Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, № 937 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 4; мод. 5; с. 2011, №12, мод. 840; с. 2012, №7, мод. 719), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 1 моддаи 69 калимаҳои "Судҳои иқтисодии марҳилаҳои якум ва апеллятсионӣ" ва "намоянд" мувофиқан ба калимаҳои "Суди иқтисодии марҳилаи якум" ва "намояд" иваз карда шаванд.

2. Аз қисми 5 моддаи 109 ва қисми 1 моддаи 296 калимаи "апеллятсионӣ," хориҷ карда шавад.

3. Дар моддаи 119:

- ба қисми 4 пас аз калимаҳои "мебарорад, ки" калимаи "нусхаи" илова карда шавад;

- қисми 5 хориҷ карда шавад;

- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"6. Аз болои таъиноти судӣ аз тарафи шахсе, ки нисбаташ ҷарима татбиқ шудааст, дар мӯҳлати даҳ рӯз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур мумкин аст шикояти хусусӣ оварда шавад.";

- қисмҳои 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шаванд.

4. Ба Кодекс боби 24(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"БОБИ 24(1). БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА БАРҚАРОР КАРДАНИ ПАРВАНДАИ СУДИИ ГУМШУДА

Моддаи 202(1). Тартиби баррасии парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда

1. Парвандаҳо оид ба пурра ё қисман барқарор кардани парвандаи судии гумшуда, ки бо қабули ҳалнома ё баровардани таъинот дар хусуси қатъи мурофиаи судии парванда хотима ёфтааст, дар суди иқтисодӣ ба таври умумӣ, дар истеҳсолоти даъвогӣ мутобиқи Кодекси мазкур бо хусусиятҳои алоҳидаи пешбининамудаи боби мазкур баррасӣ карда мешаванд.

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЭКОНОМИЧЕСКИЙ ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Экономический процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №1, ч. 1, ст. 4; ст. 5; 2011 г., №12, ст. 840; 2012 г., №7, ст. 719), следующие изменения и дополнения:

1. В части 1 статьи 69 слова "Экономические суды первой и апелляционной инстанций" и "должны" заменить соответственно словами "Экономический суд первой инстанции" и "должен".

2. Из части 5 статьи 109 и части 1 статьи 296 слово "апелляционной," исключить.

3. В статье 119:

- в части 4 слово "которое" заменить словами "копия которого";

- часть 5 исключить;

- часть 6 изложить в следующей редакции:

"6. На судебное определение лицом, на которое налагается штраф, может быть подана частная жалоба в течение десяти дней в порядке, установленном настоящим Кодексом.";

- части 6 и 7 считать соответственно частями 5 и 6.

4. Кодекс дополнить главой 24(1) следующего содержания:

"ГЛАВА 24(1). РАССМОТРЕНИЕ ДЕЛ О ВОССТАНОВЛЕНИИ УТРАЧЕННОГО СУДЕБНОГО ДЕЛА

Статья 202 (1). Порядок рассмотрения дел о восстановлении утраченного судебного дела

...