Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 авгусги соли 2008 № 436
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Шиносномаи Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд
Номи Барномаи
Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд
Асосҳои таҳияи барнома
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2008 № 56 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 ва вазифаҳо барои соли 2008"
Таҳиякунанда
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳадафҳо
Дар асоси Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, мукаммалгардонии инфраструктураи системаи маориф ва ба талаботу меъёрҳои мавҷуда мувофиқ гардонидани биноҳои таълимӣ ва дигар иншооти соҳаи маориф.
Вазифаҳо
Мустаҳкам намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, таъмиру сохтмони биноҳои таълимӣ.
Манбаҳои молиявӣ
Маблағгузории барномаи мазкур дар доираи маблағҳои давлатии барои соҳаи маориф ҷудо карда шаванда амалӣ карда мешавад. Дурнамои арзиши умумии лоиҳа 590063,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла:
- буҷети давлатии соҳаи маориф - 352978,9 ҳазор сомонӣ;
- сармоягузории хориҷӣ - 55800,0 ҳазор сомонӣ;
- сармоягузории дохилӣ - 181284,3 ҳазор сомонӣ.
Натиҷаҳои ниҳоӣ
Дар натиҷаи амалӣ гардидани барнома базаи моддӣ - техникии муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар мустаҳкам мегардад, барои гирифтани маълумоти босифат ва рақобатпазир шароит муҳайё мегардад, барои гузаштан ба таҳсилоти ҳатмии умумӣ заминаҳо фароҳам оварда мешавад, беҳтар гардидани шароити таҳсил ба болоравии сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.
Дар натиҷа 136 мактаб аз хонаҳои шахсӣ, 101 мактаб аз вагонхонаҳо бароварда мешавад. Ба ҷойи 284 мактаби садамавӣ мактабҳои нав сохта мешаванд. 208 мактаб таъмири асосӣ карда шуда, сохтмони 75 мактаби нотамом ба истифода дода мешавад.
Мӯҳлати амалӣ гардидани барнома
Солҳои 2008-2015
Эзоҳ
1. Нишондиҳандаҳои дурнамои маблағҳои сохтмон, ки дар барнома қайд карда шуданд ҳамасола вобаста ба сатҳи рушди иқтисодиёт ва имкониятҳои Буҷети давлатӣ дақиқ гардида, аз нав дида баромада мешаванд.
2. Арзиши таъмиру сохтмони бинову иншооти дар барнома пешбинигардида, бо нархҳои дар ҳолати то 1 августи соли 2008 амалкунанда бидуни корҳои ободгардонӣ ва маҳкам кардани гирду атрофи иншоот, бо барқу об таъминкунӣ ва таҷҳизонидан бо мебел ҳисоб карда шудааст ва ҳамасола бо назардошти дараҷаи таваррум ва таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ тағйир ёфта метавонад.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд дар рафти таъмиру сохтмони иншоот масолеҳи сохтмонии маҳаллиро истифода намуда, маблағҳои шаҳрвандони алоҳида, сармоягузорони дохилӣ, хориҷӣ ва хусусиро ҷалб намоянд.
4. Роҳбарони раёсату шӯъбаҳои маориф, директорони мактабҳо вазифадоранд ҳолати физикию техникии биноҳои муасисаҳои таълимиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
1. Муқаддима
Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд (минбаъд Барнома) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 феврали соли 2008 №56, "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 ва вазифаҳо барои соли 2008", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва дар чаҳорчӯбаи Матритсаи амалиётҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 таҳия гардидааст. Барномаи мазкур стратегия, самтҳои асосӣ, афзалият, вазифаҳо ва механизми амалӣ намудани сиёсати давлатиро дар самти сохтмону таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2008-2015 муайян намуда, имконият медиҳад, ки яке аз вазифаҳои асосии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд дар соҳаи маориф амалӣ карда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои пешрафти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар ин давра пояи модддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ пурқувват шуда, мактабҳои нав сохта шуда, аксарияти мактабҳо аз таъмир бароварда шуданд.
Амалӣ намудани Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ, сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, сектори хусусӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, ва дигар корхонаҳо новобоста аз шакли моликияташон таъмин карда мешавад.
