Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011 № 250

Санаи амалкуни: 29.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "6" майи соли 2011 № 250

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 485, аз 30.05.2015 № 363, аз 26.01.2016 № 6, аз 30.04.2016 № 193, аз 5.07.2017 № 335, аз 28.07.2017 № 362, № 363, аз 29.12.2017 № 596, аз 3.03.2018 № 111, аз 02.11.2018 № 536, аз 25.11.2021, №503, аз 29.12.2022 № 617)

I. Муқаррароти умумӣ

1) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи нақлиёт мебошад, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ ва хоҷагии роҳҳо (минбаъд - соҳаи нақлиёт) ба анҷом мерасонад(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536).

2) Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

3) Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаи нақлиётро ба роҳбарӣ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2018 № 111).

II. Ваколатҳо

4) Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

- таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, ки барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисодиёт ба интиқол ва хизматрасониҳои нақлиётӣ равона гардидаанд;

- идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ, назорати давлатӣ ва батанзимдарории фаъолияти соҳаи нақлиёт;

- фароҳамовардани шароит барои фаъолияти бехатари соҳаи нақлиёт;

- таҳияи нақшаи рушди соҳаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар асоси барномаҳои мақсадноки давлатӣ, миллӣ, байнидавлатӣ ва соҳавӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти идораи давлатӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳангоми татбиқи сиёсати нақлиётӣ ва ташкили фазои ягонаи нақлиётӣ;

- банақшагирӣ ва мониторинги барномаҳое, ки ба истифодаи рақобатнок ва самарабахши захираҳо ва баланд бардоштани самаранокии кори системаи нақлиётӣ мусоидат мекунанд;

- мусоидат ба дигаргуниҳои институтсионалӣ ва сохторӣ;

- татбиқи сиёсати сармоягузорӣ, тарифӣ ва фаъолияти илмию техникии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт;

- муқаррар ва таъмин намудани риояи меъёрҳою талаботҳои техникаи бехатарӣ ва ҳифзи истеъмолкунанда, муҳити зист ва захираҳои табиӣ мутобиқи стандартҳои усулҳои пешқадами идора;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳаи нақлиёт;

- таъмини назорати иҷро намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои нақлиёту хоҷагии роҳҳо ва талаботи бехатарию экологӣ ҳангоми истифодабарии воситаҳои нақлиёт дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон;

- иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаҳои нақлиёт;

- таҳлили эҳтиёҷоти инвеститсионии соҳаҳои нақлиёт, таҳияи барномаҳои дарозмӯҳлати давлатии сармоягузорӣ;

- мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва рақобатпазирии ташкилотҳои соҳаи нақлиёт дар бозори байналмилалию дохилии хизматрасониҳои нақлиётӣ ва ҷалб намудани сармоягузории хориҷӣ;

- таҳия ва таъмини татбиқи консепсияи давлатии дастрасии озод ба хизматрасониҳои нақлиётӣ;

- мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт;

- мусоидат ба корпоратизатсия, тиҷоратикунонӣ ва хусусигардонии корхонаҳои давлатии соҳаҳои нақлиёт;

таҳияи принсипҳои сиёсати тарифии соҳаи нақлиёт;

мониториниа тарифҳо, пардохтҳо ва дигар маблағҳои воридшавандаи корхонаҳои соҳаи нақлиёт новобаста ба шакли моликияташон;

5) Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда ваколатҳои зеринро анҷом медиҳад:

- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби фаъолияти соҳаҳои нақлиётро муайян мекунанд, бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- назорати иҷрои санадхои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ ва татбиқи онҳо дар соҳаҳои нақлиёт;

- амалӣ намудани вазифаи тақсимкунанда ва қабулкунандаи асосии маблағҳои буҷетии ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдории Вазорат пешбинишуда ва татбиқи вазифаҳои ба ӯ вогузоршуда;

- ташкили қабули шаҳрвандон, таъмини баррасии ҳалли муроҷиати онҳо дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва миллӣ ва консепсияи рушди соҳаҳои нақлиёт, дар ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;

- гузаронидани таҳлили соҳаҳои фаъолият ва муайян намудани дурнамои инкишофи соҳаҳои нақлиёт, таҳияи тавсияҳо ва татбиқи чораҳо оид ба таъмини фаъолият ва инкишофи устувори онҳо;

- иштирок дар такмили низоми идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори ташкилотҳои соҳаҳои нақлиёт новобаста ба шакли моликият, дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ;

- мусоидат ба фаъолияти якҷояи ташкилотҳои соҳаҳои нақлиёт дар мавриди анҷом додани сохтмон ва таҷдиди иншоотҳо;

- андешидани тадбирҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳои зиддимонополӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва рушди рақобати озод дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ;

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536)

- таҳияи бозори ҳамлу нақли мусофирон ва бор барои кушодани хатсайрҳои нав;

- асосноккунии ҳаҷм ва самтҳои маблағгузории буҷетии намудҳои алоҳидаи соҳаҳои нақлиёт, гузаронидани сиёсати самараноки сармоягузорӣ мутобиқи вазифаҳои инкишофи ин соҳаҳо бо дарназардошти мувофиқаткунонии маблағгузориҳои асосии муттамарказонидашудаи давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои молиявӣ;

- амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар ташкилотҳои сохтори Вазорат;

- иштирок дар ташаккул додани сиёсати тарифӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва таҳияи асосҳои методӣ ҷиҳати ташаккули тарифҳо барои хизматрасонии нақлиётӣ, ворид намудани пешниҳод ҷиҳати муқаррар намудани андозаҳои субсидияи буҷетӣ барои кор ва хизматрасонии нақлиётӣ;

- асосноккунии талабот ба захираҳои модцию молиявӣ ва меҳнатӣ барои татбиқи барномаҳои мақсадноки байнидавлатии рушди соҳаҳои нақлиёт, таъмини фаъолияти устувор ва бехатарии он, иҷрои фармоиши давлатии мудофиавӣ ва дигар эҳтиёҷоти давлатӣ;

- таҳияи пешниҳодҳо бо иштироки ташкилотҳои соҳаҳои нақлиётӣ оид ба ҷойгиркунии фармоиш барои тайёр намудани маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои мақсаднок, супориши давлатии мудофиавӣ ва дигар эҳтиёҷоти давлатӣ, амалӣ намудани тадбирҳо оид ба рушди ҳамкориҳои ташкилотҳои соҳаҳои нақлиёт барои истеҳсоли намудҳои махсуси маҳсулоти саноатӣ;

- иштирок дар танзими давлатии раванди сармоягузории соҳаи нақлиёт ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла сармоягузориҳои хориҷӣ, инчунин ҳамкорӣ намудан бо институтҳои байналмилалии молиявӣ оид ба ин масаълаҳо;

- ташкили ташхиси барнома ва лоиҳаҳои соҳаи нақлиёт;

- бастани шартномаҳо оид ба иҷрои фаъолият вобаста ба сохтмон дар соҳаҳои нақлиётӣ бо пудратчиён новобаста ба шакли моликият, ки дар асоси рақобат ва шаффофият муайян шудаанд, инчунин татбиқи назорати онҳо;

- амалӣ намудани сертификатсиякунонии таҷҳизот, иншоот, воситаҳо ва хизматрасониҳои соҳаҳои нақлиёт;

- таҳия, мувофиқакунӣ ва тасдиқи тарифҳои номиналии хизматрасониҳо дар соҳаҳои нақлиёт мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаҳои нақлиётӣ, ташкили гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳавӣ ва илмию техникӣ оид ба самтҳои афзалиятноки инкишоф ва фаъолияти он, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илмии соҳаҳои нақлиётӣ, ташкили таҳия ва татбиқи барномаҳои байнисоҳавии илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ;

- таҳия, мувофиқа ва тасдиқи талаботҳои техникӣ тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба восита, таҷҳизот ва маводи нақлиётӣ, дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои ин талабот;

- ташкили кор оид ба сертификатсиякунонии восита, таҷҳизот, мавод, кор ва хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳамкорӣ бо макомоти салоҳиятдори стандартизатсия, метрология ва сертификаткунонӣ, инчунин оид ба стандартизатсия ва таъминоти метрологии истеҳсолот дар соҳаҳои нақлиёт;

