ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУРОФИАИ СУДИИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 1. Ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ.1, мод.5), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Кодекс дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН".
2. Дар моддаи 1 калимаи "баррасӣ" ба калимаи "ҳал" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 2:
- дар сархатҳои якум, дуюм ва чорум калимаи "соҳибкорӣ" ба калимаҳои "фаъолияти соҳибкорӣ" иваз карда шавад;
- аз сархати сеюм калимаи "гузаронидани" хориҷ карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- мусоидат намудан ба инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ ва анъанаҳои муомилоти корӣ;";
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"ташаккул додани муносибати эҳтиромона ба қонун ва суд.".
4. Дар моддаи 4:
- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Даст кашидан аз ҳуқуқи муроҷиат намудан ба суд беэътибор аст.";
...