Иҷрокунандагон ва мутасадциёни асосии Барнома Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилотяҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Барнома бо дарназарадошти вазъи воқеии соҳаи маориф ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таъмини ҷои нишаст, ҳалли масъалаҳои стратегӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мусоидат менамояд.
Нишондиҳандаҳои дурнамои таъмиру сохтмони бинову иншооти дар барнома пешбинигардида, бо нархҳои дар ҳолати то 1 августи соли 2008 амалкунанда бидуни корҳои ободгардонӣ ва маҳкам кардани гирду атрофи иншоот, бо барқу об таъминкунӣ ва таҷҳизонидан бо мебел ҳисоб карда шудааст ва ҳамасола бо назардошти дараҷаи таваррум ва таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ тағйир ёфта метавонад.
Вобаста аз сатҳи рушди иқтисодиёт, буҷети давлатӣ ва имкониятҳо нишондиҳандаҳои дурнамои маблағгузории дар Барнома нишондодашуда аниқ карда шуда, аз нав дида мешавад.
2. Таҳлили вазъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3810 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 662 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 778 мактаби таҳсилоти асосӣ, 2181 мактаби таҳсилоти миёна, 87 гимназия, 43 литсей, 42 мактаб-интернат, 8 мактаби хусусӣ ва 9 мактаби ғоибона фаъолият доранд.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 1692115 нафар хонандагон, аз ҷумла 794377 нафар духтар таҳсил менамоянд. Алҳол дар мактаб-интернатҳо 8950 нафар тарбиядгирандагон, аз ҷумла 2143 духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ба таълиму тарбияи хонандагон 99354 нафар омӯзгор, аз ҷумла 52985 зан машғул мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 61570 нафар дорои таҳсилоти олӣ (62 фоиз), 5030 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра (5 фоиз), 25726 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ (25 фоиз) ва 7028 нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (7 фоиз) машғул мебошанд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар 284 мактаб дар ҳолати садамавӣ, 208 мактаб ба таъмири асосӣ ниёз дошта, 101 адад мактаб дар вагонхонаҳо ва 136 адад мактаб дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир мебошад, аз ҷумла:
- дар вилояти Хатлон 118 мактаб дар ҳолати садамавӣ, 95 мактаб ба таъмири асосӣ ниёз дошта, 49 мактаб дар вагонхонаҳо ва 93 мактаб дар хонаҳои шахсӣ ҷойгиранд;
- дар вилояти Суғд 47 мактаб дар ҳолати садамавӣ, 30 мактаб ба таъмири асосӣ ниёз дошта, 7 мактаб дар вагонхонаҳо ва 7 мактаб дар хонаҳои шахсӣ ҷойгиранд;
- дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 34 мактаб дар ҳолати садамавӣ, 28 мактаб ба таъмири асосӣ ниёз дошта, 2 мактаб дар вагойхонаҳо ва 3 мактаб дар хонаҳои шахсӣ ҷойгиранд;
- дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе 88 мактаб дар ҳолати садамавӣ, 55 мактаб ба таъмири асосӣ ниёз дошта, 43 мактаб дар вагонхонаҳо ва 33 мактаб дар хонаҳои шахсӣ ҷойгиранд.
Дар маҷмӯъ, Барномаи сохтмон, таъмир ва азнавсозии 804 мактабро дар қаламрави ҷумҳурӣ пешбинӣ менамояд, ки барои ин аз рӯи ҳисоби пешакӣ 590063,2 ҳазор сомонӣ сарф карда мешавад аз ҷумла:
- буҷети давлатии соҳаи маориф - 352978,9 ҳазор сомонӣ;
- сармоягузории хориҷӣ - 55800,0 ҳазор сомонӣ;
- сармоягузории дохилӣ - 181284,3 ҳазор сомонӣ.
3. Ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии Барнома
Ҳадафҳои асосии Барнома фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, мутаҳкам намудани пояи моддӣ техникии мактабҳо мебошад, ки он барои гирифтани таҳсилоти босифат дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ва ба сатҳи соҳаи маорифи давлатҳои мутараққи наздик намудани системаи маорифи ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ зарур аст, ки масъалаҳои зерин ҳал карда шаванд:
- маблағгузории давлатии соҳаи маориф бо дарназардошти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он;
- муҳайё сохтани шароит барои гирифтани таҳсилоти сифатнок ва ташаккули шаҳрвандӣ:
- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ;
- ба шароити нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ мутобиқ сохтани идоракунии муассисаҳои соҳаи маориф;
4. Самтҳои амалигардонии Барнома
Таъмини заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ яке аз шартҳои асосии амалӣ гаштани раванди таълиму тарбия буда, он имконият медиҳад, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба низом дароварда шавад.
Самтҳои асосии рушди он аз инҳо иборат аст:
- нигоҳдорӣ, мустаҳкам намудан ва инкишоф додани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ;
- ба анҷом расонидани бунёди мактабҳои сохтмонашон нотамом сохтмони мактабҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ, иншооти ёрирасон, барқарор намудани биноҳои таълимӣ ва таъмири мактабҳо;
- таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мебелҳо, мизу курсиҳо, тахтаи синфӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ;
- муҳайё намудани шароити зарурии иқтисодӣ барои инкишоф ва баланд бардоштани заминаи моддию техникӣ;
- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти самараноки муассисаҳои таълимӣ;
5. Маблағгузории Барнома
- бо дарназардошти талаботи Барнома пешбинӣ намудани маблағҳо барои сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо;
- ҳамасола ҷудо намудани маблағҳои Буҷети далатӣ барои сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ;
- истифодаи шаклҳои нави хоҷагидорӣ, таълими пулакӣ, маблағгузории падару модарон, сармоягузорони дохилию хориҷӣ;
- дарёфти қарзҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат аз бонкҳо ва ташкилоту созмонҳои дохилию хориҷӣ барои сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ;
- таҷдиди назар намудани роҳҳои маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ҷалби маблағҳои институтҳои молиявии байналхалқӣ бо назардошти рушди соҳа;
- ба низом даровардани хизматҳои пулакии гирифгани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;
- истифодаи ҳамаҷонибаи сарчашмаҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ барои рушди соҳа;
-ҷалби сармоягузории хориҷӣ, сектори хусусӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар корхонаҳо новобоста аз шакли моликияташон.
6. Натиҷаҳо ва индикаторҳои баҳодиҳии Барнома
Барнома то соли 2015 амалӣ гардонида шуда, раванди дар амал ҷорӣ шудани он бо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009, Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар бахши маориф ва дигар ҳуҷҷатҳои аҳамияти стратегӣ дошта ва ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равонагардида ҳамоҳанг гардонида шудааст.
Дар натиҷаи амалӣ намудани барнома мутобиқи мақсад ва афзалиятҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ноил шудан ба мақсади асосии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 дар соҳаи маориф, таъмини дастрасии умумӣ ва баробарии духтарону писарон ба маълумоти миёна амалӣ мегардад. Ин натиҷа дар асоси беҳбудӣ бахшидан ба системаи идоракунии соҳаи маориф, сохтмону барқароркунӣ ва азнавсозии муассисаҳои тахсилоти умумӣ, баланд бардоштани самарабахшии системаи истифодаи захираҳои мавҷуда, беҳтар гардонидани таъминоти методӣ ва қадрии системаи маориф ва пурқувват намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ба даст меояд.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани Барнома ба ивази мактабҳои дар вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ ҷойгирифта 237 мактаб бо 29437 ҷойи нишаст сохта мешавад ва ба замми ин сохтмони 75 мактаби нотамом ба охир расонида шуда, 284 мактаби дар ҳолати садамавӣ қарордошта, ва 208 мактаби ба таъмири асосӣ ниёздошта сохта ва таъмир карда мешаванд.
Ба сифати индикаторҳои мониторинги Барнома индикаторҳои натиҷаҳои ниҳоӣ ва самара, ки дар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009, Стратегияи милии рушди системаи маориф барои солҳои 2006-2015 оварда шудаанд низ истифода бурда мешаванд.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи пурра амалӣ гардидани Барнома системаи маориф ба шакли куллӣ ва мусбӣ тағйир дода шуда, он имконият медиҳад, ки дастрасии комил ва ҳаматарафаи хонандагон ба таълим фароҳам оварда шавад ва сифати он ба стандартҳои ҷаҳонӣ баробар гардад.
