ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лицензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2001 с. № 591)
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи тартиби лицензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмул ва Номгӯи канданиҳои фоиданоке, ки истихроҷашон бо усулҳои заршӯй ва супоридани ихтиёрӣ иҷозат дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
Вазифаҳои мақоми иҷроияи лицензиядиҳанда барои истифодаи қаъри замин ба зиммаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шаванд, ба ғайр аз истеҳсоли манбаҳои энергетикӣ (ҷустуҷӯ, кашф ва баистифодадиҳии конҳои ангиштсанг, нафт, газ, манбаҳои геотермалӣ ва ғайраҳо) дар мавзею майдонҳои кашфгардида
2. Муқаррар карда шавад, ки лицензияҳоро барои истифодаи қаъри замин: барои объектҳои бузурги дорои аҳамияти муҳими давлатӣ ва объектҳо бо ширкати ашхоси ҳуқукӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ - Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иншооти дигар - муовини ӯ, ки соҳаро назорат мекунад, имзо менамоянд.
3. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи боҷҳоро барои барасмиятдарори ва додани лицензияҳо барои истифодаи қаъри замин, тартиби ситондан ва истифодабарии онҳоро муайян намояд.
4. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукуматҳо) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳангоми қабули қарор оид ба додани лицензияҳо барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул ҳамин Низомномаро ба таври қатъӣ дастури амал қарор дода, тартиби муқаррашудаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии дархостҳо (аризаҳо)-ро барои гирифтани лицензияҳо, ҳисобу китоби варақаҳои лицензия, баҳисобгирӣ ва ба қайдгирии лицензияҳои додашударо таъмин намоянд.
5. Ташкилоту корхонаҳо муассисаҳо ва шаҳрвандони аз қаъри замин истифодабаранда, аз ҷумла онҳое, ки минтақаҳои маъданро дар ихтиёр доранд ё бо тартиби дигар ҳуқуқи истифодабарии қаъри заминро гирифтаанд, дар мӯҳлати 6 моҳ мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур лицензия гиранд.
6. Банди 1 замимаи №1 ба Низомномаи тартиби додани иҷозатнома барои фаъолияти соҳибкории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лицензиякардашаванда, ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 1992 № 325 тасдиқ шудааст;
қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 1993 № 338 "Чорабиниҳо оид ба истихроҷи конҳои хурд ва зуҳуроти маъданӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 26 маи соли 1997 № 239
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О лицензировании пользования недрами Республики Таджикистан
(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2001г.№591)
В соответствии с Законом Республики Таджикистан "О недрах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемые Положение о порядке лицензирования пользования недрами Республики Таджикистан, Перечень общераспространённых полезных ископаемых и Перечень полезных ископаемых, добыча которых допускается старательским и вольноприносительским способами.
Функции исполнительного органа лицензирования пользования недрами возложить на Главнее геологическое управление при Правительстве Республики Таджикистан, кроме производства энергетических ресурсов (поиска, разведки и эксплуатации месторождений угля, нефти, газа, геотермальных источников и других) на выявленных структурах и площадях(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2001г.№591)
2. Установить, что лицензии на право пользования недрами подписывают: по крупным объектам, имеющим важное государственное значение, и по объектам с участием иностранных юридических лиц и граждан - Премьер-министр Республики Таджикистан,по остальным объектам - его заместитель, курирующий отрасль.
3. Главному геологическому управлению при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан установить размеры сборов за оформление и выдачу лицензий на право пользования недрами, порядок их взимания и использования.
4. Органам исполнительней власти /хукуматам/ Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов при принятии решений о выдаче лицензий на право добычи общераспространённых полезных ископаемых строго руководствоваться настоящим Положением и обеспечить установленный порядок учёта и регистрации заявок /заявлений/ на получение лицензий, учёт бланков лицензий, учёт и регистрацию выданных лицензий.
5. Предприятиям, организациям, учреждениям и гражданам, пользующимся недрами, в том числе имеющим горный отвод или получившим право на пользование недрами в ином порядке, в шестимесячный срок оформить лицензию согласно требованиям настоящего Положения.
6. Признать утратившим силу:
пункт I приложения № I к Положению о порядке выдачи разрешения на осуществление предпринимательской деятельности, лицензируемой в Республике Таджикистан, утверждённому постановлением Кабинета Министров Республики Таджикистан от 20 августа 1992 года № 325;
постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 12 июля 1993 года № 338 "О мерах по освоению мелких месторождений и рудопроявлений на территории республики".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 26 мая 1997 года, № 239
ш. Душанбе