Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаҳои хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молия
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025
№ 262)
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таъмини шаффофият ва дақиқии ташкили воҳидҳои сохторӣ, назорати хароҷоти дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:
1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаҳои хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти тобеӣ дар нақшаи идоракунии онҳо пешбинишударо ҳамасола то 1 майи соли молиявӣ анҷом диҳанд (№ 262№ 262 t-size: 1rem;">).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти ба кайд гирифташавандаро аз рӯи варақаи бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори молия дода шудааст, таъмин намояд.
3. Бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаи хароҷоти нигоҳдории мақомоти ба қайд гирифташаванда бо тартиби зерин амалӣ карда шавад (№ 262):
дастгоҳи марказии вазорату идораҳо ва мақомоти тобеи дар нақшаи идоракунии онҳо пешбинишуда, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, - дар дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 262);
дастгоҳи раис ва сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятӣ, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, - дар сарраёсатҳои Вазорати молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе (№ 262);
дастгоҳи раис ва сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, - дар раёсатҳои Вазорати молия дар шаҳру ноҳияҳо аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ (№ 262).
4. Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 262):
1) ҳангоми бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ вобаста ба муайян кардани таносуби байни шумораи мансабҳои давлатӣ муқаррароти Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро ба асос гирад;
2) ҳангоми бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти давлатӣ, дар сурати ошкор гардидани фарқият дар музди меҳнат, тағйирот ворид намояд;
3) Дастурамал оид ба тартиби бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молияро таҳия ва тасдиқ карда, ба вазорату идораҳои дахлдор барои истифодабарии хизматӣ пешниҳод намояд (№ 262).
6. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 1993, № 118 "Дар бораи бақайдгирии ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти идораи давлатӣ аз ҷониби мақомоти молия";
банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2005, №478-14 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, №1624"; банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №124 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006, №1716".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 сентябри соли 2015 № 590
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О регистрации финансовыми органами штатных расписаний государственных служащих и планов расходов на содержание аппаратов центральных исполнительных органов государственной власти, судебных органов и органов прокуратуры, местных исполнительных органов государственной власти
(в редакции пост. Правительства РТ от 1.05.2025
№262)
В соответствии со статьёй 17 Закона Республики Таджикистан "О системе органов государственного управления Республики Таджикистан", статьёй 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях обеспечения прозрачности и четкости организации структурных подразделений, осуществления контроля за правильным и целевым расходованием бюджетных средств на содержание аппаратов центральных исполнительных органов государственной власти, судебных органов и органов прокуратуры, местных исполнительных органов государственной власти, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Центральным исполнительным органам государственной власти, судебным органам и органам прокуратуры, местным исполнительным органам государственной власти проводить регистрацию штатных расписаний государственных служащих и планов расходов на содержание центральных аппаратов и подведомственных органов, предусмотренных в их схемах управления, ежегодно до 1 мая финансового года №262
2. Министерству финансов Республики Таджикистан производить финансирование выплаты заработной платы государственным служащим регистрируемых органов по предъявлению регистрационной карточки о штатном расписании государственных служащих, выданной соответствующим финансовым органом.
3. Осуществлять регистрацию штатных расписаний государственных служащих и планов расходов на содержание регистрируемых органов нижеследующим порядком №262
- центральных аппаратов министерств, ведомств и подведомственных органов, предусмотренных в их схеме управления финансируемых за счет республиканского бюджета,- в центральном аппарате Министерства финансов Республики Таджикистан №262
- областных аппаратов председателей и структур местных исполнительных органов государственной власти, финансируемых за счет местного бюджета, - в главных управлениях Министерства финансов в Горно-Бадахшанской автономной области, областях и городе Душанбе№262
- городских и районных аппаратов председателя и структур местных исполнительных органов государственной власти, финансируемых за счет местного бюджета, - в управлениях Министерства финансов в городах и районах по месту нахождения №262
4. Утвердить Типовой порядок формирования структурных подразделений аппарата и подведомственных подразделений центральных исполнительных органов государственной власти (прилагается).
5. Министерству финансов Республики Таджикистан№262
1) при регистрации штатных расписаний государственных служащих государственных органов в зависимости от определения соотношения между численностями государственных должностей, принять за основу положения Типового порядка формирования структурных подразделений аппарата и подведомственных подразделений центральных исполнительных органов государственной власти;
2) при регистрации штатных расписаний государственных служащих и сметы расходов на содержание аппаратов государственных органов вносить изменения в случае определения разницы по заработной плате;
3) разработать и утвердить Инструкцию о порядке регистрации финансовыми органами штатных расписаний государственных служащих и сметы расходов на содержание аппарата центральных исполнительных органов государственной власти, судебных органов и органов прокуратуры, местных исполнительных органов государственной власти и довести их до соответствующих министерств и ведомств для служебного пользования №262
6. Признать утратившими силу:
- постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 16 марта 1993 года, №118 "О регистрации финансовыми органами штатных расписаний и сметы расходов на содержание аппарата органов государственного управления";
- пункт 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 декабря 2005 года, №478-14 "О мерах по выполнению Указа Президента Республики Таджикистан от 31 октября 2005 года, №1624";
- пункт 6 постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2006, года, №124 "О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 20 марта 2006 года, №1716".
Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 25 сентября 2015 года, № 590