Таҳлили амалӣ гардидани чорабиниҳо ва баҳодиҳии иҷрои индикаторҳои Барнома аз ҷониби раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамоҳангсозӣ бо - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Раёсат ва шӯъбаҳои маориф ҳар сол на дертар аз 10 феврал ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд .
* Замимаҳо оварда намешаванд.
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 27 августа 2008 года №436
Государственная программа строительства, ремонта и реконструкции школ на 2008 -2015 годы, расположенных в частных домах, вагонах, административных зданиях и общественных местах
(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)
Паспорт Государственной программы строительства, ремонта и реконструкции школ на 2008-2015 годы, расположенных в частных домах, вагонах, административных зданиях и общественных местах
Название программы
Государственная программа строительства, ремонта и реконструкции школ на 2008-2015 годы, расположенных в частных домах, вагонах, административных зданиях и общественных местах
Основы разработки программы
Постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 февраля 2008 года №56 "Об итогах социально-экономического развития Республики Таджикистан за 2007 и задачах на 2008 год"
Разработчик
Министерство образования Республики Таджикистан
Цели
На основе Государственной программы строительства, ремонта и реконструкции школ на 2008-2015 годы, расположенных в частных домах, вагонах, административных зданиях и общественных местах укрепить материально-техническую базу учреждений общего образования, совершенствовать инфраструктуру системы образования и привести в соответствие с существующими требованиями и нормами учебные здания и другие сооружения системы образования
Задачи
Укрепление материально-технической базы учреждений общего образования республики, строительство и ремонт учебных зданий.
Источники финансирования
Финансирование данной Программы реализуется в пределах государственных средств выделяемых для сферы образования. Прогнозная общая стоимость проекта составляет 590063,2 тысяч сомони, в том числе:
- государственный бюджет сферы образования-352978,9 тысяч сомони,
- иностранные инвестиции- 55800 тысяч сомони,
- внутренние инвестиции- 181284,3 тысяч сомони.
Конечные результаты
В результате реализации Программы укрепляется материально-техническая база учреждений общего образования страны, создаются условия для получения качественного конкурентоспособного образования, создается основа для перехода на обязательное среднее образование, улучшение условий обучения будет способствовать повышению качества обучения и воспитания. В итоге будут выведены из частных домов 136 школ и из вагонов 101 школа. Вместо 284 аварийных школ будут построены новые школы. 208 школ будут капитально отремонтированы, 75 недостроенных школ будут сданы в эксплуатацию.
Сроки реализации программы
2008-2015 годы
1. В зависимости от уровня развития экономики и возможностей Государственного бюджета прогнозные показатели финансирования, указанные в Программе ежегодно будут уточняться и пересматриваться.
2. Расчет стоимости строительства и ремонта зданий и сооружений в предусмотренной программе произведен по ценам, действующим на 1 августа 2008 года без учета работ по благоустройству и ограждения территории объекта, Примечание
электроснабжения, водоснабжения, обеспечения мебелью и ежегодно может быть изменён с учетом уровня инфляции и разработки проектно-сметной документации.
3. Местные исполнительные органы государственной власти во время ремонта и строительства могут использовать строительные материалы местного производства, привлекая средства отдельных граждан, внутренних, внешних и частных инвесторов.
4. Руководители управлений, отделов образования, директора школ обязаны строго контролировать физическое и техническое состояние зданий учреждений образования.
