Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 670 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳу нақлиёт»"

Санаи амалкуни: 26.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР 

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳу нақлиёт»

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳу нақлиёт» таъсис дода шавад.

2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳу нақлиёт»-ро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.

3. Ба Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, № 250 «Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳу нақлиёт».

4. Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳу нақлиёт» фаъолияти худро дар асоси худмаблағгузорӣ амалӣ намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 670

Правительство Республики Таджикистан 

Постановление

О создании Государственного учреждения «Центр повышения квалификации работников дорожно-транспортной отрасли»

В соответствии со статьями 52 и 128 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Создать Государственное учреждение «Центр повышения квалификации работников дорожно-транспортной отрасли».

2. Министерству транспорта Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы Государственного учреждения «Центр повышения квалификации работников дорожно-транспортной отрасли».

3. Перечень предприятий, учреждений и других организаций системы Министерства транспорта Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 6 мая 2011 года, №250 «О Министерстве транспорта Республики Таджикистан», дополнить десятым абзацем следующего содержания:

«Государственное учреждение «Центр повышения квалификации работников дорожно-транспортной отрасли».

4. Государственному учреждению «Центр повышения квалификации работников дорожно-транспортной отрасли» осуществлять свою деятельность на основе самофинансирования.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №670