Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи "Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи "Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон" таъсис дода шавад.
2. Ба Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи "Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон" ҳуқуқи идоракунии фаврии бастаҳои саҳмияҳои давлатни ҷамъиятҳои саҳомии кушода тибқи замима вогузор карда шавад.
3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Оиннома, Низомнома ва ҳайати Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии холдингни кушодаи "Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон"-ро таҳия карда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Ба Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, № 250 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи "Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон";
- сархатҳои зерин хориҷ карда шаванд:
"Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр"
"Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 майи соли 2015 № 363
ш.Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" майи соли 2015, № 363
Руйхати ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар идораи Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи "Ширкати ҳавопаймони Тоҷикистон" қарор доранд:
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр"
2. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи банналмилалии Душанбе"
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Открытого акционерного холдингового общества "Авиационная компания Таджикистана"
В соответствии со статьей 52 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 10 Закона Республики Таджикистан "Об акционерных обществах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Открытое акционерное холдинговое общество "Авиационная компания Таджикистана".
2. Возложить на Открытое акционерное холдинговое общество "Авиационная компания Таджикистана" право оперативного управления государственными пакетами акций открытых акционерных обществ согласно приложению.
3. Министерству транспорта Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан разработать проекты Устава, Положения и состава Наблюдательного совета Открытого акционерного холдингового общества "Авиационная компания Таджикистана" и в установленном порядке представить в Правительство Республики Таджикистан.
4. В Перечень предприятий, учреждений и других организаций системы Министерства транспорта Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 6 мая 2011 года, №250 внести следующие изменения и дополнения:
- дополнить новым абзацем следующего содержания:
- "Открытое акционерное холдинговое общество "Авиационная компания Таджикистана";
- исключить следующие абзацы:
- "Открытое акционерное общество "Таджик Эйр" ;
- "Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Душанбе".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 мая 2015 года, № 363
Приложение
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 30 мая 2015 года, № 363
Перечень хозяйствующих обществ, находящихся в управлении Открытого акционерного холдингового общества "Авиационная компания Таджикистана"
1. Открытое акционерное общество "Таджик Эйр".
2. Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Душанбе".