Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣдошта"
Мутобиқи моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номи Муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта" ба Муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ" иваз карда шавад.
2. Дар ном ва матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2019, №491 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта" калимаҳои "Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта" ба калимаҳои "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ" иваз карда шаванд.
3. Ба Номгӯйи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ".
4. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои дахлдори соҳавии вазорат бо қарори мазкур чораҳои дахлдор андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 25 ноябри соли 2021, № 503