- ташкил ва ҳамоҳангсозии кор оид ба рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои нақлиёт;

- дар доираи салоҳияти худ ташкил ва ҳамоҳангсозии иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байниҳукуматии вобаста ба масъалаҳои фаъолияти соҳаҳои нақлиёт ва бо тартиби муқарраргардида муаррифӣ намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ;

- мусоидат ба таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои молиявию саноатӣ бо иштироки ташкилотҳои соҳаҳои нақлиёт;

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаҳои нақлиётӣ;

- таъмин намудан бо мутахассисон, воситаҳои техникӣ ва захираҳои моддие, ки барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда заруранд ва анҷомдиҳии чорабиниҳои сафарбаркунӣ;

- ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳое, ки барои анҷомдиҳии вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодасозии сафарбарӣ равона гардидаанд, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти хидматӣ дар комплекси нақлиёт;

- ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони ҳайати роҳбарикунанда бо тартиби муқарраргардида дар соҳаҳои нақлиёт новобаста ба шакли моликият;

- ҷамъбаст ва таҳлили иттилооти давлатии оморӣ дар соҳаҳои нақлиётӣ;

- анҷоми корҳо оид ба компютеркунонӣ, пешбурд ва маҳфуз доштани махзани маълумот оид ба комплекси нақлиётӣ ва феҳристи иттилоотии субъектҳои он, ташкили таъминоти иттилоотии соҳаҳои нақлиёт;

- тайёр намудани кормандони тахассусӣ дар соҳаҳои нақлиёт, инчунин бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомузӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо;

- иштирок дар рушди интиқоли омехта, анҷом додани ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои намуди мухталифи нақлиёт;

- амалигардонии тадбирхо оид ба рушд ва такмили фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ва ташаккули шабакаи ба соҳаҳо тақсимшудаи терминалҳо дар комплекси нақлиёт;

- ҳамоҳангсозии кори ташкилотҳои соҳаҳои нақлиёт оид ба таъмини интиқоли бор ба ноҳияҳои баландкӯҳ;

- ташкил ва анҷом додани назорати давлатӣ бо тартиби муқарраргардида дар нуқтаҳои убури нақлиётӣ тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуқтаҳои назоратии доимиву сайёр, риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои анҷомдиҳандаи ҳамлу нақл новобаста ба шакли моликият;

- такмили нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодабарии маводи бойгонӣ;

- таҳия ва татбиқи тадбирхо ҷиҳати баланд бардоштани бехатарии ҳаракати роҳ, парвозҳо ва кам намудани таъсири зарарнокии нақлиёт ба муҳити зист, гузаронидани нақлиёти автомобилӣ ба навъҳои алтернативии сӯзишворӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти манфиатдори идораи давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, дар доираи салоҳияти худ ташкил намудани назорати ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт;

- таъсиси мақомоти (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва муоинавӣ, аз ҷумла байниидоравӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

Вазорат дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад.

6) Вазорат дигар ҳуқуқҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ менамояд:

- пешниҳоди дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои нақлиёт ва дархости якҷоя барои аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ намудани хароҷоти пурраи соҳаи нақлиёт, инчунин дар соҳаҳои алоҳида тибқи тартиби муқарраргардида;

- иштирок дар ҳалли масъалаҳои маблағгузории рушди барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва байнидавлатӣ дар соҳаҳои нақлиётӣ;

- гузаронидани санҷиши аудити дохилӣ ҷиҳати самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷети давлатӣ, таҳлили фаъолияти молия вию хоҷагидории ташкилотҳои сохтори Вазорат;

- таҳия ва тасдиқи дастурамалҳо, тартибу қоидаҳо ва намунаи ҳуҷҷатҳои барои анҷомдиҳии вазифа ва амалҳои ба соҳаи нақлиёт зарур;

- додани ваколат оид ба иҷрои баъзе масъалаҳои Низомномаи мазкур ба зиммаи ташкилотҳои нақлиётии Вазорат;

