Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 92 "Дар бораи тартиби литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмате, ки ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият мухолифат надоранд, амал мекунанд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.09.2005 № 337)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тартиби литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва бо мақсади мукаммал сохтани санадҳои меъёрию ҳуқуқии мавҷуда дар соҳаи истифодаи қаъри замин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи тартиби литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмул ва Номгӯӣ канданиҳои фоиданоке, ки истихроҷашон бо усулҳои заршӯи ва супоридани ихтиёрӣ иҷозат дода мешавад, замима гардиданд, тасдиқ карда шаванд.

Вазифаҳои мақоми иҷроияи литсензиядиҳанда барои истифодаи қаъри замин, ба ғайр аз истеҳсоли манбаъҳои энергетикӣ (ҷустуҷӯ, иктишоф ва истихроҷи конҳои ангиштсанг, нафт, газ, сарчашмаҳои геотермалӣ ва ғайра) дар структураҳо ва майдонҳои муайянкардашуда ба зиммаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон " Геологияи тоҷик" гузошта шаванд.

2. Муқаррар карда шавад, ки қарор дар бораи додани литсензия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмул) бо пешниҳоди мақоми литсензиядиҳандаи истифодаи қаъри замин ва дар бобати истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул - аз тарафи мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳаллии (раисони) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

3. Мақомоти ҳокимияти иҷроия (раисони) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳангоми қабули қарор оид ба додани литсензияҳо барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул Низомномаи тартиби литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун дастурамал қарор дода, тартиби муқарраршудаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии аризаҳоро барои гирифтани литсензияҳо, ҳисобу китоби варақаҳои литсензия, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии литсензияҳои додашударо таъмин намоянд.

4. Истифодабарандагони қаъри замин, аз ҷумла онҳое, ки минтақаҳои маъданро дар ихтиёр доранд ё бо тартиби дигар ҳуқуқи истифодабарии қаъри заминро гирифтаанд, дар мӯҳлати шаш моҳ мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур литсензия гиранд.

5. Бе эътибор дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 1997 № 239 "Дар бораи тартиби литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 506 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи тартиби литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 1997 № 239 тасдиқ шудааст.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 4 марти соли 2002 № 92

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О лицензировании пользования недрами Республики Таджикистан

В соответствии с Законом Республики Таджикистан "О недрах" и в целях развития и совершенствования нормативно-правовой базы в сфере недропользования Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемые Положение о порядке лицензирования пользования недрами Республики Таджикистан, Перечень общераспространённых полезных ископаемых и Перечень полезных ископаемых, добыча которых допускается старательским и вольноприносительским способами.

Функции исполнительного органа лицензирования пользования недрами возложить на Главное геологическое управление при Правительстве Республики Таджикистан "Геологияи точик", кроме производства энергетических ресурсов (поиска, разведки и эксплуатации месторождений угля, нефти, газа, геотермальных источников и др.) на выявленных структурах и площадях.

2. Установить, что решение о предоставлении лицензий принимается Правительством Республики Таджикистан, за исключением общераспространённых полезных ископаемых, по представлению исполнительного органа лицензирования пользования недрами, а по добыче общераспространённых полезных ископаемых - органами исполнительной власти на местах (председателями) Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов республиканского подчинения по согласованию с Правительством Республики Таджикистан.

3. Органам исполнительной власти (председателям) Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов при принятии решений о выдаче лицензий на право добычи общераспространённых полезных ископаемых принять к руководству Положение о порядке лицензирования пользования недрами Республики Таджикистан и обеспечить установленный порядок учёта и регистрации заявлений на получение лицензий, учёт бланков лицензий, учёт и регистрацию выданных лицензий.

4. Недропользователям, в том числе имеющим горный отвод или получившим право на пользование недрами в ином порядке, в шестимесячный срок оформить лицензию согласно требованиям Положения о порядке лицензирования пользования недрами Республики Таджикистан.

5. Признать утратившими силу:

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 мая 1997 года №239 "О лицензировании пользования недрами Республики Таджикистан",

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2000 года № 506 "О внесении изменений и дополнений в Положение о порядке лицензирования пользования недрами Республики Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 мая 1997 года № 239".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Э.Рахмонов

от 4 марта 2002 года № 92

г. Душанбе