1. Введение
Государственная программа строительства, ремонта и реконструкции школ на 2008 -2015 годы, расположенных в частных домах, вагонах, административных зданиях и общественных местах (далее Программа) разработана на основании постановления Правительства Республики Таджикистан "Об итогах социально-экономического развития Республики Таджикистан за 2007 год и задачах на 2008 год" от 05.02 2008 года №56, Национальной Стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2015 года и в рамках Матрицы мер Стратегии снижения бедности в Республике Таджикистан на 2007-2009 годы. Данная программа определив стратегию, основные направления, приоритеты, задачи и механизм реализации государственной политики в направлении строительства, ремонта и реконструкции учреждений общего среднего образования на 2008 - 2015 годы, данная даст возможность практическому выполнению основных задач Стратегии снижения бедности в Республике Таджикистан и приоритетов Национальной стратегии развития в сфере образования,
Республика Таджикистан в годы независимости, в деле развития системы образования и повышения качества обучения и воспитания достигла значительных успехов. В этот период укрепилась материальнотехническая база учреждений образования, построены новые школы, в большинстве школ произведены ремонтные работы.
Реализация Программы будет обеспечена за счет государственного бюджета, внутренних и международных и инвестиций, частного сектора, аграрных хозяйств, и других предприятий независимо от их форм собственности.
Основными исполнителями и ответственными за реализацию Программы являются Министерство образования и науки Республики Таджикистан, Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерство финансов Республики Таджикистан, Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, органы государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, города Душанбе и районов республиканского подчинения, управления и отделы образования областей городов и районов республики
Программа разработана с учетом реального состояния системы образования и способствует повышению качества образования, в общеобразовательных учреждениях, обеспечению посадочных (ученических) мест, решению стратегических задач отрасли и других существующих проблем учреждений общего образования.
Прогнозные показатели ремонта и строительства зданий и сооружений в предусмотренной программе произведен по ценам, действующим на 1 августа 2008 года без учета работ по благоустройству и ограждения территории объекта, электроснабжения, водоснабжения, обеспечения мебелью и ежегодно может быть изменён с учетом уровня инфляции и разработки проектно-сметной документации.
В зависимости от уровня развития экономики и возможностей бюджета прогнозные показатели финансирования, указанные в Программе будут уточняться и пересматриваться.
2. Анализ состояния учреждений общего образования
В Республике Таджикистан действуют 3810 школ общего образования, в том числе 662 школы начального образования, 778 школы основного образования, 2181 школы среднего образования, 87 гимназий, 43 лицея, 42 школы - интернатов, 8 частных школ и 9 заочных школ.
Учреждения общего образования охватывают обучением 1692115 учеников, из них 794377 девочек. В настоящее время в школах -интернатах республики воспитываются и обучаются 8950 детей, из них 2143 девочек.
Учебно-воспитательную деятельность ведут 99354 педагогов, из которых 52985 женщин. Из общества количества учителей 61570 (62 процента) имеют высшее образование, 5030 (5 процентов) человек неполное высшее, 25726 (25 процентов) среднее профессиональное образование, 7028 (7 процентов) учителей имеют среднее образование.
В настоящее время в республике 284 школы находятся в аварийном состоянии, 208 школы нуждаются в капитальном ремонте, 101 школа в вагонах и 136 школ расположены в частных домах, в том числе:
- в Хатлонской области 118 аварийных школ, 95 нуждающихся в капитальном ремонте, 49 в вагонах и 93 школы расположены в частных домах;
- в Согдийской области 47 аварийных школ, 30 школ нуждающихся в капитальном ремонте, расположены 7 школ в вагонах и 7 школ в частных домах;
- в Горно - Бадахшанской автономной области 34 аварийных школ, 28 нуждающихся в капитальном ремонте, расположены 2 школы в вагонах и 3 школы в частных домах.
- в районах республиканского подчинения и по городу Душанбе 88 аварийных школ, 55 школ нуждающихся в капитальном ремонте, 43 школы в вагонах и 33 школы расположены в частных домах.
В целом Программа предусматривает строительство, ремонт и реконструкцию 804 школы по территории республики, для чего по предварительным расчетам израсходуется 590063,2 тысяч сомони, в том числе:
- государственный бюджет сферы образования-352978,9 тысяч сомони;
- иностранные инвестиции-55800,0 тысяч сомони;
- местные инвестиции- 181284,3 тысяч сомони.
3. Цели и основные задачи Программы
Основными целями Программы являются создание необходимых условий для развития учреждений общего образования страны, укрепление материально - технической базы школы, способствующей получению качественного образования на основе государственных стандартов образования и приближению системы образования республики к уровню образования развитых стран.
