 2020 то 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти иловагӣ андешидани тадбирҳои зерин лозим аст:

-таҳияи стандартҳо ва вариантҳои барномаҳои таҳсилоти иловагии кӯдакон, аз ҷумла барномаҳо барои кӯдакони дорои талаботи махсуси таҳсилот;

-фаъолона ҷорӣ намудани барномаҳои таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавассути бунёди низоми иштироки мактаббачагон дар машғулиятҳои иловагӣ аз рӯи интихобашон, ки ин бояд дар нақшаи таълим пешбинӣ карда шавад;

-ташкили муассисаҳои таҳсилоти иловагии кӯдакон дар он ноҳияҳое, ки ин гуна муассисаҳо надоранд;

-фаъолона ҷалб намудани маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимият ва соҳибкорон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои бештар фаро гирифтани кӯдакон бо таҳсилоти иловагӣ ва барқарор намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои амалкунандаи таҳсилоти иловагӣ.

Дар назди низоми таҳсилоти махсус вазифаҳои зерин гузошта шудаанд:

-таҳияи стандартҳо ва барномаҳои махсус барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, кӯдакони маъюб, кӯдакони душвортарбия;

-таҳия ва тадриҷан ҷорӣ намудани барномаҳои касбомӯзӣ аз рӯи интихоби кӯдакони дар боло зикршуда;

-фаъолона ҷалб намудани маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимият ва соҳибкорон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва волидон барои фароҳам овардани шароити дахлдор барои кӯдакони ба таҳсилоти махсус ниёздошта ва барқарор намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои амалкунанда.

Мазмуни таҳсилоти касбӣ мутобиқи талаботи ҷорӣ ба нақша гирифташавандаи иқтисодиёт, ниёзҳои бозори меҳнат, ҷомеа ва оила таҷдиди назар мешавад.

Дар ҳама зинаҳои таҳсилоти касбӣ Стандартҳои давлатии таҳсилотии (СДТ) нав ҷорӣ карда мешаванд. Онҳо дар асоси шартҳои навсозии таҳсилоти касбӣ бо дарназардошти дастовардҳои охир дар илм, техника ва технология таҳия карда мешаванд.

Барои таъмини дастрасии таҳсилот дар давраи тамоми ҳаёт фарогирии ҷавонон, калонсолон, маъюбон ва дигар шахсон ба таҳсилоти касбӣ васеъ мегардад, аз ҷумла аз ҳисоби инкишофи таълим дар курсҳои кӯтоҳмуддат бо ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ. Бо ин мафҳуми "таҳсилоти калонсолон" дар Тоҷикистон маҷмӯи раванди дохилшавии таълими ғайрирасмӣ, ё дигар намудҳо баррасӣ мегардад, ки бо кӯмаки онҳо калонсолон (бо мақсадҳои таҳсилот аҳолии аз 25сола боло) қобилиятҳои худро инкишоф медиҳанд, дониши худро ғанӣ мегардонанд, дараҷаи техникӣ ва касбии худро мукаммал мекунанд, ё ин ки онҳоро дар самтҳои нав барои қонеъ гардидани талаботи худ ва талаботи ҷомеа истифода мебаранд. Таҳсилоти калонсолон ҳам таҳсилоти расмӣ ва ҳамчунин таҳсилоти муттасил, ғайрирасмӣ ва тамоми маҷмӯи таҳсилоти ғайрирасмӣ ва иловагиро фаро мегирад.

Дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:

- таҳия ва тасдиқи стандартҳои таълимии нави замонавии дар асоси стандартҳои касбӣ ва муносибати босалоҳият таҳиягардида;

- инкишофи тағйирпазирӣ ва вариантнокии барномаҳои таълимӣ дар асоси ҷорӣ намудани ташкили модули барномаҳо;

- ба барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касон ворид намудани қисматҳо оид ба менеҷмент ва соҳибкорӣ;

- зиёд кардани қабул ба барномаҳои тайёрии касбӣ.

Дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:

- такмил додани таснифоти ихтисосҳо мутобиқи талаботи бозори меҳнат ва дурнамои рушди ҷомеа;

- таъмини муттасилии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо зинаҳои дигари таҳсилот;

- дар амал ҷорӣ намудани стандартҳои давлатии таълимии нави замонавӣ аз рӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- ташаккули таъминоти таълимию барномавӣ ва таълимию методии ҷараёни таҳсил, китобҳои дарсӣ, асбобҳои аёнӣ ва воситаҳои нави замонавии таълим;

- рушди шаклҳои гуногуни таълим (рӯзона, шабона, ғоибона ва экстернат) ва омезиши муносиби онҳо дар ҷараёни таҳсил, рушди таҳсилоти фосилавӣ;

- ҷорӣ намудани технология ва усулҳои нави таълим (аз ҷумла ба шахсият нигаронидашуда, модулӣ, бошиддат, технологияҳои иттилоотӣ);

- вусъат бахшидани мустақилияти муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули мазмуни таҳсилот.

Зарур аст, ки навъҳои мухталифи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия гардида, онҳо ҳарчи бештар ба ташаккули салоҳияти касбӣ равона карда шаванд.

Дар низоми таҳсилоти олии касбӣ андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:

- навсозии мазмуни таҳсил тибқи талаботи иқтисодиёт ва вазифаҳои ташаккули шахсиятҳои баргузидаи (элитаи) зеҳнии кишвар;

- такмил ва тайёр намудани ҳайати педагогӣ ба воситаи магистратура, аспирантураи мақсаднок, Рh.D ва низоми такмили ихтисос;

- дастгирӣ ва инкишоф додани барномаю технологияҳои инноватсионии таҳсилоти касбӣ;

- такмили заминаи моддию техникӣ бо мақсади таъмини талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти тарбияи кадрҳо;

- ташкил ва инкишоф додани махзани маълумот бо воситаҳои электронии таълимии ба ҳама дастрас;

- зиёд кардани ҳиссаи фаъолияти мустақилонаи донишҷӯ дар азхудкунии барномаҳои таълим, аз ҷумла дар асоси истифодаи васеи манбаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ.Нақши муаллим аз интиқоли дониш ба ташкили фаъолияти таълимӣ иваз мешавад;

- марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти муттасил аз рӯи ихтисосҳои муайян;

- гузариш ба стандартҳои нави замонавии ба муносибати салоҳиятнок ва ташкили модули барномаҳо асосёфта.

Меъёри таҳсилотии дастрас будани барномаҳои таълимӣ: барномаҳои таҳсилот ва тайёрии ибтидоии касбӣ - таҳсилоти асосии умумӣ, барномаҳои тақсилоти миёнаи касбӣ - таҳсилоти пурраи умумӣ, барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ - таҳсилоти пурраи миёна, таҳсилоти миёнаи касбӣ.

§2. Тағйироти сохтории низоми маориф

Таҳсилоти томактабӣ дар шаклҳои мухталиф то соли 2020 бояд ба ҳамагон дастрас ва оммавӣ гардида, кӯдакони синну соли болоии томактабиро ҳадди аксар бо барномаҳои таълимӣ (тайёрии томактабӣ) фаро гирад.

Инфрасохтор ва барномаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд сарбории асосии ислоҳи барвақтии аз меъёри инкишоф дур шудани кӯдаконро ба зиммаи худ гиранд. Ба ошкор намудани кӯдакони дорои эхтиёҷоти махсуси таҳсил таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда хоҳад шуд.

Давлат барои рушди бахши хусусӣ дар таҳсилоти томактабӣ шароит фароҳам меорад. Шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ дар таҳсилоти томактабӣ - аз хизматрасонии шабонарӯзӣ то гурӯҳҳои кӯтоҳмуддат ҷорӣ карда мешаванд.

Бо истифода аз ҳамаи шаклҳои ташкили таҳсилоти томактабӣ то соли 2020 то 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон бо барномаҳои таҳсилотӣ ва то 50 фоиз расонидани фарогирии кӯдакони синну соли калони томактабӣ (5-сола) лозим аст. Иҷрои ин вазифаи калонҳаҷм тавсеаи шаклҳои хизматрасонии таҳсилоти томактабӣ, аз он ҷумла рушди минбаъдаи кӯдакистонҳо ва марказҳои хусусии инкишофи кӯдакон, таҳия ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави боғчаҳои бачагони оилавӣ ва дубастаро тақозо менамояд.

Дар давоми 10 соли наздик дар низоми таҳсилоти умумӣ тағйироти куллӣ ба миён хоҳад омад. Ин бо гузариш ба таҳсилоти ба салоҳиятнокӣ равонагардида бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст.

Як сол кам кардани синну соли таҳсили мунтазам (аз 6-солагӣ) ва зиёд намудани давомнокии мактаби ибтидоӣ бояд сифати таълимро хеле баланд бардошта, норасоиҳои марбут ба фарогирии пасти таҳсилоти томактабиро ислоҳ намояд.

Ҳар зинаи таҳсилот маҷмӯи масъалаҳои худро ҳал менамояд:

Мактаби ибтидоӣ барои омода сохтани кӯдакон ҷиҳати азхудкунии шаклҳои нави фаъолияти таълимӣ ва баробар кардани шароити ибтидоӣ давомнокии таълимро то 5 сол зиёд менамояд.

Мактаби асосӣ - аз синфи 6 то синфи 9, бо мақсадҳои асосии ташаккули ҷаҳонбинӣ, тарбияи малакаи тарзи ҳаёти солим, ба мутобиқшавии бомуваффақияти иҷтимоӣ ва меҳнатӣ равона сохтани таълим, тайёрии ҳатмии касбӣ.

Мактаби миёнаи умумӣ синфҳои 10-11, бо мақсадҳои асосии интихоби бошуури касб ва самти таҳсилоти касбӣ, азхуд намудани нақшаҳои иҷтимоӣ ва салоҳиятҳои асосӣ ҳамчун манбаи муваффақият.

