Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шакли бланкҳои сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ: таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар, барқарор намудани сабти асноди таваллуд, шакли бланкҳои дигар ҳуҷҷатҳое, ки факти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвавдиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (замимаҳои 1-71) тасдиқ карда шаванд.
2. Шакли бланкҳои ҳисоботии қатъии зерин мавриди истифода қарор дода шаванд:
- шаҳодатномаҳои таваллуд ва фарзандхондӣ -аз 1 январи соли 2011;
- шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва вафот - аз 1 феврали соли 2011;
- шаҳодатномаҳои бекор кардани ақди никоҳ ва иваз намудани насаб, ном ва номи падар - аз 1 марти соли 2011;
- шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ - аз 1 январи соли 2012 ().
3. Арзиши 1 адад бланки ҳисоботи қатъии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба андозаи 20 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шуда, маблағи он ба суратҳисоби махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол карда шавад().
4. Аз 1 марти соли 2020 дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар баробари шакли дастнависшуда инчунин шаклҳои тариқи низоми электронии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди чопшавандаи бланкҳои шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар тибқи талаботи пешбининамудаи замимаҳои 1-7 қарори мазкур ҷорӣ карда шаванд. Муқаррар карда шавад, ки аз тарафи бахшҳои ноҳия ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар, инчунин сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба барқарор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани тағйиру ислоҳот ва бекоркунии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи факти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо роҳи ба низоми электронии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид намудан ва чоп кардан дар бланкҳои шаҳодатномаҳои ҳисоботи қатъӣ амалӣ карда мешавад .
5. То пайиаст намудани ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, инчунин муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли электронӣ бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби онҳо ба воситаи тартиб додани сабти марбутаи дастнависи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба амал бароварда шуда, дар асоси он шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли дастнависшуда дода мешавад .
6. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
- қарори Совети Вазирони СССР аз 15 марти соли 1968 № 880 оид ба тасдиқ намудани "Шаҳодатнома дар бораи муқаррар кардани падарӣ ва шаҳодатнома дар бораи дигар кардани фамилия, ном ва номи падар";
- қарори Совети Вазирони СССР аз 2 июни соли 1969 № 410 оид ба тасдиқ намудани "Формаҳои шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуд, вафот, қайди никоҳ, бекор кардани никоҳ, фарзандхонӣ, ки дар асоси қайди китобҳои акти ҳолати гражданӣ дода мешаванд";
- қарори Совети Вазирони РСС тоҷикистон аз 24 апрели соли 1970 № 128 оид ба тасдиқ намудани "Дастурамал оид ба тартиби бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар РСС Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2010 № 77
ш. Душанбе
Замимаҳои 1 7 дар таҳрири нав
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2010г.№716,от 30.04.2012г.№213, от 30.12.2019г.№668, от 26.09.2020г.№505, от 27.03.2023 №121)
Об утверждении формы бланков записей актов гражданского состояния и выдаваемых на основании данных записей бланков свидетельства формы бланков иных документов, подтверждающих факты государственной регистрации актов гражданского состояния и формы бланков заявлений о государственной регистрации актов гражданского состояния
В соответствии со статьей 4 Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации актов гражданского состояния" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить формы бланков записей актов гражданского состояния: рождение, смерть, заключение брака, расторжение брака, усыновление (удочерение), установление отцовства, перемена фамилии, имени и отчества, восстановление записи акта о рождении, формы бланков иных документов, подтверждающих факты государственной регистрации актов гражданского состояния и формы бланков заявлений о государственной регистрации актов гражданского состояния (приложения 1-71)
2. Ввести в действие следующие формы бланков строгой отчетности:
- свидетельств о рождении и усыновлении (удочерении) - с 1 января 2011 года;
- свидетельств о заключении брака и смерти - с 1 февраля 2011 года;
- свидетельств о расторжении брака и перемене фамилии, имени и отчества - с 1 марта 2011 года;
- свидетельства об установлении отцовства - с 1 января 2012 года
3. Установить стоимость 1 единицы бланка записи акта гражданского состояния в размере 20 процентов от показателя для расчетов с перечислением денежных средств на специальный счет Министерства юстиции Республики Таджикистан
4. С 1 марта 2020 года наряду с рукописной формой также ввести в органах записи актов гражданского состояния форму бланков свидетельств о рождении, смерти, заключении брака, расторжении брака, усыновлении (удочерении), установлении отцовства, перемене фамилии, имени и отчества, печатаемой посредством государственной электронной системы записи актов гражданского состояния, в соответствии с требованиями, предусмотренными приложениями 1-7 к данному постановлению. Установить, что районными, городскими секторами записи актов гражданского состояния выдача свидетельств о рождении, смерти, заключении брака, расторжении брака, усыновлении (удочерении), установление отцовства, перемене фамилии, имени и отчества, а также записи актов гражданского состояния о восстановлении записи акта гражданского состояния, внесение изменений и исправлении, аннулирование записей актов гражданского состояния и иные документы, подтверждающие факт государственной регистрации актов гражданского состояния осуществляются путем ввода в государственную электронную систему записи актов гражданского состояния и распечатывания на бланках свидетельств строгой отчётности
5. До подключения джамоатов шахр и дехотов, а также консульских учреждений Республики Таджикистан за пределами Республики Таджикистан к Государственному реестру актов гражданского состояния в электронной форме регистрация актов гражданского состояния производится с их стороны посредством составления соответствующей рукописной записи акта гражданского состояния, на основании которой выдается свидетельство о государственной регистрации акта гражданского состояния в рукописной форме
6. Признать утратившим силу:
- постановление Совета Министров СССР от 15 марта 1968 года №880 об утверждении "Свидетельства установления отцовства и Свидетельства о перемене фамилии, имени и отчества";
- постановление Совета Министров СССР от 2 июня 1969 года №410 об утверждении "Форм свидетельств о рождении, смерти, заключении брака, расторжении брака, усыновлении (удочерении), выдаваемых на основании книг регистрации актов гражданского состояния";
- постановление Совета Министров Таджикской ССР от 24 апреля 1970 года за № 128 об утверждении "Инструкции о порядке регистрации актов гражданского состояния в Таджикской ССР"
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 27 февраля 2010 года № 77
г. Душанбе
*Приложение 1
*Приложение 2
*Приложение 3
*Приложение 1-7 новая редакция