КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ.1, мод.4, мод.5; с. 2011, №12, мод.840; с. 2012, №7, мод.719; с. 2013, №3, мод.180; с. 2015, №11, мод.954; с. 2017, №5, қ.1, мод.277; с. 2018, №1, мод.7, №7-8, мод.523; с. 2019, №1, мод.7; с. 2020, №4-5, мод. 235)
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 19.03.2013 № 937, аз 23.11.2015 № 1233, аз 30.05.2017 № 1420, аз 2.01.2018 № 1475, аз 3.08.2018 № 1539, аз 2.01.2019 № 1560, аз 02.04.2020 № 1687, аз 17.12.2020 № 1731, аз 23.12.2021 № 1818, аз 18.03.2022 № 1857, аз 19.07.2022 № 1899, аз 24.12.2022 № 1931, аз 13.11.2024 № 2085)
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 19.03.2013 № 937, аз 23.11.2015 № 1233, аз 30.05.2017 № 1420, аз 2.01.2018 № 1475, аз 3.08.2018 № 1539, аз 2.01.2019 № 1560, аз 02.04.2020 № 1687, аз 17.12.2020 № 1731, аз 23.12.2021 № 1818, аз 18.03.2022 № 1857, аз 19.07.2022 № 1899, аз 24.12.2022 № 1931, аз 13.11.2024 № 2085)
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Ба амал баровардани адолати судӣ аз ҷониби судҳои иқтисодӣ
Адолати судиро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо роҳи ҳал намудани баҳсҳои иқтисодӣ ва баррасии дигар парвандаҳо, ки бо Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ба салоҳияти онҳо дахл доранд, ба амал мебароранд .
Моддаи 2. Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ
Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ аз дуруст ва сари вақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои иқтисодӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ва ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, соҳибкорӣ, тиҷоратӣ, замин, экологӣ ва муносибатҳои дигари ҳуқуқӣ мебошанд, иборат аст. Мурофиаи судии иқтисодӣ ба таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ташаккули муносибати эҳтиромона ба қонун ва суд бояд мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", Кодекси мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 4. Ҳуқуқи муроҷиат ба суди иқтисодӣ
1. Шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодӣ барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарорёфта ва манфиатҳои қонунии худ бо тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, муроҷиат намоянд.
2. Дар мавридҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ба суди иқтисодӣ дигар шахсон низ ҳуқуқи муроҷиат намуданро доранд. Даст кашидан аз ҳуқуқи муроҷиат намудан ба суд беэътибор аст ().
...