Дар барномаҳои таълимии таҳсилоти миёна барномаҳои оид ба тайёрии касбии таъминкунандаи азхудкунии касбҳои коргарӣ ҷорӣ карда мешаванд. Татбиқи онҳо бо захираҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, захираҳои худи мактабҳо, муассисаҳои истеҳсолии минтақае, ки мактаб ба он хизмат мерасонад, таъмин карда мешавад.

Таҳсилоти махсус:

- Рушду инкишофи шабакаи комиссияҳои равонию тиббӣ ва педагогӣ(КРТП);

- ташкили низоми муассисаҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва таҳсилотии таъминкунандаи ислоҳи иллатҳо ва дастрасии таҳсилот барои шахсони дорои эҳтиёҷоти махсус;

- тайёр намудани кадрҳои педагогӣ, кормандони тиббӣ ва иҷтимоии дорои донишу малака оид ба таҳсилоти фарогир;

- бунеди моделҳои иҷтимоӣ, педагогӣ, иқтисодӣ ва технологияҳои таълимию тарбиявии таҳсилоти фарогир.

Вазифаи асосии низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ташаккули нерӯи коргарии соҳибихтисос, дастгирии тахассусии зарурии ҳайати мутахассисони фаъолияткунанда мебошад. Афзалияти пешбарандаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ реструктуризатсияи шабакаи амалкунанда бо мақсади табдил додан ба низоми таҳсилоти оммавии аҳолӣ ва равонасозӣ ба тайёрии касбии аҳолӣ, мувофиқи талаботи иқтисодиёт ва бо назардошти омилҳои минтақавӣ мебошад.

Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ - бо мақсади ташаккули қувваи коргарии баландихтисос, нигоҳ доштани тахассуси ҳайати амалкунандаи мутахассисон.

Барномаҳои татбиқшаванда:

- таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- таҳсилоти иловагии касбӣ: тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дараҷаи дахлдори тахассус.

Тарҳрезӣ ва ҷорӣ намудани шабакаи муассири муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таъмини дастрас будани ин зинаи таҳсилот ҳам аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва ҳам аз ҷиҳати барномавӣ лозим аст.

Муассисаҳои дорои зинаю самтҳои зиёд таъсис дода мешаванд, ки ҳамаи намудҳои барномаҳоро татбиқ менамоянд. Дар баробари ин, муассисаҳои ба татбиқи навъи муайяни барнома тахассусдодашуда фаъолият мекунанд. Барои ин мақсадҳо истифодаи шаклҳои мухталифи ташкили муассисаҳо, аз он ҷумла гузариши муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба мартабаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо нигоҳ доштани барномаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, кушодани барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ғайра зарур аст.

Дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бояд шабакаи васеи марказҳои таълимии таъминкунандаи касбомӯзии оммавӣ, ивазкунии касб ва такмили ихтисос таъсис дода шавад. Чунин марказҳо мумкин аст дар назди мақомоти идораи давлатӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ, шахсони алоҳида, дар назди корхонаҳои пурсамар фаъолияткунандаи дорои шаклҳои мухталифи моликият, аз ҷумла корхонаҳои кишоварзӣ, барои истифодаи заминаи истеҳсолии корхонаҳои дар фаъолияти таълимӣ, таъсис дода шаванд. Хизматҳои пешниҳодшаванда ҳам аз ҷониби корфармо ва ҳам аз тарафи корманде, ки соҳиби касб мегардад, маблағгузорӣ мешаванд.

Низоми дастгирии давлатии ташкилотҳои истеҳсолие, ки дар мавриди таҳсилоти мунтазами касбӣ хизматрасонии босифат анҷом медиҳанд ва ё барои ташкили омӯзиши касбӣ майдонҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот ва кормандонро пешкаш менамоянд, таҳия ва ҷорӣ карда мешавад.

Таҳсилоти олии касбӣ - таъмини тайёр намудани элитаи касбии миллат, насли нави синфи тавлидгар дар истеҳсолот, соҳаи идоракунӣ ва иҷтимоиёту фарҳанг.

Барномаҳои татбиқшаванда:

- бакалавриат;

- магистратура;

- мутахассис;

- интернатура;

- ординатура (резидентура);

- аспирантура (аз ҷумла бо гирифтани унвони доктори фалсафа (РhD));

- докторантура;

- таҳсилоти иловагӣ (илова ба олӣ).

Дарёфти усулҳои идоракунии гурӯҳҳои мутахассисони дорои маълумоти олӣ, миёна ва касбӣ, муносиб кардани шабакаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, калонкунии онҳо аз ҳисоби васеъ кардани траекторияи тайер кардани хатмкунандагон, бунёди пойгоҳҳои пуриқтидори илмию тадқиқотӣ, корхонаҳои хурд ва бизнес-инкубаторҳо лозим мешавад.

Ҷанбаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба иштирок дар рушди минтақа ва ҷумҳурӣ, таҳия ва пешкаш намудани барномаҳои рушд, машваратдиҳӣ ва корҳои илмию муҳандисӣ равона хоҳад шуд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ манбаи муҳими зеҳнии рушди минтақаҳо ва истифодаи ин манбаъ имконият медиҳад, ки соҳаи фаъолияти муассисаи таҳсилоти олӣ васеъ гардонида, омезиши барномаҳои таълимӣ бо амалия тақвият дода шавад.

Идома бахшидани корҳо дар бобати бунёди технопаркҳо (марказҳои донишгоҳӣ), ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ, коллеҷҳо, литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳоро аз рӯи мансубият ба минтақа (соҳа) муттаҳид месозанд, дар назар дошта шудааст. Дар асоси моделҳои шабакавии ташкили ҷараёни таълим захираҳои зинаҳои мухталифи муассисаҳои таҳсилотӣ муттаҳид карда мешаванд, ки ин истифодаи самараноки онҳоро таъмин хоҳад кард. Таъсиси чунин сохторҳои муттаҳидшуда дар соҳаи маориф барои татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми комплексӣ, мусоидат барои ташкили ҷараёнҳои такмили ихтисос ва татбиқи барномаҳои рушди минтақаҳо ва соҳаҳои саноат имконият медиҳад. Ҳалли масъалаҳои марбут ба таҳқиқот, тарҳрезӣ, тайёр намудани кадрҳоро барои соҳаҳои стратегии иқтисодиёти кишвар (энергетика, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, металлургияи ранга ва ғайра) бо дастгирии дахлдори молиявӣ ва масъулият барои натиҷаҳо ба зиммаи технопаркҳо вогузоштан дар назар дошта шудааст.

Фаъолияти муштараки воҳидҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва мактабҳои олӣ самараи бештар хоҳад дошт. Барои ташкили чунин ҳамкорӣ барномаҳои тадқиқоту корҳои муштараки илмӣ, ба коллективҳои таҳиягарон дохил кардани донишҷӯёну аспирантҳо, ба доираҳои таълимии донишгоҳҳо баровардани натиҷаҳои ин корҳо пешниҳод карда мешавад.

Ислоҳоти бо ҳамин тариқ дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта таҳсилоти калонсолонро дар давоми тамоми умрашон таъмин карда метавонад.

§3. Таъмини дастрасии таҳсилоти босифат

Номутаносибии ҷойдошта дар дастрасии баробар ба таҳсилот ҳалли бетаъхири як қатор вазифаҳои асосиро тақозо менамояд.

Маҷмӯи механизмҳо ҷиҳати баробар сохтани дастрасии кӯдакони хурдсол ба макбаҳои таҳсилот, бояд таҳия ва ҷорӣ карда шаванд, ки инҳоро дар бар мегирад:

- таъмини афзалиятноки таҳсилоти томактабии кӯдакон аз оилаҳои мансуб ба гурӯҳи хатарнок;

- дастгирии давлатии оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифзнашуда бо роҳи пурра ё қисман озод намудани онҳо аз пардохти маблағ барои дар муассисаи томактабӣ нигоҳ доштани кӯдак;

- бунёди низоми марказҳои кӯмаки машваратӣ ва методӣ ба оилаҳое, ки кӯдакони синну соли томактабиро дар хона тарбия менамоянд;

Ташаккули низоми таъминоти тиббию равонӣ ва педагогии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таълимӣ ҷиҳати:

- ошкор ва ислоҳ намудани кӯдакони дорои иллат дар инкишоф дар синну соли хурди томактабӣ, ҳангоме ки дахолат ҷиҳати ислоҳ самараи бештар дорад, ташкили хадамоти кӯмаки саривақтӣ ба кӯдакҳои (аз 0 то 3-сола) ва оилаҳои онҳо;

- инкишофи шаклҳои таҳсилоти ҳамгиро ва фарогири кӯдакони синну соли томактабии дорои имкониятҳои маҳдуд, фароҳам овардани шароити зарурии барномавию методӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ дар муассисаҳое, ки чунин таҳсилотро амалӣ менамоянд.

- ташаккули барномаи давлатии иштироки мақомоти маҳаллии ҳокимият ва ҷамоатҳо дар ташкили захираҳои таълимӣ барои кӯдакони хурдсол дар деҳот;

-таҳияи барномаи давлатии рушди инфрасохтор ва заминаи моддию техникии таҳсилоти томактабӣ барои фароҳам овардани шароити санитарӣ (барқ, гармӣ, об, ҳавзи оббозӣ, канализатсия, таҷҳизоти ошхона ва ғайра), бо мебел, бозичаҳо, китобҳо таъмин намудани муассисаҳое, ки барномаҳои таълиму тарбияи кӯдакони хурдсолро амалӣ месозанд;

-вусъат бахшидани фарогирии кӯдакони хурдсол бо барномаҳои таҳсилотӣ аз ҳисоби инкишофи муассисаҳои ғайридавлатӣ ва хусусӣ, ташкили шаклҳои камхарҷи таълими томактабӣ, ба монанди марказҳои инкишофи кӯдакон, кӯдакистонҳои дар ду баст коркунанда, кӯдакистонҳои оилавӣ ва ғайра.

