ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намуданд тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ветеранҳо"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1995 "Дар бораи ветеранҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №7-8, мод.67; соли 1996, №3. мод.48, фасли XIX; соли 1998, №22, мод.295; соли 2004, №2, мод.41) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз банди 8 моддаи 24 калимаҳои "ва андоз" хориҷ карда шаванд.
2. Дар банди "а" қисми якуми моддаи 25:
- зербанди 1 хориҷ карда шавад;
- зербандҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 ва 11 мутобиқан зербандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 ҳисобида шаванд.
3. Дар қисми якуми моддаи 34:
- банди 3 хориҷ карда шавад;
- бандҳои 4 ва 5 мутобиқан бандҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 37:
- банди 1 хориҷ карда шавад;
- бандҳои 2, 3, 4, 5 ва 6 мутобиқан бандҳои 1, 2, 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.
...