Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2001, № 456 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо карори Хукумати ЧТ аз 31.10.2009с. № 608 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ", инчунин бо мақсади такмил додани системаи давлатии баҳисобгирӣ ва бақайдгирии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимашудаи тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди саривақтии санадҳои меъёрию ҳуқуқии характери умумиҳатмидоштаро барои баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 5 октябри соли 2001 № 456

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 31.10.2009г. №608

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Положения о порядке государственного учёта и регистрации нормативно-правовых актов Республики Таджикистан

В соответствии с Законом Республики Таджикистан "О нормативно-правовых актах", а также в целях совершенствования системы государственного учета и регистрации нормативно - правовых актов Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить прилагаемое Положение о порядке государственного учёта и регистрации нормативно-правовых актов Республики Таджикистан.

2.Министерствам, государственным комитетам и ведомствам Республики Таджикистан обеспечить своевременное представление в Министерство юстиции Республики Таджикистан нормативно-правовых актов общеобязательного характера для государственного учёта и регистрации.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э. Рахмонов

от 5 октября 2001 года №456

 г. Душанбе