Барои коҳиши нобаробарӣ дар дастрас будани таҳсилот аз рӯи асосҳои иҷтимоӣ маҷмӯи тадбирҳое таҳия ва татбиқ мегарданд, ки инҳоро дар бар мегиранд:

-таъмини хонандагони синфҳои ибтидоӣ (хусусан кӯдакони 6-сола, духтарон, кӯдакони ятим, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат) ва кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус бо хӯроки гарми якдафъаина;

-таъмини хонандагони мактабҳо бо китобҳои дарсӣ, аз ҷумла ба таври афзалиятнок кӯдакон аз ақаллиятҳои миллӣ, кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат;

-тайёр ва бозомӯзии муаллимони дар мактабҳои мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ коркунарда, инчунин муаллимони ба кӯдакони кару гунг дарсдиҳанда, дефектологҳо ва дигар мутахассисони педагогӣ;

-таъмини ҷалби мақомоти худидоракунин маҳаллӣ ба ҷараёни ташкили таҳсилоти фарогир.

Баробар кардани сатҳи таҳсилоте, ки кӯдакон дар шаҳру деҳот мегиранд, беҳтар намудани таъминоти захиравии мактабҳои деҳот, инкишофи низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои наврасону ҷавонони деҳот, таҳияи барномаҳои махсуси ошкор ва дастгирӣ намудани ҷавонони боистеъдоди деҳотӣ, аз оилаҳои камбизоати шаҳрию деҳотӣ барои идомаи таҳсил аз рӯи барномаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро дар назар дорад.

Масъалаи махсус - баланд бардоштани сатҳи маърифати духтарон мебошад. Дар баробари тартиби таҳсил кардани духтарон барномаҳои махсуси тайёрии касбие таҳия карда мешаванд, ки идомаи таҳсилро пас аз хатми марҳилаи ҳатмӣ барои духтарони ҷозибу ояндадор мегардонанд. Ҳамчунин механизмҳои ташхиси гендерии китобҳои дарсӣ, инчунин таъминота барномавию методӣ барои мактабҳо тартиб дода шуда, ин ташхис бо ворпд намудани тасҳеҳоти минбаъда амалӣ гардонида мешавад.

Дар бахши таҳсилоти касбӣ:

- бо сохтори талаботи бозорҳои дохилӣ ва берунаи меҳнат мутобиқ сохтани ҳаҷми тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олӣ;

- муносибгардонии ҷойгиркунонии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҷиҳати бештар бо ин зинаи таҳсилот фаро гирифтани аҳолии деҳот;

- вусъат бахшидани шабакаи муассисаҳое, ки барномаҳои таълимии кӯтоҳмуддатро пешниҳод менамоянд;

- бунеди инфрасохтори бозори меҳнатие, ки тамоюли соҳаи маорифро ба бозорҳои меҳнат таъмин менамоянд;

- истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои фосилавӣ барои афзун гардонидани дастрасии барномаҳои таҳсилоти касбӣ;

- истифодаи ҳарчи бештари барномаҳои ташкилии модулӣ;

- ташкили Портали ҷумҳуриявии таҳсилотие, ки ба ҳамаи зинаҳои таҳсил хизмат мерасонад;

- афзун гардонидани анвои касбу ихтисосҳо дар низоми таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти омили гендерӣ;

- ташаккули низоми тайерӣ ва таҳсилоти касбии шахсони дорои эҳтиёҷоти махсус;

- таъсиси марказҳои захиравии таҳсилоти касбӣ.

4. Механизмҳои татбиқи стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

§1. Инкишофи заминаи моддию техникӣ

Захираи стратегии рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ сармояи инсонӣ мебошад, ки ин аҳамияти махсуси сармоягузориро барои рушду инкишофи ин захира муайян месозад.

Инкишофи он инҳоро тақозо менамояд:

- бартараф намудани камбудии захираҳои моддӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои ҳайати ҷойдоштаи таълимгирандагон;

- сохтмон ва таҷдиди биною иншооти таҳсилоти томактабӣ;

- сохтмони мактабҳои нав, аз ҷумла ба ҷои мактабҳои садамавӣ, ба анҷом расонидани сохтмони биноҳои сохтмонашон нотамом, васеъ кардани мактабҳои амалкунанда бо мақсади зиёд кардани ҷойҳои нишаст;

- барқарор намудани инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ;

- таъмир ва барқарор намудани инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти махсус;

- сохтмони биноҳои нав ва таҷдиди биноҳои амалкунанда дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳкими заминаи моддию техникии онҳо;

- таҳияи маҷмӯи нави китобҳои дарсӣ ва маводи таълимию методӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мутобиқи тағйирёбии мазмуни таҳсилот, бо мақсади афзоиши дастрасии ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

- вусъат бахшидани истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим ва идоракунии маориф;

- таҳияи воситаҳои таълимию методӣ, нашри онҳо, мувофиқсозӣ ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ ва забонҳои ақаллиятҳои миллӣ;

- дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсис намудани корхонаҳои хурд, технопаркҳо, марказҳои оид ба расонидани хизматҳои машваратӣ, лоиҳавӣ ва хизматҳои дигар.

Дар шароити имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ба истифодаи ҳарчи бештари заминаи захиравии дар ихтиёри соҳаи маориф буда дар асоси андешидани тадбирҳои зерин таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад:

- ташкили шаклҳои самарабахши таҳсилоти томактабие, ки ҷадвали муносиби нигоҳ доштани кӯдаконро (аз 2 то 5 маротиба дар як ҳафта бо давомвокии 2-5 соат дар як рӯз) вобаста ба имкониятҳои захиравӣ ва хоҳиши волидон пешбинӣ менамоянд;

- ҷорӣ намудани модели шабакавии истифодаи захираҳои ба истифодаи муштараки захираҳои моддӣ аз ҷониби якчанд муассисаҳои таҳсилотии зинаҳои мухталиф (мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ) асосёфта;

- аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба мактабҳо супурдани татбиқи барномаҳои таҳсилоти умумӣ; дар корхонаҳои иқтисодиёти воқеӣ ҷойгир намудани таълими касбӣ бо истифодаи таҷҳизоти амалкунандаи корфармоён;

- ташкили воҳидҳои сохтории кӯдакистонҳо, мактабҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагию махсус ва муассисаҳои таъиноти ҷамъиятӣ (қасрҳои фарҳанг, кинотеатрҳо ва ғайра) барои зиёд кардани фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ дар шакли кӯдакистонҳои оилавӣ ва мавсимӣ (дар давраи ҳадди аксар машғул будани волидайн);

- ташкили сафарбаркунии омӯзгорон ("десантҳои педагогӣ") дар деҳот, ки ба маҳалҳои дурдасти аҳолинишин рафтани омӯзгорон ва ё гурӯҳи мутахассисонро ҷиҳати гузаронидани машғулиятҳо бо кӯдакон ва додани машваратҳо ба волидони онҳо оид ба масъалаҳои таълиму тарбия пешбинӣ менамояд;

- ташкили озмоишгоҳҳо ва синфҳои компютерии сайёр.

Барои навсозӣ ва инкишофи заминаи моддию техники муассисаҳои таълимӣ аз ҳар гуна манбаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби шарикии давлатию хусусӣ маблағҳо ҷалб карда мешаванд.

То соли 2020 дар асоси шарики давлатию хусусӣ вобаста ба имконот миқдори муайяни мактабҳо ва муассисаҳои томактабии деҳот бо низомаҳои мустақили таъминоти барқӣ ба истифодаи манбаъҳои эхёшавандаи энергия асосёфта фаро гирифта мешавад. Бо манбаъҳои иттилоотӣ ва нуқтаҳои дастрасӣ ба Интернет таҷҳизонидани ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар назар аст.

§2. Технологияҳои нави таълимӣ

Барои таъмини амалӣ сохтани мазмуни нави маориф, пурра кардани камбуди захираҳо, аз ҷумла захираҳои кадрӣ, дар соҳаи маориф гузариш ба технологияҳои нави таълимӣ, бо дарназардошти дастовардҳо дар илму техника ва технология амалӣ карда мешавад, ки ба инҳо асос хоҳанд ёфт:

- таҳсилоти ба ташаккули салоҳиятнокӣ равонагардида, ки ҳадафу вазифаҳои таҳсилотро вобаста ба натиҷаи он муайян намуда, дараҷаи ташаккули салоҳиятҳои асосии талабаро дар баробари дониш, маҳорат ва малака ба сифати яке аз натиҷаҳои таҳсилот баррасӣ менамояд;

- истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳамчун иқтидор барои беҳтар намудани сифати ҷараёни таълим ва натиҷаҳои он, тавсеаи дастрасӣ ба таҳсилот ва баланд бардоштани самараи ҷараёнҳои идоракунӣ. Технологияҳои компютерӣ воситаи пуриқтидори алоқаи ҷараёни таълим бо ҳолатҳои воқеии ҳаётӣ мебошанд. Интернет робитаҳои мартабавии байни муаллим ва талабагонро тағйир медиҳад; вобастагии талабагон аз тахассуси муаллимон камтар мешавад;

- усули лоиҳавии таълим, ки зарурати якҷоя кардани донишу маҳорати соҳаҳои мухталифи фанниро барои ягон мушкилотро ҳал карда тавонистани хонандагон пешбинӣ менамояд;

- афзоиши саҳми фаъолияти мустақилонаи таълимӣ ба кадри гузаштани зинаҳои таҳсилот, ҳамчун технологияи ташаккули салоҳиятҳои асосие, ки ташаккул ёфта, дар фаъолият зоҳир мегарданд;

- таҳия ва амалӣ намудани самти таҳсилоти инфиродӣ дар мактаби соҳавии зинаи болоӣ ба сифати таҷрибаи интихоби масъулиятнок;

- ташкили модули барномаҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ ба сифати технологияи идоракунии фаъолияти таълимӣ.

§3. Тақвияти иқтидори кадрӣ

Ҷузъи муҳимтарини навсозии соҳаи маориф ҳалли проблемаи таьминот бо кадрҳо ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳаи маориф, дар навбати аввал омӯзгорон, мебошад.

