Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 № 505 "Дар бораи тадбирҳои ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Аз 1 январи соли 2012 ба Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд:

- мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо бо шумораи штатии 155 воҳид, инчунин шумораи амалкунандаи штатии ҳайати техникӣ ва хизматрасон (замима мегардад);

- Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе бо шумораи штатӣ;

- Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо шумораи штатӣ;

- шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Турсунзода бо шумораи штатиаш, ки дар асоси худмаблағгузорӣ фаъолият менамояд.

2) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо маҳалли ҷойгиршавии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро бетағйир мононда, тибқи тартиби муқарраргардида шумораи штатӣ, сметаи хароҷот, молу мулк ва дигар лавозимотеро, ки барои истифода дар фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ шудаанд, ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.

3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мувофиқи тартиби муқарраргардида маблағгузории мутамаркази мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро аз қисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявй, инчунин ба Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани шумораи хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллиро пешбинӣ намояд;

- ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" таклиф пешниҳод намояд.

4) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ва Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мақомоти сабти асноди

ҳолати шаҳрвандӣ комиссияи муштарак таъсис диҳанд.

5) Комиссияи муштарак аз 1 октябри соли 2011 дар давоми се моҳ:

- супоридан ва қабули делоҳои шахсии кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои дар истеҳсолоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бударо анҷом диҳад;

- баланси тақсимоти биноҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро, бо дарназардошти ҷойгиршавии онҳо дар ин биноҳо ва таъмини нигаҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб диҳад;

- инвентаризатсияи молу мулкеро, ки дар истифодабарии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қарор дорад, гузаронида, супоридани онро ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

- маблағҳои пулиеро, ки аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ ба даст оварда шуда, ҷиҳати таъмини фаъолияти устувори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ истифода мешаванд, қабул намояд ва барои истифодаи минбаъда ба суратҳисоби махсуси мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронад.

6) Ба Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 26 декабри соли 2006, № 587 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар сархатҳои сенздаҳум ва понздаҳуми банди 15 пас аз калимаҳои "нотариусони давлатӣ" калимаҳои ", роҳбарони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" илова карда шаванд;

- ба банди 15 сархати ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- муовинони сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, роҳбарони шӯъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳоро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.".

7) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 503 "Дар бораи масъалаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3);

- банди 2) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Шумораи ниҳоии кормандони Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 163 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 8 воҳиди штатӣ муқаррар карда шавад.";

- банди 4) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"4) Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.";

8) Аз Низомномаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 503 тасдиқ шудааст, ҷумлаи дуюми банди 10 хориҷ карда шуда, сархати сеюми банди 11 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"кормандони дастгоҳи марказии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шӯъбаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;";

9) Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009, №657 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шавад.

10) Ба Низомномаи Комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 2 декабри соли 2009, № 657 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар ҷумлаи дуюми банди 6 калимаҳои "Сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати" ба калимаҳои "муовини Вазири" иваз карда шаванд;

- ҷумлаи чоруми банди 6 хориҷ карда шавад;

- дар банди 13 калимаҳои "бо тавсифномаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо" ба калимаҳои "бо тавсифномаи роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки дар он коромӯз дар мӯҳлати муқарраршуда фаъолият намудааст" иваз карда шаванд;

-дар банди 14 калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ба калимаҳои "Вазорати адлия" иваз карда шаванд.

- банди 17 хориҷ карда шавад;

- дар банди 20 калимаҳои "коромӯз Комиссия ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хабарнома ирсол менамояд" ба калимаҳои "коромӯз, он аз санҷиши тахассусӣ нагузашта ба ҳисоб меравад" иваз карда шаванд;

- аз банди 24 калимаҳои "бо иштироки роҳбари ӯ, ки намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад," хориҷ карда шаванд;

- банди 27 хориҷ карда шавад;

- банди 33 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"33) Комиссия фаъолияташро дар охири ҳар як сол ҷамъбаст карда, дар он натиҷаҳои санҷиши тахассусиро таҳлил менамояд ва ба Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.".

11) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, № 77 "Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- аз шакли 54-а замимаи 57 калимаҳои "мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии" хориҷ карда шаванд;

- дар шакли 9 замимаи 16, шакли 58 б замимаи 63 калимаҳои "Роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии" ба калимаҳои "Сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 7 октябри соли 2011 № 505

ш.Душанбе

Замима

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 октябри соли 2011 № 505

Шумораи штатии амалкунандаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Ниг.ба ҷадвал

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 октябри соли 2011 № 505

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Шӯъбаи ба расмиятдарории хуҷҷатҳои такрорӣ ва санҷишии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Бахши молия ва иқтисод

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 октябри соли 2011 № 505

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо

Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе

Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд

Бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва ноҳияҳо