- муқаррарнамудани реҷаи кор дар нуқтаҳои убури воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- манзур намудани пешниҳодот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар намудани гузаргоҳҳои нақлиётӣ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқ намудани талаботи марбут ба сохтмон дар соҳаи нақлиёт ва истифодабарии иншоотҳои инфрасохтори нақлиёт, номгӯи иншооте, ки вобаста ба онҳо бояд асоснокии техникии иқтисодӣ таҳия гардад, лоиҳаҳои қолабӣ, хуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷотӣ, инчунин рӯйхатҳои титулӣ барои сохтмон ва таҷдиди сохтори иншооте, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд бо тартиби муқарраргардида ва муқаррар намудани талабот нисбат ба таркиб ва ҳаҷми ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

- таъсиси комиссияҳои корӣ ва давлатӣ ва анҷом додани қабули иншооти соҳаҳои нақлиётӣ новобаста ба шакли моликияташон тибқи тартиби муқарраргардида;

- анҷоми татбиқи сиёсати нақлиёти ҳамоҳанггардида вобаста ба бахшҳои соҳа дар фаъолияти байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ;

- муаррифӣ намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Вазорат бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иштирок дар таҳияи шартномаҳо ва бо тартиби муқарраргардида бастани онҳо бо идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, назорати иҷрои ин шартномаҳо;

- таҳия ва тасдиқ намудани квотаҳо бо мақомоти салоҳиятдори давлатии дигар давлатҳо барои анҷом додани интиқоли байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва шартҳои иҷрои онҳо(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536);

- таъсис додани гурӯҳҳои корӣ ва комиссияҳои муваққатӣ дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда ҷиҳати рафъи ин ҳодисаҳо ва оқибатҳои имконпазири онҳо ва ба ин кор ҷалб намудани мутахассисони ташкилотҳои соҳаҳои нақлиёт тибқи тартиби муқарраргардида;

- пешниҳоди хулоса оид ба лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ ба манфиатҳои соҳаи нақлиёт мансубдошта;

- гирифтани иттилоот бо тартиби муқарраргардида аз ташкилотҳои соҳаи нақлиёт новобаста ба шакли моликият оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти онҳо, тибқи намунаҳои тасдиқнамудаи мақомоти омор ва Вазорат;

- гузаронидани конференсияҳо, маҷлисҳои машваратӣ ва семинарҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, ташкили намоишгоҳҳо оид ба масъалаҳои такмил ва инкишофи соҳаҳои нақлиётӣ;

- таъсис додани нашрияҳои чопӣ ва ташкили фаъолияти нашрӣ;

- Вазорат метавонад дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

III. Ташкили фаъолияти Вазорат

7) Вазоратро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазир дар асоси яккаҳокимиятӣ фаъолияти соҳаҳои ба ӯ гузошташударо идора мекунад ва нисбат ба иҷрои функсия ва вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад. Муовини якум ва дигар муовинони Вазир, инчунин роҳбари хадамоти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовинони Вазирро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Воҳидҳои сохтории Вазорат аз сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат иборат мебошад.

Вазорат дар системаи худ корхонаҳои давлатӣ дорад, ки фаъолияти худро дар асоси ҳисоби хоҷагӣ ба сифати воҳидҳои мустақили хоҷагидор анҷом медиҳад.

8) Вазифаҳои Вазир аз инҳо иборатанд:

- амалисозии роҳбарии умумии фаъолияти Вазорат ва ташкили кори он;

- қабули фармоишҳо бо тартиби муқарраргардида, додани дастурҳое, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти тобеи Вазорат ҳатмӣ мебошад ва тафтиши иҷрои онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида қабули санадҳои меъёрии хуқуқии дорои хусусияти умумиҳатмӣ дошта;

- тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ ва нашри дастурамалҳо, қоидаву тартибҳо, номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои анчомдиҳии вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зиммаи соҳаҳои нақлиёт вогузоршуда;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масаълаҳои мансуб ба салоҳияти Вазорат;

- тасдиқи нақшаи корӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории Вазорат;