Самтҳои асосии ҳалли проблемаи нарасидани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи маориф тарбия ва азнавтайёркунии кадрҳо хоҳад буд:

- барои таҳсилоти ибтидоӣ (гурӯҳҳои синни 6-сола);

- мактабҳои деҳот барои кор дар синфҳои синну соли мухталиф;

- бозсозии низоми таҳсилоти омӯзгорӣ ҷиҳати тайёр кардани муаллимони дорои донишҳое, ки барои таълим додан аз рӯи якчанд фан ҳозир бошанд;

- вусъат бахшидани истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар таълим;

- ҷорӣ намудани ихтисосҳои нави омӯзгорӣ (васеъ кардани тайёркунӣ): педагог-равоншинос, педагог-дефектолог, омӯзгори таҳсилоти иловагӣ, устои таълими истеҳсолӣ.

Ин андешидани тадбирҳои зеринро тақозо мекунад:

- ба афзалиятҳо ва технологияҳои нави таҳсилоти умумӣ мутобиқ гардонидани стандартҳои таҳсилоти педагогӣ;

- ҷорӣ намудани тайёркунии омӯзгорон барои мактаби асосӣ ва ибтидоӣ аз рӯи барномаҳои бакалавриат ва барои кор дар мактаби миёна аз рӯи барномаҳои магистрат;

- азнавташкилдиҳии низоми такмили ихтисоси омӯзгорон: гузариш ба баҳисобгирӣ ва маблағгузории инфиродӣ, ташкили модулии барномаҳо;

- азнавташкилдиҳии низоми колеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ бо роҳи ихтисор кардани онҳо ва ҳамзамон ҳавасманд гардонидани ба мактаб омадани хатмкунандагон;

- ҷалби донишгоҳҳо ба тайёр намудани омӯзгорон.

Ҳайати кадрии низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд ба хадафҳо ва моҳияти ташкили барномаҳои таҳсилоти мутобиқат намояд. Ҷараёни таҳсили ба амалия нигаронидашуда ва ташкили модулию салоҳиятнокии барномаҳо иштироки мутахассисони соҳахои дахлдори фаъолиятро дар таълимдиҳӣ тақозо мекунад. Ҷалби мутахассисони бахшҳои воқеии иқтисодиёт ба фаъолияти педагогӣ роҳи беҳтарини ҳалли масъалаи кадрҳо мебошад. Лозим аст, ки барои ҷозибияти фаъолияти педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ шароит фароҳам оварда шавад.

Фаъолияти самарабахш дар шароити иқтисоди бозорӣ идоракунии касбиро дар ҳамаи зинаҳои ташкили соҳаи маориф тақозо мекунад. Бо истифода аз захираҳои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ ташаккул додани хайати менеҷерони касбӣ дар соҳаи маориф зарур аст.

Вазифаҳои нави мактаби олӣ роҳҳои нави ҳалро тақозо мекунад. Ҷорӣ намудани таҷрибаи дар асоси қарордод ҷалб намудани мутахассисони хориҷӣ барои кор дар донишгоҳҳо ва вусъат бахшидани иштироки донишҷуён дар барномаҳои таълимии байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Дар баробари ин, ба коллективҳои педагогӣ ва илмии донишгоҳҳо кормандони илмии Пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва дигар идораҳо, намояндагони бахшҳои иқтисодиёте, ки дар онҳо технологияҳои пешқадами саноатӣ амалӣ мегарданд, ҷалб карда хоҳанд шуд.

Такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгории мактабҳои олӣ дар заминаи муассисаҳои илмию истеҳсолии ҷумҳурӣ ва марказҳои хориҷӣ сурат гирифта, ба азхудкунии технологияҳои усулан нав, масъалаҳои таҳқиқот ва ташкили фаъолияти таълимӣ равона хоҳад шуд. Таълими кормандон бояд ҷузъи омодагӣ ба иҷрои фармоиши давлатӣ ва лоиҳаҳои ташаббускоронаи донишгоҳҳо гардад.

Дар дурнамои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати ислоҳоти низоми такмили ихтисос ва азнавтайёркунии кадрҳои педагогӣ ва роҳбарикунандаи соҳаи маориф вазифаҳои зерин иҷро карда мешаванд:

- барои рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ба дархостҳои бозори меҳнат ва такмили технологияҳои истеҳсолӣ нигаронидашуда шароити кадрӣ фароҳам оварда мешавад;

- мақоми иҷтимоӣ ва моддии кормандон бо мавқее, ки он дар иқтисодиёти кишвар дорад, мутобиқ карда мешавад.

Навсозии низоми такмили ихтисоси омӯзгорон дар назар аст ва бо ин мақсад:

- барои маҷмӯи хизматҳои таҳсилотии марбут ба такмили ихтисоси худро интихоб карда тавонистани омӯзгорон шароит фароҳам оварда мешавад;

- механизмҳои рақобат дар хизматрасонии замонавию хушсифати таҳсилотӣ оид ба такмили ихтисос бунёд карда мешаванд;

- механизмҳои низоми тақсимоти дастгирии омӯзгорон дар болоравӣ ва инкишофи касбиашон тавассути ташаккули низоми сезинагии такмили ихтисос: дар зинаҳои минтақавӣ, маҳаллӣ ва муассисаи таълимӣ ташкил мешаванд;

- механизмҳои ҷорӣ намудани низоми қарзию модули такмили ихтисос таҳия карда мешаванд;

- барои зуд тағйир ёфтани низоми такмили бо мақсади эътинои саривақтии он ба камбуди тағйирёбандаи тахассусӣ бинобар ҷорӣ гардидани стандарту технологияҳои нави таҳсилотӣ ва ғайра шароит фароҳам оварда мешавад.

То соли 2020 низоми такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва роҳбарикунанда дорои хусусиятҳои зерин мегардад:

- низоми тақсимшудаи такмили ихтисос, ки аз ташкилотҳои низоми таҳсилоти иловагии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, иборат буда, дар заминаи онҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатӣ, барномаҳои такмили ихтисос амалӣ карда мешаванд. Дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ ба воситаи шабакаи Интернет дастрасии доимӣ ба маводи методӣ барои муаллимон ва манбаҳои электронии таҳсилотӣ барои инкишофи касбӣ ташкил карда мешавад. Барномаи такмили ихтисос дар асоси муносибати модули салоҳиятнокӣ таҳия мегардад. Низоми қарзию модули такмили ихтисоси ҷавобгӯи талаботи минтакаҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва баланд бароварандаи самараи истифодаи маблағҳои буҷетӣ ҷорӣ карда мешавад, ки барои барномаҳои таълимиро интихоб кардани омӯзгорон шароит фароҳам меорад;

- такмили ихтисос бо расмиёти аттестатсияи кормандони педагогӣ вобаста карда мешавад ва бо мақсади қонеъ гардонидани талабот нисбати таъминоти воситаҳои педагогӣ бо технологияҳои нави тақсимотӣ ва ҳалли масъалаҳои рушди маориф мунтазам на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад;

- барномаҳои такмили ихтисос аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва усулҳои фосилавӣ истифода бурда метавонанд. Тайёрии кадрҳо барои мактабҳои касбӣ дар корхонаҳои пешқадами ҷумҳурӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ гузаронида мешавад.

§4. Таҷдиди идоракунии низоми маориф

Рақобати тезу тунд дар бозори меҳнат аз низоми идоракунии маориф серҳаракатӣ ва эътинои саривақтиро тақозо мекунад. Ҷорӣ намудани низоми банақшагирии ба натиҷаи ниҳои нигаронидашуда аз роҳбарону омӯзгорон малакаҳои нави идоракунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро талаб менамояд. Ба идоракунии маориф аҳли васеи ҷомеа ҳам омӯзгорон ва ҳам қишрҳои мухталифи аҳолӣ ҷалб карда мешаванд.

Иштироки ҷомеа дар зинаҳои мухталифи идоракунии маориф дар шакли шӯроҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳои (кумитаҳои) волидон ва муаллимон амалӣ мегардад, ки иштироки падару модарон, корфармоён, мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайрихукуматиро дар идоракунии муассисаи таълимӣ пешбинӣ менамояд.

Асоси низоми нави идоракуниро ба натиҷа нигаронида шудани он ташкил медиҳад. Ин, дар навбати аввал, беҳтар намудани Низоми миллии идоракунии сифати таҳсилотро пешбинӣ намуда, вазифаи он таъмини арзёбӣ ва идоракунии мутобиқати дараҷаи миқдорӣ ва сифатии маърифатнокии миллат ба вазифаҳое, ки дар назди он истодаанд, мебошад. Бо ин мақсад тадбирҳои зерин амалӣ гардонида мешаванд:

- стандартҳои давлатии таълимии нави замонавӣ таҳия гардида, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷорӣ карда мешаванд;

- заминаи меъёрию методӣ ва инфрасохтори низоми миллии баҳодиҳии сифати таҳсилот бо иттико ба сохторҳои амалкунанда ташкил карда мешаванд;

- низоми миллии баҳодиҳии дараҷаи ноилшавӣ ба натиҷаҳои таҳсилотии дар стандарти давлатӣ муайяншуда дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва низоми таҳлили натиҷаҳои имтиҳонот (тест) ва додани тавсияҳо ба роҳбарони мақомоти идоракунии маориф, муассисаҳои таълимӣ, муаллимон, муалифони китобҳои дарсӣ ва барномаҳо ҷорӣ карда мешавад;

- идоракунии сифати тайёр кардани мутахассисон дар сатҳи муассисаҳои таълимии ба асосҳои ташкили маҷмӯи стандартҳои байналмилалии ИСО 9000 ва ё дигар низомаҳои арзёбӣ ва идоракунии сифат асосёфта ҷорӣ карда мешавад.

Барои нигоҳ доштани мутобиқати барномаҳои таълимӣ бо дархостҳои бозори меҳнат ҷорӣ намудани сертификатсияи мустақили касбӣ дар назар дошта шудааст.

