Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2012, № 485 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 рақамҳои "391" ва "105" мутаносибан ба рақамҳои "376" ва "90" иваз карда шаванд;

- сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 12 сентябри соли 2012, № 485

ш. Душанбе

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 сентябри соли 2012, № 485

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ

3. Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо

4. Раёсати авиатсияи гражданӣ

5. Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ

6. Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

7. Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ

8. Раёсати корҳо

9. Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

10. Бахши ҳуқуқ

11. Бахши аудити дохилӣ