ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВЕТЕРАНҲО
(Қонуни ҶТ 01.02.1996 № 223, аз 13.11.1998 № 675, аз 28.02.2004 № 9, аз 30.07.2007 № 290, аз 12.01.2024 № 594)
Ин Қонун статуси ветеранҳоро муайян намуда, назму тартиби татбиқи сиёсати давлатро нисбати ветеранҳо муқаррар мекунад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо
Мақсади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо аз он иборат аст, ки барои таъмини зиндагии шоистаи ветеранҳо ва иштироки фаъоли онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъият ва давлат шароити зарурӣ муҳайё гардад.
Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо аз инҳо иборатанд:
танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки субъекти онҳо ветеранҳо мебошанд;
ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои ветеранҳо;
дар ҷамъият устувор намудани муносибати боэҳтиромона нисбати ветеранҳо;
тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ин Қонун дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, иборат аст.
...