Талаботи иҷозатномадиҳӣ ва муқаррароти ваколатдиҳӣ бо вазифаҳои наве, ки ба иҷрои онҳо мактабҳои олӣ ҷалб мегарданд, мутобиқ карда мешаванд. Гузариш ба баҳодиҳии ҷамъбастии берунаи сифати тайёр кардани хатмкунандагони барномаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо ҷалби корфармоён пешбинӣ шудааст.

Барои ҳалли ин масъалаҳо ҷалб намудани вазорату идораҳои соҳавӣ ва фаъол сохтани кор ва васеъ кардани доираи фаъолияти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар назди он таъсис додани маркази идоракунии сифати таҳсилот ва маркази ваколатдиҳӣ ба ҳайси сохторҳои ташкилӣ, методӣ, хизматрасонӣ ва таҳқиқотӣ лозим аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Бо мақсади гузаронидани мониторинги мунтазами натиҷаҳои таҳсилот ва самараи иҷтимоии он дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, низоми миллии мониторинги маориф дар шакли пойгоҳи иттилоотии идоракунӣ ва пешгӯии роҳҳои рушд ҷорӣ карда мешавад.

Навсозии низоми идоракунии маориф бунёди заминаи васеи иттилоотии идоракунии дар асоси мониторинги вазъи ҷорӣ, таҳлил ва пешгӯии рушди маориф созмонёфтаро дар назар дорад. Бо ин мақсад низоми нишондиҳандаҳое таҳия карда мешавад, ки захираҳои мавҷуда ва самаранокии истифодаи онҳо, натиҷабахшии фаъолияти соҳа ва мутобиқати ин натиҷаҳо ба дархостҳои берунӣ, ҳолати марбут ба баробарӣ дар дастрасӣ ва дастрас будани таҳсилотро барои гурӯҳҳои камтар ҳифзшудаи аҳолӣ муайян менамояд.

Идоракунии низоми муассисаҳои таълимӣ ба истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ асос хоҳад ёфт.

Яке аз механизмҳои муассир ва воситаи таъминкунандаи мутобиқати сифати тайёр кардани мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат ва дар он пешбарӣ намудани мол ё хизматҳои худ бояд маркетинг гардад. Барои тақвияти муносибати маркетингӣ дар идоракунии муассисаҳои таълимӣ баланд бардоштани самаранокии хадамоти маркетинги амалкунанда ва пешбинӣ намудани таъсиси чунин хадамот (дар сурати мавҷуд набудани он) ҳам дар сохтори зинаҳои мухталифи муассисаҳои таълимӣ ва ҳам дар мақомоти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии идоракунии маориф лозим аст. Хадамоти маркетинг дар низоми таҳсилоти касбӣ имконият медиҳад, ки хавфу хатарро дар бозори хизматҳои таҳсилоти ҳам барои истеҳсолкунандагони онҳо ва ҳам барои субъектҳои ташаккулдиҳандаи талабот пешгуӣ карда шавад.

§5. Истифодаи механизмҳои нави молиявӣ

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллӣ бояд низоми маблағгузории ба таъмини дастрасии баробар ба хизматҳои таҳсилотӣ дар таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва самаранокии муносибатҳои молиявӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот равонагардида таъсис дода шавад.

Низоми маблағгузорӣ инҳоро дар бар хоҳад гирифт:

-маблағгузории сарикасӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

-маблағгузории гуногунманбаъ дар асоси истифодаи манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ, аз ҷумла шарикии давлатию хусусӣ;

-фармоиши давлатӣ барои тайёр намудани кадрҳо ва ҷобаҷогузории онҳо дар асоси озмун;

-ҳавасмандгардонии корхонаҳое, ки ба муассисаю субъектҳои таълимии дорои ҳамаи шаклҳои моликият кӯмак мерасонанд;

-ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ барои рушди таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо;

-талабот нисбати лоиҳаҳои инвеститсионии марбут ба тайёр кардани кадрҳо.

Бо дарназардошти ниҳоят муҳим будани таҳсилоти томактабӣ ва самаранокии баланди иқтисодии маблағгузорӣ ба ин соҳа, бояд моделҳои нави ташкилию молиявии таҳсилоти томактабии ба баланд бардоштани сифат ва дастрас гардонидани таҳсилоти томактабӣ равонагардида ҷорӣ карда шаванд, ки инҳоро дар бар хоҳанд гирифт:

- маблағгузорӣ аз рӯи меъёр барои як тарбиягиранда;

- дар муассисаҳои ҳамаи шаклҳои ташкилию ҳуқуқии барои татбиқи барномаҳои таҳсилоти томактабӣ иҷозатнома дошта ҷойгир кардани фармоиши буҷетӣ барои хизматрасонии таҳсилоти томактабӣ;

- кам кардани сарбории андоз ҳам барои худи муассисаҳои таҳсилоти томактабие, ки дар шаклҳои мухталифи ташкилию ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд, ҳам барои созмонҳо ва шахсони воқеие, ки бо муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ махсусан дар бобати ба онҳо расонидани хизматҳои тиббӣ, машваратӣ, методӣ, пешкаш намудани таҷҳизот ҳамкорӣ менамоянд;

- тайёр намудани кадрҳо барои таҳсилоти томактабӣ бо ташаккули фармоиши давлатӣ барои такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунандаи маориф, низоми таълиму тарбияи томактабӣ;

- мусоидат намудан ба муассисаҳои ғайридавлатӣ ҷиҳати дар ҳар шакл (аз ҷумла дар шакли иҷораи дарозмӯҳлат) пешкаш намудани биноҳо, ташаккули низоми имтиёзҳои андозӣ.

Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ дар Тоҷикистон низоми маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ карда шудааст. Барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва иҷрои вазифаҳои Стратегияи миллӣ ин таҷриба идома дода мешавад ва маблағгузории сарикасӣ механизми асосии тақсимоти маблағҳои буҷетии барои маблағгузории маориф ҷудошаванда хоҳад буд. Ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатӣ ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳо қисми таркибии ислоҳот дар соҳаи идоракунии хароҷоти давлатӣ дар таҳсилоти миёна мегардад. Ин барои баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷетӣ имконият медиҳад ва ба афзун гардонидани дастрасии таҳсилоти босифат барои қишрҳои мухталифи аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон санадҳои меъёрӣ оид ба маблағгузории гуногунманбаъ таҳия ва ҷорӣ карда мешаванд, ки дастрасии муассисаҳои таълимиро ба маблағҳои молиявӣ осон гардонида, корхонаю ташкилотҳои шаклҳои мухталифи моликиятро барои расонидаки кӯмак ба соҳаи маориф, аз он ҷумла дар шакли ғайрипулӣ ҳавасманд мегардонанд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии маблағҳои буҷети давлатӣ санади асосии нақшавии ташкилкунандаи кори муассисаҳои таълимӣ фармоиши давлатӣ барои тайёр намудани кадрҳо хоҳад буд. Дар бобати таъминоти методии расмиёти ташаккул ва тақсимоти фармоиши давлатӣ корҳо идома дода мешаванд. Санади мазкур вазифаи то ҳадди ақал кам кардани номутаносибии талабот ва пешниҳодро дар бозори дохилии меҳнат иҷро намуда, дар асоси инҳо ташаккул дода мешавад:

- Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, пешгӯии талабот дар бозори меҳнат, аз он ҷумла дар доираи минтақаҳо ва соҳаҳо;

- имкониятҳои воқеии муассисаҳои таълимӣ.

Ба афзалиятҳои ин усули истифодаи маблағҳои буҷетии ба соҳаи маориф ҷудошаванда инҳо дохил мешаванд:

- маблағгузории кафолатноки буҷетии муассисаҳои таълимӣ ва дараҷаи дахлдори сифати тайёр кардани кадрҳо, натиҷабахшии корҳои лоиҳавӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ки бо мавқеи дахлдор таъмин мегардад;

- дар асоси озмун ҷойгир кардани фармоиши давлатӣ барои тайёр намудани кадрҳо, анҷоми корҳои лоиҳавӣ ва илмию тадқиқотӣ бо дастрасии баробари муассисаҳои таълимии ҳамаи шаклҳои моликият, ки фароҳам овардани шароитро барои инкишофи рақобат байни муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳам маблағҳои буҷетӣ ва ҳам ғайрибуҷетӣ таъмин менамояд.

Бо ин мақсад санадҳои меъёрии танзимкунандаи расмиёти тақсимоти фармоиш дар асоси озмун, ҳисоботдиҳӣ ва масьулият таҳия карда мешаванд. Дастгирии давлатии инфрасохтори ғайридавлатӣ дар соҳаи маориф имконият медиҳад, ки на танҳо сифати хизматрасониҳои таҳсилотӣ дар шароити рақобат баланд бардошта шавад, инчунин имкониятҳо барои ҷалби захираҳо ба соҳаи маориф дар сурати муроҷитаи ҳадди ақал ба буҷет васеъ карда шаванд.

Бо мақсади истифодаи манбаҳои мухталифи маблағгузории соҳаи маориф ва баланд бардоштани масъулияти сармоягузорон барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ҷузъи ҳатмии ҳар лоиҳаи калони сармоягузорӣ дар Тоҷикистон фасл дар бобати тайёр намудани кадрҳо бо ҷойгузории дахлдори фармоиш барои тайёркунӣ дар асоси озмун хоҳад буд.

Меъёрҳои маблағгузории азхудкунии барномаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ, гурӯҳҳои ихтисосу касбҳо таҳия карда мешаванд. Чунин муносибат барои гузариш аз таъминоти молиявии ҷараёни таълим ба маблағгузории хизматрасонии таҳсилотӣ, ҷорӣ намудани механизми ташкилию молиявии рақобати барномаҳо ва муассисаҳо дар бозори хизматҳои таҳсилотӣ, афзоиши андозаи тайёр кардани мутахассисон, васеъ кардани номгӯи барномаҳои таълимӣ имконият хоҳад дод.

