ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи тартиби литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 маи соли 1997 № 239 тасдиқ шудааст
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи тартиби литсензиядиҳи барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 маи соли 1997 № 239 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми дуюми фасли 1 баъди калимаҳои,аксбардории геологӣ, калимаҳои "корҳои ҷустуҷӯию таҳқиқотӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ анҷом дода мешаванд" илова карда шавад.
2. Ҷумлаи аввали қисми дуюми банди 3.8 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"Дар қитъаи замин масоҳати минтақаи додашаванда бо маҳдудияти умқ ё бе чунин маҳдудият муқаррар мегардад".
3. Банди 5.3. хориҷ карда шавад.
4. Ба банди 5.5. қисми зерин илова карда шавад:
"Қарори муштараки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муайян намудани андозаи боҷҳо ҷиҳати барасмиятдарорӣ ва додани литсензияҳо барои истифодаи қаъри замин, тартиби ситондан ва истифодабарии онҳо бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ, қайд кардан ва интишори расмӣ фиристода мешавад".
5. Ба банди 6.3. қисми зерин илова карда шавад:
"Литсензия чун қоида танҳо барои истифодаи як кон дода мешавад. Дар ҳолатҳои мустасно имкон дорад як литсензия барои истифодаи гурӯҳи конҳои хурд, ки дар шароитҳои кӯҳию геологии якхела барои коркарди муттаҳидаи маҷмӯавӣ мавҷуд бошанд, дода шавад, ба шарте ки захираҳои умумии балансии ин конҳо аз ҳадди ақали миқёсҳое, ки бояд экспертизаи давлатӣ ва тасдиқи Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд, зиёд набошанд".
6. Банди 7.1. дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"7.1. Мӯҳлати амали литсензияҳо дар доираи мӯҳлатҳои лоиҳаҳои дахлдори пешбинигардида бо дарназардошти намудҳои истифодаи қаъри замин муқаррар карда мешаванд ва мувофиқи аризаи истифодакунандагони қаъри замин ҳангоми пешниҳод намудани асосноксозии дахлдори техникию иқтисодии онҳо метавонанд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда шаванд."
7. Банди 7.7. дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"7.7. Ҳангоми тамдиди мӯҳлатҳои амали литсензия имкон дорад шартҳои дар аввал муайянгардида ва шартҳои нави ворид шуда бо мувофиқаи тарафҳо тағйир ёбанд."
8. Қисми якуми банди 11.1 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"Корхонаҳо ва ташкилотҳо барои гирифтани литсензияи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вале барои истифодаи қаъри замин ҷиҳати истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмулӣба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо) муроҷиат мекунанд ва ба мақомоти иҷроияи литсензиядиҳанда ё ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо) дархосте (Замимаи № 4) пешниҳод мекунанд, ки маълумоти зеринро дар бар гирад:".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 29 декабри соли 2000 № 506
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в Положение о порядке лицензирования пользования недрами Республики Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 мая 1997 года №239
Правительство Республики Таджикистан:
Внести в Положение о порядке лицензирования пользования недрами Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 мая 1997 года №239 следующие изменения и дополнения:
1. Часть вторую раздела 1 после слов "геологической съёмки" дополнить словами "поисковых и разведочных работ, проводимых за счёт средств государственного бюджета".
2. Предложение первой части второго пункта 3.8 изложить в следующей редакции:
"В геологическом отводе устанавливается площадь выделяемого участка с ограничением по глубине или без такого ограничения".
3. Пункт 5.3 исключить,
4. Пункт 5.5 дополнил частью следующего содержан;
"Совместное решение Главного геологического управления при Правительстве Республики Таджикистан и Министерства финансов Республики Таджикистан об установленных размерах сборов за оформление и выдачу лицензий на право пользования недрами, порядок взимания и использования направляется в Министерство юстици Республики Таджикистан для государственного учёта, регистрации и официального опубликования в установленном порядке."
5. Пункт 6.3 дополнить частью следующего содержания:
"Лицензия выдаётся, как правило, только на пользование одним месторождением. В исключительных случаях одна лицензия может быть выдана на пользование группой мелких месторождений, находящихся в одинаковых горно-геологических условиях, объединённых для комплексной отработки, при условии, если суммарные балансовые запасы этих месторождений не превышают минимальных масштабов, которые подлежат государственной экспертизе и утверждению Государственной комиссией но запасам полезных ископаемых при Правительстве Республики Таджикистан.
6. Пункт 7.1 изложить в следующей редакции:
"7.1. Сроки действия лицензий устанавливаются в пределах сроков, предусмотренных соответствующими проектами, в зависимости от видов пользования недрами и могут быть продлены Правительством Республики Таджикистан по заявлению недропользователя при представлении им соответствующего технико-экономического обоснования."
7. Пункт 7.7 изложить в следующей редакции
"7.7. При продлении сроков действия лицензий могут быть изменены первоначальные условия и внесены новые условия по согласованию сторон".
8. Часть первую пункта 11.1 изложить в следующей редакции:
"Предприятия и организации обращаются для получения лицензии на право пользования недрами в Правительство Республики Таджикистан, а на право пользования недрами для добычи общераспространённых полезных ископаемых - в соответствующие органы исполнительной власти (хукуматы) и представляют в исполнительный орган лицензирования или в соответствующие органы исполнительной власти (хукуматы) заявку (Приложение№ 4), которая должна содержать ".
9. В пунктах 17.3 и 17.4 слова "контрольным", "контрольных" и "контрольные" заменить соответственно словами "контролирующим" "контролирующих " контролирующие".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 29 декабря 2000 года №506