Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, № 204 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 №48 "Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2005 № 483 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 №48 "Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2005 № 483 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 № 48 "Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2005 № 483 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 № 48 "Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"3. Шумораи умумии кормандони мақомоти Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз редаксияҳои рӯзномаи "Боҷу хироҷ" ва маҷаллаи "Паёми Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", намояндаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктураи назди Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба миқдори 3296 воҳид (бе назардошти кормандони хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 133 воҳид муқаррар карда шавад, аз ҷумла :

- шумораи кормандони Департаменти андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1420 воҳид (бе назардошти кормандони хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 88 воҳид;

- шумораи кормандони Департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1103 воҳид (бе назардошти кормандони хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 120 воҳид;

- шумораи кормандони Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 575 воҳид (бе назардошти кормандони хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 224 воҳид;

- шумораи кормандони Нозироти андозсупорандагони калони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шӯъбаҳо дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба миқдори 65 воҳид (бе назардошти кормандони хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 32 воҳид.

Воҳидҳои кории кормандони хизматрасони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз редаксияҳои рӯзномаи "Боҷу хироҷ" ва маҷаллаи "Паёми Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", намояндаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктураи назди Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба миқдори 96 воҳид, аз ҷумла мақомоти тобеи Дастгоҳи марказии вазорат (хоҷагии нақлиёт) ба миқдори 6 воҳид, аз басти кории вазорат ихтисор карда шаванд".

2. Аз замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 № 48 "Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2005 № 483 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи ВДПД ҶТ" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 3 майи соли 2006 № 204

 ш. Душанбе

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Правительства Республики Таджикистан

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 12 февраля 2002 года №48 "Вопросы Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан" и в постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 декабря 2005 года  №483 "О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан"

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести следующие изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 12 февраля 2002 года №48 "Вопросы Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан" и в постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 декабря 2005 года № 483 "О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан":

- 1. Пункт 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 12 февраля 2002 года  №48 "Вопросы Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции:

"3. Установить предельную численность работников Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан (за исключением редакции газеты "Бочу хироч" и журнала "Вестник Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан", представителей Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан в зарубежных странах, Государственного учреждения "Центр управления региональным проектом по модернизации таможни и развитию инфраструктуры при Министерстве по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан") в количестве 3296 единиц (без учета численности обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 133 единиц, в том числе:

- штатную численность Налогового департамента Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан в количестве 1420 единиц (без учета численности обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 88 единиц;

- штатную численность Таможенного департамента Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан в количестве 1103 единиц (без учета численности обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 120 единиц;

- штатную численность Главного управления налоговой полиции Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан в количестве 575 единиц (без учета численности обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 224 единиц;

- штатную численность Налоговой инспекции крупных налогоплательщиков Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан с отделениями по областям и городу Душанбе в количестве 65 единиц (без учета численности обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 32 штатных единиц.

Сократить штатные единицы обслуживающего персонала системы Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан (за исключением редакции газеты "Бочу хироч" и журнала "Вестник Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан", представителей Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан в зарубежных странах, Государственного учреждения "Центр управления региональным проектом по модернизации таможни и развитию инфраструктуры при Министерстве по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан") в количестве 96 единицы, в том числе подведомственных подразделений Центрального аппарата (автохозяйство) в количестве 6 единиц".

2. Из приложения 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 12 февраля 2002 года  № 48 "Вопросы Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан" в редакции постановления Правительства Республики Таджикистан от 15 декабря 2005 года  № 483 "О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан" исключить слова "Налогово-правовой институт МГДС РТ".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Э. Рахмонов

г. Душанбе

 от 3 мая 2006 года № 204