Татбиқи ин тадбирҳо барои гузариш ба усули нави ташаккули буҷети муассисаи таҳсилотии ба натиҷаи фаъолияти он нигаронидашуда имконият фароҳам меорад.

Бояд низоми муносибатҳои молиявии пешбиникунандаи андозаи маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ вобаста ба дараҷаи самаранокии онҳо таҳия ва ҷорӣ карда шавад. Бо ин мақсад низоми меъёрҳо ва нишондиҳандаҳои баҳодиҳии самаранокии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия гардида, дар бобати такмили низомномаҳо дар бораи грантҳои илмӣ барои коллективҳои донишгоҳҳо ва пажӯҳошгоҳҳои академия кор идома дода мешавад.

Дар таҳсилоти олии касбӣ даст кашидан аз низоми додани стипендияҳои давлатӣ ва бо қарзҳои таҳсилоти иваз намудани онҳо мувофиқи мақсад мебошад. Зимнан давлат, ба шарте ки пас аз хатми мактаби олӣ хатмкунанда дар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, масалан, ба сифати муаллим дар деҳот кор кунад, пардохти қазрро ба зиммаи худ мегирад.

Дар назар дошта шудааст, ки қисме аз арзиши таҳсил бо барномаҳои олии касбӣ аз ҷониби давлат ҷуброн карда мешавад. Мусоидати давлат дар ташаккули элитаи касбӣ аз пешкаш намудани грантҳои таълимии ройгон ба донишҷӯёни болаёқат ва ояндадор иборат хоҳад буд.

Татбиқи чораҳои зикргардида инҳоро таъмин менамояд:

- ташаккули интихоби бошуур ва масъулиятноки касби оянда дар хонандагон ва хатмкунандагон;

- истифодаи захираҳои давлатӣ дар соҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими иқтисодиёт;

- фаъол сохтани рақобати муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои довталабон;

- мутобиқати қатьии ҷараёни тайёр кардани кадрҳои тахассуси олӣ ба талабот дар бозори меҳнат ва сиёсати давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ.

Корфармоён ба маблағгузории муштараки барномахҳи таълимӣ ва таҳияи нақшаҳои муносибе, ки барои иштироки ҳар корманд дар таҳсилоти муттасил имконият медиҳанд, ҷалб карда мешаванд. Имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузороне, ки ба соҳаи маориф маблағгузорӣ менамоянд, таҷдиди назар хоҳанд шуд.

Санадҳои меъёрии танзимкунандаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳамаи иштирокчиёни хизматрасонии таълимии мактабҳои олӣ таҳия карда мешаванд.

§6. Шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи маориф

Бозсозии соҳаи маориф бе иштироки ҳамаи зинаҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, кормандони худи соҳаи маориф, аҳли ҷомеа ва албатта, корфармоён ғайриимкон аст.

Ҳамоҳангии самарабахши фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66):

- таъмини иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо кадрҳо;

- ошкор ва ба ҷамъият ҷалб намудани (иҷтимоикунонии) кӯдакони дорои иллат дар инкишоф, кӯдакон аз оилаҳои аз лиҳози иҷтимоӣ носоз;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шӯроҳои ҷамъиятӣ (ассосиатсияҳо ва кумитаҳои падару модарон) дарёфт намудани усулҳои самарабахши бо таҳсилот фаро гирифтани кӯдакони синну соли калони томактабӣ ва мактабӣ;

- дастгирии иҷтимоии кӯдакон аз оилаҳои мансуб ба гурӯҳи хатарнок.

Ҳамкории соҳаи маориф бо кордеҳон бояд ба таври куллӣ тағйир дода шавад. Корфармоён дар ташаккули фармоиш барои таҳсилоти касбӣ ва тайёрии касбӣ аз ҷиҳати сохтор ва мазмуни он фаъолона иштирок менамоянд. Таҷриба метавонад шаклҳои дигари шарики давлатию хусусӣ - шартномаҳо барои тайёр намудани кадрҳо ҳаммуассисӣ ва иштирок дар мақомоти идоракунии давлатию ҷамъиятӣ ва ғайраро ба миён оварад.

Дар шароити зуд тағйир ёфтани вазъи бозори меҳнат мутобиқгардонии мунтазами барномаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ ба ин талабот лозим меояд. Чунин вазифаро миёнарави касбии бозорҳои хизматҳои таҳсилотӣ ва меҳнат иҷро мекунад. Миёнарав бояд ҳамчун сохтори доимоамалкунандае, ки маҷмӯи масъалаҳоро ҷиҳати паст фаровардани номутаносибӣ дар талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ, мутобиқ гардонидани сохтори тахассусии тайер намудани кадрҳо ва кормандони дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғули кор буда, сари вақт ба ҳам мутобиқ сохтани технологияҳои амалкунанда ва ояндадори иҷтимоӣ, саноатӣ ва аграрӣ бо барномаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок дар низоми тайёркунии кадрҳо ҳал мекунад, ба майдон ояд. Тадбирҳои ҳавасмандгардонии ташкилоту корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият, ки пойгоҳҳои истеҳсолиро барои таҷрибаомӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла барои таълими калонсолон дар курсҳои кӯтоҳмуддат пешкаш менамоянд, таҳия ва ҷорӣ карда мешаванд. Худи кормандони бахши воқеии иқтисодиёт барои дарсдиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҷалб карда мешаванд.

Корфармоён дар ташаккули стандартҳои касбӣ ва мутобиқан дар таҳияи стандартҳои таҳсилотӣ, инчунин баҳодиҳии натиҷаҳои тайёрии хатмкунандагон ба воситаи низоми ваколатдиҳии ҷамъиятию давлатии барномаҳо ва сертификатсияи касбии кормандон нақши муҳим хоҳанд дошт.

5. Монигоринг ва арзёбии татбиқи стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

Ҳадафи Мониторинг ва арзёбӣ - таъмини мақоми ҳокимияти давлатӣ бо иттилооти саривақтӣ, пурра ва боэътимод дар бораи ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020, натиҷабахшии татбиқи он ва қабули қарорҳо оид ба идоракунии ҷараёни иҷрои Стратегия мебошад. Арзёбӣ аз рӯи нишондодҳои асосии татбиқи Стратегияи миллӣ амалӣ гардонида мешавад:

- баланд бардоштани фарогирии кӯдакони 3-6-сола бо барномаҳои таҳсилоти томактабӣ;

- афзун гардонидани ҳиссаи кӯдаконе, ки барои таҳсил кардан дар мактаб омодагӣ зоҳир менамоянд;

- афзун гардонидани фарогирии кӯдакони "кӯча" бо таҳсилоти ғайрирасмӣ;

- афзун гардонидани фарогирии аҳолии 16-17-сола;

- паст фаровардани ҳиссаи бекорони 18-24-сола дар шумораи умумии бекорон;

- кам кардани ҳиссаи бекорон дар шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ;

- афзоиши афзалиятноки хаҷми корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории аз ҷониби муаасисаҳои таҳсилоти олӣ иҷрошуда нисбат ба маблағгузории буҷетии таҳсилоти олӣ;

- зиёд кардани ҳиссаи маблағҳои корхонаҳо дар маблағгузории таҳсилоти олӣ;

- бо барномаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, барномаҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани аҳолӣ;

- зиёд кардани ҳиссаи аҳолии дорои таҳсилоти касбӣ;

- кам кардани шумораи қиёсии кӯдаконе, ки бинобар вазъи саломатӣ ба таҳсилот фаро гирифта нашудаанд;

- баланд бардоштани Шохиси баробарии гендерӣ аз рӯи коэффитсиенти хатм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

- афзун гардонидани ҳиссаи ҷавонони деҳотии ба барномаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабулшуда;

- афзун гардонидани ҳиссаи ҷавонони мансуб ба гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифзнашуда (оилаҳои камбизоат, ятимон ва ғайра) ба барномаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабулшуда.

Мониторинги ҷараёни татбиқ аз рӯи нишондодҳои вазифаю тадбирҳои дар нақшаи миёнамӯҳлати татбиқи Стратегияи миллӣ пешбинигардида (замимаи 3) гузаронида мешавад.

Мониторинг ва арзёбии самараноки татбиқи Стратегияи миллиро идораи/шӯъбаи дахлдори дастгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи мониторинги татбиқи Стратегияи миллӣ, инчунин шаклҳо ва тартиби пешниҳоди ҳисоботро оид ба иҷрои Стратегияи миллӣ тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

6. Маблағгузории татбиқи стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

Барои татбиқи Стратегияи миллӣ захираҳои зиёди молиявӣ лозиманд. Ҳаҷми ин захираҳо дар асоси миёнамӯҳлат муайян карда мешаванд. Манбаи асосии маблағгузории Стратегияи миллӣ буҷети давлатӣ мебошад. Дар татбиқи лоиҳаҳои асосӣ оид ба рушди инфрасохтор ва амалӣ сохтани ислоҳоти соҳавӣ маблағҳои буҷетии дохилӣ бо кӯмаки берунае, ки созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо ба Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, пурра карда мешавад. Барои иҷрои вазифаҳои марбут ба рушди маориф инчунин сармояҳои хусусӣ ҷалб карда мешаванд. Ин се манбаи маблағгузорӣ бояд ҷиҳати сафарбар кардани захираҳо барои татбиқи Стратегияи миллӣ имконият фароҳам оваранд.

Воситаи муҳими таъмини татбиқи Стратегияи миллӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо ба самтҳои нисбатан муҳими сиёсати давлатӣ равона сохтани онҳо мебошад (замимаи 1). Бо ин мақсад самтҳои афзалиятнок ва чорабиниҳои оид ба татбиқи Стратегияи миллӣ дар доираи чорабиниҳои Нақшаи миёнамӯҳлат муайян шуда, ҳар сесола таҷдиди назар гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Хароҷоти иловагӣ барои маблағгузории маориф мутобиқи Стратегияи паст фаровардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва вобаста бо татбиқи Стратегияи миллӣ то соли 2015 то 6 фоиз ММД ва то соли 2020 на камтар аз 7 фоиз ММД зиёд кардани хароҷотро барои соҳаи маориф талаб мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҷалби кӯмаки иловагии беруна ва захираҳои иловагӣ аз ҳисоби фаъол сохтани манбаҳои хусусии маблағгузорӣ барои рушди маориф тадбирҳо меандешад.

