ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с, 2008, №1, қ. 1, мод. 4; мод. 5; с. 2011, № 12, мод. 840), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 4:
- аз сархати дуюм калимаҳои ", оид ба муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ" хориҷ карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- шикоят - ҳангоми муроҷиат ба марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;".
2. Қисми 3 моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кассатсионӣ аз натиҷаи баррасии шикояти кассатсионӣ, ҳамчунин аз натиҷаи ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ намудани парванда қарор қабул менамояд.".
3. Ҷумлаи якуми қисми 3 моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Парвандаҳо дар коллегияи судии марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати се судя дастҷамъона баррасӣ карда мешаванд.".
4. Дар моддаи 21:
- дар қисми 1 калимаҳои "марҳилаҳои апеллятсионӣ ва" ба калимаи "марҳилаи" иваз карда шаванд;
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои "марҳилаҳои якум ва апеллятсионӣ ҳамчунин" ба калимаҳои "марҳилаи якум ва" иваз карда шаванд;
...