Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 75 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тартиби замимагардидаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2) Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешниҳоди саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаро барои баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ ва дохил намудани онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пешбинӣ намояд.
4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2001 №456 "Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2009 № 608
ш. Душанбе