Маълумот дар бораи эҳтиёҷоти молиявии тадбирҳои афзалиятнок аз рӯи нақшаи татбиқи Стратегияи миллӣ барои дурнамои миёнамӯҳлат (солҳои 2012-2014) дар замимаи 2 оварда шудааст.

Маблағҳое, ки барои иҷрои Нақшаи татбиқи Стратегияи миллӣ лозиманд, аз он ҷумла маблағҳои донорҳо давра ба давра дар доираи Барномаҳои миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ё нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои давраи миёнамӯҳлат нишон дода хоҳанд шуд.

7. Натиҷаҳои интизории татбиқи стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

Татбиқи Стратегияи миллӣ имконият медиҳад, ки то соли 2020 ба низоми маорифи мувофиқшудаи ба талаботи шаҳрвандон ҷавобгӯи ба дархостҳои бозори меҳнат нигаронидашудае, ки ба сифати манбаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баромад мекунад, замина гузошта шавад.

7.1. Таҳсилоти томактабӣ:

Вусъат бахшидани фарогирии кӯдакони синну соли томактабӣ бо барномаҳои таълимӣ аз ҳисоби васеъ кардани шабакаи муассисаҳои давлатӣ ва инкишофи муассисаҳои ғайридавлатӣ, ташкили шаклҳои камхарҷи таълим, ба монанди гурӯҳҳои будубоши кӯтоҳмуддат, марказҳои инкишофи кӯдакон, татбиқи барномаҳои таҳсилоти ҳатмии пешазмактабӣ ба даст оварда мешавад.

Механизмҳои таъмини дастрасии баробари кӯдакони хурдсол ба захираҳои таҳсилот таҳия ва ҷорӣ карда мешаванд, ки инҳоро дар бар хоҳанд гирифт:

- дастгирии давлатии оилаҳои камбизоат ва оилаҳои тарбиякунандаи кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд бинобар вазъи саломиташон бо роҳи пурра ё қисман озод кардани онҳо аз пардохти маблағ барои дар муассисаи томактабӣ нигоҳ доштани кӯдак;

- низоми ташкил ва ҳамоҳанг сохтани кӯмаки машваратӣ ва методӣ ба оилаҳое, ки кӯдакони синну соли томактабиро дар хона тарбия мекунанд;

- низоми таъминоти тиббию равонӣ ва педадогии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти маҳдуд бинобар вазъи саломатиашон;

- зиёд кардани фоизи фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ, махсусан дар деҳот;

- бо ғизои хушсифат таъмин намудани кӯдакон;

- баланд бардоштани қобилияти тахассусии мураббиён ва кормандони омӯзгории муассисаҳои томактабӣ.

То соли 2020 на камтар аз 50 фоизи кӯдакон пас аз гузаштани барномаҳои таҳсилоти томактабӣ ба синфи 1 мактаб мераванд.

7. 2. Таҳсилоти умумӣ:

Тағйироти асосӣ бо таҳсилоти умумии шаҳрвандон, ноил шудан ба натиҷаҳои нави таълимӣ - салоҳиятҳои асосӣ ва бунёди сохтори дахлдор ҷиҳати таъмини ин натиҷаҳо алоқаманд хоҳад буд:

- таҳсили кӯдакон аз синни 6-солагӣ оғоз меёбад;

- стандарти давлатии таҳсилот ва маҷмӯи нақшаю барномаҳои таълимӣ ва дар асоси онҳо воситаҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия карда мешавад;

- барои синфҳои 1-12 китобҳои дарсӣ таҳия карда мешаванд, ки барои ҳамаи хонандагон дастрас хоҳанд буд;

- низоми мониторинги мутобиқати китобҳои дарсӣ ба барномаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад;

- моделҳои ташкили таҳсилоти тахассусӣ ва роҳнамоии касбии хонандагон таҳия карда мешавад;

- моделҳои нави фаъолияти тарбиявии мактабҳо таҳия мегардад, санҷида ва тасдиқ карда мешавад;

- низомномаҳо ва меъёрҳо оид ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ таҷдиди назар карда мешавад;

- 90 фоизи мактабҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд;

- 1000 мактаби нав сохта мешавад;

- як соли иловагӣ дар мактаби ибтидоӣ (синфи якум барои кӯдакони 6-сола) барои аксарияти хонандагон набудани таҳсилоти томактабиро талофӣ сохта, ба кӯдакони мансуб ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ барои оғози баробари таҳсил шароит фароҳам меорад;

- барномаҳои мактаби асосӣ бо тайёрии касбӣ ба итмом мерасад, ки ба касбҳои истеҳсолии асосии маҳалли зист мутобиқ шудаанд ва (ё) ба бозори меҳнати беруна нигаронида шудаанд. Хонандагон дар хусуси чи гуна ташкил кардани кори худ, чи гуна дар соҳибкорӣ, аз ҷумла тавассути корхонаи хурд муваффақият ба даст овардан тасаввурот пайдо мекунанд, инчунин дар хусуси мушкилоти дар ин ҷода ҷойдошта маълумот мегиранд. Хонандагонро барои кор дар шароити нарасидан ё набудани ҷойҳои кории расмӣ омода месозанд;

- нақшаи таълимии мактаби миёна ба интихоби шуурноки соҳаи фаъолияти касбӣ ва омода сохтан ба таҳсилоти касбӣ равона гардида, аз рӯи асоси таълими соҳавӣ ташкил мешавад, ки бо интихоби талаба ташаккул додани қисми муайяни вақти таълимро (траекторияи инфиродии таълим) пешбинӣ менамояд;

- инфрасохтори мактабии ба вазифаҳои он муносиб, бо шумули таъсиси ҷойҳои иловагии таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълими бо ҷиҳози мактабӣ, маводи таълимию методӣ ва воситаҳои аёнӣ, таҷҳизоти озмоишӣ барои утоқҳои фанҳои табиатшиносӣ, таҳия карда мешавад. Ҳамаи мактабҳо ва идораҳои/шӯъбаҳои маориф ба шабакаи Интернет пайваст карда шуда, низоми ягонаи иттилоотии идоракунӣ таъсис дода мешавад.

7. 3. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:

- мутобиқи пешгӯии талаботи бозори меҳнати дохилию берунӣ ва эҳтиёҷоти таълимии аҳолӣ шабакаи самараноки тарбияи кадрҳои коргарӣ ва мутахассисони зинаи миёна ташаккул дода мешавад;

- дар асоси стандартҳои касбӣ ва муносибати салоҳиятнок стандартҳои нави таҳсилотӣ таҳия ва ҷорӣ карда мешавад;

- барномаҳои модулӣ ва бисёрзинагии якҷояшудаи таҳсилотӣ ҷорӣ карда мешавад;

- фармоиши давлатӣ барои тайёр намудани кадрҳо ҳамчун усули танзими давлатии бозори меҳнат ҷорӣ карда мешавад;

- низоми арзёбии берунаи натиҷаҳои таҳсил - сертификатсияи тахассусҳои касбӣ ҷорӣ карда мешавад;

- Шӯрои миллии машваратӣ оид ба инкишофи таҳсилоти касбӣ фаъолият мекунад;

- шабакаи муассисаҳои таҳсилотӣ ва марказҳои таълимии бисёрсоҳаю бисёрзинагӣ ташаккул дода мешавад, ки касбомӯзии оммавӣ, иваз кардани касб ва такмили ихтисосро дар доираи як касб таъмин менамояд;

- шаклҳои мухталифи шарики иҷтимоии таъминкунандаи иштироки бахши воқеии иқтисодиёт дар тайёр намудани кадрҳо мавриди истифода қарор мегирад;

- дар ҷараёни таълим ва идоракунӣ технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фаъолона истифода мешавад;

- паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бесаводӣ ва бекорӣ дар байни аҳолӣ ба даст оварда мешавад;

- номгӯи касбҳои замонавӣ дар муассисаҳои касбии ҷумҳурӣ хеле васеъ мегарданд.

7. 4. Таҳсилоти олӣ:

- гузариш ба модели таҳсилот мутобиқи Эъломияи Болон ба анҷом расонида мешавад;

- тайёр намудани мутахассисон мутобиқи фармоиши давлатии дар асоси омӯзиши талаботи бозори меҳнат таҳияшуда амалӣ гардонида мешавад;

- мактаби олӣ ба истеҳсоли маҳсулоти зеҳнӣ барои иқтисодиёти кишвар шомил карда мешавад - таҳқиқоту корҳои илмӣ, тиҷоратикунонии онҳо, ташаккули моликияти зеҳнӣ, машварати ҳокимият ва соҳибкорӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти истеҳсолии корхонаҳо (консалтинг);

- стандартҳои нави замонавии таҳсилоти таҳия ва ҷорӣ гардида, ҷиҳозонии ҷараёни таълим ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ба онҳо мутобиқ гардонида мешавад;

- дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ корхонаҳои хурд ва бизнесинкубаторҳо фаъолият карда, корҳои илмию техникиро амалӣ месозанд;

- шабакаи миллии компютерии илмию таҳсилотӣ ва Низоми ҷумҳуриявии иттилоотию таълимии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, дар мактабҳои олӣ ҷорӣ ва таъмин намудани технологияҳои иттилоотӣ барои таълими фосилавӣ ташкил карда мешавад;

- механизми ҳамгироии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ба истеҳсолот таҳия карда мешавад.