- манзур намудани пешниҳодҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини маблағгузории Вазорат ва воҳидҳои сохтории он;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур доштани пешниҳодот оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхона ва муассисаҳои давлатии дар сохтори Вазорат қарордошта;

- тасдиқи Низомномаи воҳидҳои сохтори Вазорат, инчунин аз номи Вазорат ҳамчун муассис муфовиқакунии Оинномаи ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар фонди оиномавӣ саҳми давлатӣ доранд ва тасдиқи Оинномаи корхонаҳои (муассисаҳои) давлатии фаъолияти худро дар асоси хоҷагидорӣ ба сифати воҳидҳои мустақили хоҷагидор анҷомдиҳанда;

- таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат;

- бо тартиби муқарраргардида роҳбарони корхонаҳои (муассисаҳои) давлатии нақлиётӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд;

- тақсими вазифаҳо байни муовинони Вазир ва муқаррар намудани дараҷаи масъулияти онҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтори Дастгоҳи марказии Вазорат;

- тасдиқи сохтор ва басти вазифаҳои Дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии тобеи Вазорат дар ҳудуди шумора ва фонди пардохти музди меҳнати кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

муқаррар намудааст ва хароҷоти нигаҳдошти онҳо дар доираи маблағҳои ҷудошудаи буҷетӣ барои давраи муқарраргардида;

- тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳоди кормандони шоиста ҷиҳати сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- анҷомдиҳии ҳуқуқҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9) Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии Вазорат, шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказӣ, номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои сохтори Вазорат, инчунин тартиби ҷойгиркунонӣ ва маблағгузории Вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ менамояд.

10) Дар Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад, ки ба он Вазир (Раиси мушовара) муовинони Вазир (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат дохил мешаванд.

Аъзои ҳайати мушовараи Вазорат бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва озод карда мешаванд.

Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба фаъолияти Вазоратро дар машваратҳои мунтазам гузаронида баррасӣ менамояд. Қарори Ҳайати мушовара тавассути протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармонҳои Вазир тасдиқ ва дар амал татбиқ карда мешаванд.

11) Вазорат дар системаи худ корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ дорад, ки фаъолияти худро дар асоси ҳисоби хоҷагӣ ва ба сифати воҳидҳои мустақили хоҷагидор ба анҷом мерасонад.

Вазорат ба фаъолияти хоҷагидории онҳо дахолат намекунад.

12) Вазорат муассисаҳои давлатии минтақавӣ дорад. Сохтор, вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои онҳоро Вазорат муқаррар менамояд.

13) Маблағгузории хароҷоти таъминоти Дастгоҳи марказии Вазорат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

14) Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ ва дигар мӯҳр, штамп ва бланкаҳои намунаи муқарраргардида дорад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

15) Маҳалли ҷойгиршавии Вазорат: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 майи соли 2011 № 250

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 485, аз 29.12.2017 № 596)

1. Роҳбарият

2. Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ

3. Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо

4. Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ

5. Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

6. Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ

7. Раёсати корҳо

8. Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

9. Бахши ҳуқуқ

10. Бахши аудити дохилӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 485)

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 майи соли 2011 № 250

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дастгоҳи марказӣ

2. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 майи соли 2011 № 250

тасдиқ шудааст

Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор"

Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгардии минтақаи Рашт"

Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд"

Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қӯрғонтеппа"

Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб"

Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 363)

Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ"

Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 362)

Муассисаи давлатии "Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода"

Муассисаи давлатии "Тоҷиктрансстрой"

Муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.11.2021, №503)

Муассисаи давлатии "Рӯзномаи "Нақлиёт"

Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2017 № 335) 

Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2018 № 111)

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт"(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 617)

хориҷ карда шуд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536)

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2015 № 363)

Корхонаи воҳиди давлатии "Бадахшонроҳсоз" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 193)

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "6" майи соли 2011 № 250

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 485, аз 30.05.2015 № 363, аз 26.01.2016 № 6, аз 30.04.2016 № 193, аз 5.07.2017 № 335, аз 28.07.2017 № 362, № 363, аз 29.12.2017 № 596, аз 3.03.2018 № 111, аз 02.11.2018 № 536)