Для достижения основных целей необходимо решение следующих задач:
- государственное финансирование сферы образования с учетом её социально - экономического развития;
- обеспечить условия для получения качественного образования и развития гражданского самосознания;
- укрепление материально - технической базы учреждений образования;
- привести управление учреждений сферы образования в соответствие к новым условиям общественных и экономических отношений.
4. Направления реализации Программы
Обеспечение материально - технического оснащения образовательных учреждений являясь основным условием организации учебно-воспитательного процесса, даёт возможность систематизации их деятельности. Основные направления его развития состоят из:
- сохранение, укрепление и развитие материально - технической базы образовательных учреждений;
- завершение строительства незавершенных школ, строительство новых школ, дополнительных классов, вспомогательных помещений, реконструкция учебных зданий и ремонт школ;
- создание необходимых экономических условий для развития и укрепления материально - технической базы;
- создание необходимых условий для эффективной деятельности образовательных учреждений.
5. Финансирование Программы
- с учетом потребностей реализации Программы предусмотрение средств на строительство, ремонт и реконструкцию школ;
- ежегодное выделение средств из Государственного бюджета, на строительство, ремонт и реконструкцию учреждений образования;
- использование новых форм хозяйствования, платного образования, родительских взносов, средств внутренних и внешних инвесторов;
- изыскание долгосрочных и краткосрочных кредитов банков, внутренних и международных организаций и объединений на строительство, ремонт и реконструкцию образовательных учреждений;
- пересмотр путей финансирования отрасли с республиканского и местных бюджетов, привлечение средств международных финансовых институтов с учетом развития отрасли;
- систематизация платных образовательных услуг в образовательных учреждениях;
- регулирование и систематизация платных образовательных услуг в образовательных учреждениях;
- всестороннее использование внебюджетных источников финансирования для развития отрасли;
- привлечение иностранных инвестиций, частного сектора, аграрных хозяйств, предприятий республики независимо от их форм собственности.
6. Результаты и индикаторы оценки Программы
Программа реализуется до 2015 года, процесс его осуществления скоординирован с Национальной стратегией развития Республики Таджикистан, Стратегией снижения уровня бедности Республики Таджикистан на 2007-2009 годы, Среднесрочной Программой государственных расходов по части образования и других документов стратегического значения, направленных на развитие социальной сферы.
В результате реализации Программы в соответствии целей и приоритетов Национальной стратегии развития Республики Таджикистан, Стратегии снижения бедности Республики Таджикистан на 2007-2009 годы и Национальной стратегии развития образования Республики Таджикистан на 2006-2015 достижения основных целей Стратегии снижения бедности Республики Таджикистан в отрасли образования реализуется обеспечение всеобщего доступа к общему среднему образованию и достигается тендерное равенство. Данный результат будет достигнут на основе совершенствования системы управления отрасли образования, строительства, восстановления и ремонта учреждений общего среднего образования, повышения эффективности системы использования имеющихся ресурсов, улучшения методического и кадрового обеспечения и укрепления материально-технической базы образовательных учреждений.
В результате реализации Программы взамен находящихся школ в вагонах и частных домах будут построены 237 школ с 29437 посадочными местами и в дополнение к этому будут сданы в эксплуатацию 75 школ с незавершенным строительством и 284 школы, находящихся в аварийном состоянии, будут отремонтированы 208 школ, нуждающихся в капитальном ремонте.
В качестве индикаторов мониторинга Программы будут использованы индикаторы предварительных итогов и эффективности, предусмотренных в Стратегии снижения бедности Республики Таджикистан на 2007- 2009 годы, Национальной стратегии развития образования Республики Таджикистан на 2006-2015.
Таким образом, в результате полной реализации Программы система образования коренным образом и положительно будет изменена и даст возможность всеобщего и равного доступа учащихся к образованию и приравниванию его качества мировым стандартам.
Анализ реализации мероприятий и оценки выполнения индикаторов Программы со стороны управлений образования областей и отделов образования городов и районов республики координируется Министерством образования и науки Республики Таджикистан
Управления и отделы образования ежегодно не позднее 10 февраля представляют отчет в Министерство образования Республики Таджикистан.