7. 5. Идоракунӣ дар соҳаи маориф:

- заминаи меъёрию методӣ ва инфрасохтори низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот бунёд карда мешавад;

- низоми миллии баҳодиҳии дараҷаи ноил шудан ба натиҷаҳои дар стандарти давлатӣ муайяншуда дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷорӣ карда мешавад;

- модели идоракуние амалӣ карда мешавад, ки ихтисор намудани зинаҳои фосилавии идоракуниро дар маҳалҳо пешбинӣ менамояд;

- дар бахши таҳсилоти касбӣ гузариш аз идоракунии муассисаҳо ба идоракунии барномаҳо амалӣ гардонида шуда, идоракунии сифати тайёр намудани мутахассисон мутобиқи барномаи байналмилалии ИСО 9000 ё дигар низомаҳои арзёбӣ ва идоракунии сифат ҷорӣ карда мешавад;

- меъёрҳои иҷозатномадиҳӣ ва муқаррароти ваколатдиҳӣ мутобиқи вазифаҳои нави дар назди соҳаи маориф гузошташуда таҷдиди назар карда мешаванд;

- заминаи иттилоотии идоракунӣ дар асоси мониторинги ҳолат, таҳлил ва пешгӯии рушди маориф бунёд карда мешавад;

- воҳидҳои корӣ, фаъолияти идораҳо ва шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ аз нав дида баромада мешаванд;

- низоми нишондиҳандаҳое таҳия мегардад, ки захираҳо ва самаранокии истифодаи онҳо, натиҷабахшии фаъолияти соҳа ва мутобиқати ин натиҷаҳоро ба дархостҳои берунӣ тавсиф мекунанд;

- азнавтайёркунии роҳбарони ҳамаи зинаҳои соҳаи маориф аз рӯи барномаҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф амалӣ гардонида мешавад;

- муносибати маркетинги дар идоракунии муассисаҳои таҳсилоти татбиқкарда мешавад.

7. 6. Моделҳои молиявӣ:

- моделҳои шабакавии ба истифодаи муштараки захираҳо аз ҷониби якчанд муассисаҳои таълимии зинаҳои мухталиф асосёфта ҷорӣ карда мешавад;

- барои инкишофи рақобат байни муассисаҳои таълимии дорои шаклҳои мухталифи моликият барои гирифтани маблағҳои ҳам буҷетӣ ва ҳам ғайрибуҷетӣ шароит фароҳам оварда мешавад;

- маблағгузории сарикасӣ механизми асосии тақсимоти маблағҳои буҷетии барои маблағгузории соҳаи маориф ҷудошуда мегардад ва он бидуни тақсимкунии маблағҳо аз рӯи моддаҳои таснифоти буҷетӣ ("бо як сатр") амалӣ гардонида мешавад;

- истифодабарии самараноки воситаҳои молиявӣ ва нерӯи кадрӣ дар асоси ҷойгиркунии озмунии Фармоиши давлатӣ барои тайёркунии кадрҳо, тадқиқотҳои илмӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва барномаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, корхонаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин дар муассисаҳои таълимии ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин дастрасии баробари иштирок дар иҷрои Фармоиши давлатӣ дода мешавад;

- сарбории андоз ҳам барои ташкилотҳои маориф, ки дар шаклҳои мухталифи ташкилию ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд ва ҳам барои ташкилотҳо ва шахсони воқеие, ки бо муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар мавриди хизматрасонии тиббӣ, машваратӣ, методӣ, пешкаш намудани таҷҳизот ҳамкорӣ менамоянд, паст фароварда мешавад;

- ба муассисаҳои ғайридавлатӣ дар пешкаш намудани биноҳо дар ҳар шакл (аз ҷумла дар шакли иҷораи дарозмӯҳлат), ташаккули низоми имтиёзҳои андозӣ мусоидат карда мешавад;

- санадҳои меъёрӣ оид ба маблағгузории гуногунманбаъ таҳия ва ҷорӣ карда мешаванд, ки дастрасии муассисаҳои таълимиро ба маблағҳои молиявии ғайрибуҷетӣ осон гардонида, корхонаю ташкилотҳои шаклҳои мухталифи моликиятро барои расонидани кӯмак ба соҳаи маориф, аз ҷумла дар шакли ғайрипулӣ ҳавасманд мегардонанд;

- дар сатҳи заминаи қонунгузорӣ ҳавасмандонии иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар маблағгузории муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот пешбинӣ шудаанд;

- иштироки бахши хусусӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот васеъ мегардад.

7. 7. Рушди иқтидори кадрӣ:

- барои ҷолибнокии фаъолияти педагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам оварда мешавад;

- стандартҳои таҳсилоти омӯзгори мутобиқи афзалиятҳо ва технологияҳои нави таҳсилоти умумӣ иваз карда мешаванд;

- тайер кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва асосӣ аз рӯи барномаҳои бакалавриат ва дар синфҳои болоии мактаби миёна аз рӯи барномаҳои магистрат ҷорӣ карда мешавад;

- барномаҳои тайёр намудани менеҷерҳои касбӣ дар соҳаи маориф таҳия гардида, амалӣ карда мешаванд;

- низоми такмили ихтисоси кормандони идораҳо ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру нохияҳо (нозирон, мутахассисон, мушовирон) таҷдиди назар ва нав карда мешавад;

- дар низоми такмили ихтисоси омӯзгорон гузариш ба баҳисобгирӣ ва маблағгузории фардӣ ва ташкили модули барномаҳои таълимӣ амалӣ гардонида мешавад;

- дар низоми такмили ихтисоси омӯзгорон масъалаҳои таҳсилоти калонсолон дар асоси дастовардҳои ҳозиразамони андрагогика дохил карда мешаванд.

__________________________

(1) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010

(2) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011.

(3) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010.

(4) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011.

(5) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", моддаи 10, боби 2, аз 17.04.с.2004, №34.

(6) Маҷмӯаи омории соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2010-2011.

(7) "Маҷмӯаи омории соҳаи маорифи ҶТ", Душанбе-2010, саҳ.226

(8) Вазъият дар бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010

(9) Мувофиқи маълумоти омории соли 2004

(10) Манбаъ: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(11) "Тадқиқоти маҷмӯӣ оид ба вазъи бо "кӯдакони кӯчагӣ" дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб", 2007.

(12) Вазорати маорифи ҶТ. Маҷмӯаи оморӣ, Душанбе, с.2009, саҳ. 17

(13) Маърӯза дар бораи татбиқи ҳадафҳо дар соҳаи рушд, ки дар Эъломияи ҳазорсола баён гардидаанд, СММ, с.2010.

(14) Маърӯзаи муфассал оид ба натиҷаҳои тадқиқоти миллӣ (тестӣ) дар бораи арзёбии дониши хонандагони синфҳои 4 дар доираи Лоиҳаи таҷдиди маориф. Душанбе, 2008 с.

(15) Мутобиқи Таснифоти байналмилалии стандартии таҳсилот (ТБСТ-97) таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи мактаби асосӣ ба сатҳи болоии таҳсилоти миёна тааллуқ дорад.

(16) Ҳисобҳо дар асоси маълумоти Барӯйхатгирии миллии мактабҳо

(17) Баҳодиҳӣ дар асоси қиёси хароҷоти буҷет дар соли 2006 маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2008

(18) Ҳангоми муқоисаи нишондодҳои байналмилалии молиявӣ дар ифодаи мутлақ рақамҳо бо асъори миллӣ бо истифодаи паритети қобилияти харидорӣ (ПҚҲ) - коэффитсиенте, ки қобилияти харидории асъори миллиро нисбати доллари ШМА инъикос менамояд, ба доллари байналмилалӣ гузаронида, ҳисоб карда мешаванд. Бонки умумиҷаҳонӣ паритети қобилияти харидориро ҳар сол барои зиёда аз 200 кишвар ҳисоб мекунад. ПҚҲ метавонад аз қурби мубодилаи асъори миллӣ ба доллари ШМА, ки бонкҳои миллии марказӣ муқаррар менамоянд, фарқ кунад. Аз ҷумла, соли 2008 ПҚҲ барои Тоҷикистон ба 1,35 баробар буд, ҳол он ки қурби расмии мубодила 3,43 сомониро барои 1 доллари ШМА ташкил медод.

(19) Арзёбии талаботи ҲРҲ, Душанбе, майи соли 2005, саҳ.62.

Ихтисорҳо

АТТ - Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

БММ - Барӯйхатгирии миллии мактабҳо

БМХД - Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ

БСД - Барномаи сармоягузории давлатӣ

БУ - Бонки умумиҷаҳонӣ

БУО (WFR) - Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ

ВМИ - Вазорати маориф ва илм (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66) 

ВМКБ - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

ЗМТ - Заминаи моддию техникӣ

ИСО 9000 - силсилаи стандартҳои байналмилалие, ки талаботро нисбати низоми менеҷменти сифати ташкилоту корхонаҳо муайян менамоянд.

КИТТК - Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ

ҶТ - Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТБҲ - Таҳсилот Барои Ҳама

МИК - Маълумоти ибтидоии касбӣ

ММД - Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ

ММК - Маълумоти миёнаи касбӣ

МРТП - Машваратҳои равонию тиббӣ ва педагогӣ

МТИК- Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ

МТМК- Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ

МТМУ - Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

МТО - Муассисаи таҳсилоти олӣ

МТОК- Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ

НИИМ - Низоми иттилоотии идоракунии маориф

НТҶ - ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

ҲРҲ - Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола

ОКТ - Омӯзишгоҳи касбии техникӣ

ПРМ - Пажӯҳишгоҳи рушди маориф

СДТ - Стандарти давлатии таҳсилот

СММ - Созмони Милали Муттаҳид

СМР - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон

СҲРИ - Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ

ССПСК - Санади Стратегияи паст фаровардани сатҳи камбизоатӣ

ТБК - тарбияи беруназмактабии кӯдакон

ТИ - технологияҳои иттилоотӣ

ТИК - Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

ТТ - Таҳсилоти томактабӣ

ЮНЕСКО - Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои маориф, илм ва фарҳанг

ЮНИСЕФ - Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид

ЮСАИД - Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ

GIZ - Агентии Олмон оид ба рушди байналмилалӣ

KFW - Бонки олмонии рущд Рh.D - Доктори фалсафа, дараҷаи илмӣ

Ниг. ба Замимаҳои 1-3