Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002, № 48 "Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.05.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳуумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 607 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.02.2005с. № 199, аз 04.11.2002с. № 427,аз 30.04.2004с. № 198, аз 02.04.2005с. № 134, аз 03.05.2006с. № 204)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.02.2005с. № 199, аз 04.11.2002с. № 427,аз 30.04.2004с. № 198, аз 02.04.2005с. № 134, аз 03.05.2006с. № 204)

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2002 № 745 "Дар бораи таъсиси Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муқаррар карда шавад, ки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳуқуқии Кумитаҳои барҳамдодашудаи андоз ва гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати амвол, инчунин вазифаҳо, функсияҳо, ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва дигар масъалаҳои бо санадҳои амалкунандаи меъёрию ҳуқуқи ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузошташуда мебошад.

2. Сохтори Дастгоҳи маркази ва Нақшаи идораи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Замимаҳои № 1 ва № 2 тасдиқ карда шаванд.

Номгӯи корхонаҳои тобеи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро дар асоси созишномаҳои дуҷониба анҷом медиҳанд, мувофиқи замимаи № 3 тасдиқ карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.04.05с. № 134).

3. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ва идораи рӯзномаи Вазорати мазкур) ба миқдори 3680 воҳид бо назардошти ҳайати хизматрасон муқаррар карда шавад.

4. Ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовинони Вазир, аз ҷумла як муовини аввали Вазир, муовини Вазир - сардори Департаменти андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иборат аз 11 нафар ҳайати мушовара дошта бошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.02с. № 199).

Сархати дуюми банди 4 хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.11.02с. № 427).

5. Ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомобилҳои сабукрави хизмати ва дигар автомашинаҳо ба миқдори 180 воҳид муқаррар карда шавад.

6. Барои кормандони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо барои кормандони мақомоти андоз ва гумрук, хизматчиёни давлати оид ба додани унвонҳои тахассуси ва рутбаҳои махсус, пардохтҳои иловаги барои он, инчунин дигар имтиёзот ва ҳуқуқҳои иловагии дар лаҳзаи таъсиси ин Вазорат вуҷуддошта пешбини шудааст, нигоҳ дошта шавад.

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ 28.12.2006г. № 607

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Вопросы Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2002г. № 199, от 4.11.2002г. № 427, от 30.04.2004г. № 198 от 2.04.2005г. № 134, от 3.05.2006г. № 204)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2002г. № 199, от 4.11.2002г. № 427, от 30.04.2004г. № 198 от 2.04.2005г. № 134, от 3.05.2006г. № 204)

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 24 января 2002 года № 745 "Об образовании Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Установить, что Министерство по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан является правопреемником упраздненных Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенного комитета при Правительстве Республики Таджикистан в отношении их имущества, а также задач, функций, прав, обязанностей и иных вопросов, возложенных действующими нормативно-правовым актами и международными обязательствами Республики Таджикистан.

2. Утвердить Структуру Центрального аппарата и Схему управления Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан согласно Приложениям №1 и №2.

Утвердить Перечень предприятий, подведомственных Министерству по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан, которые осуществляют свою деятельность на условиях двусторонних соглашений согласно приложению № 3(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.04.2005г. № 134).

3. Установить предельную численность работников Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан (за исключением редакции газеты "Бочу хироч" и журнала "Вестник Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан", представителей Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан в зарубежных странах, Государственного учреждения "Центр управления региональным проектом по модернизации таможни и развитию инфраструктуры при Министерстве по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан") в количестве 3296 единиц (без учета численности обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 133 единиц, в том числе:

- штатную численность Налогового департамента Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан в количестве 1420 единиц (без учета численности обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 88 единиц;

- штатную численность Таможенного департамента Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан в количестве 1103 единиц (без учета численности обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 120 единиц;

- штатную численность Главного управления налоговой полиции Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан в количестве 575 единиц (без учета численности обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 224 единиц;

- штатную численность Налоговой инспекции крупных налогоплательщиков Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан с отделениями по областям и городу Душанбе в количестве 65 единиц (без учета численности обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 32 штатных единиц.

...