Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2009 № 601
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ барои давраи то соли 2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 823)
1. Пешгуфтор
Дар ҳудуди Тоҷикистон қадамҳои аввалин дар омӯзиши ҷуғрофия ва сарватҳои табиӣ, пас аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба ҳайати Россия, гузошта шуданд. Дар натиҷаи корҳои экспедитсияи махсус (таҳти роҳбарии Бутенов К.Ф., Семенов - Тяншанский П.П., Федченко А.П., Мушкетов Д.И. ва дигарон) соли 1941 маълумотҳои зарурӣ доир ба ҷуғрофия, геология ва канданиҳои фоиданоки ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон гирифта шуданд. Дертар (соли 1951) ба омӯзиши таърих, корҳои кӯҳии Тоҷикистон бостоншиносон ва сикашиносони Донишкадаи таърих, археология ва этнографияи Тоҷикистон фаъолона сар карданд.
Хеле зиёд ошкор кардани сангҳои зебои сохтмонӣ, масолеҳ барои рангҳо, мис, оҳан, сурб, нуқраву тилло ба меъморону бинокорони моҳири қадим даст дод, ки муҷассамаҳои бузурги таърихию меъморӣ бунёд намоянд. Дар Бухоро Масҷиди калон, Мадрасаи Мири Араб, Масҷиди Баланд, дар Истаравшан масҷиди Ҳоҷӣ Зайниддин, мадрасаи Абдулаттори Султон намунаи онҳоанд. Дар Панҷакент, Самарқанд ва Хуҷанд низ даҳҳо мадрасаву масҷидҳо сохта шуда буданд.
Бозёфтҳои бостоншиносӣ тасдиқ кардаанд, ки аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон истифода бурдани масолеҳи сохтмонӣ ҳанӯз аз давраи палеолит сар шудааст. Масалан, дар асри сангӣ дар Ховалинг олотҳои меҳнат ва бошишгоҳ ва дар асри биринҷӣ дар ноҳияи Шаҳристон чархи тайёркунии маснуоти кулолӣ ва аробаи ду чархаро дарёфт кардаанд. Баъдтар тарзи истеҳсоли хишт, рангҳо, маснуоти сафолинро кор карда баромада шуданд.
Давраи нави рушди саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон аз солҳои 30-юми асри гузашта оғоз ёфта, талаботи калонро ба хишт, бомпӯш, оҳак, гаҷ, семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ба миён овард.
Моҳи апрели соли 1931 дар Сталинобод аввалин муассисаи масолеҳи сохтмонӣ таьсис дода шуд, ки он баъдан ба Трести масолеҳи сохтмонӣ табдил дода шуд. Трест корхонаҳои масолеҳи сохтмониро муттаҳид сохта, ҳамзамон сохтмони асосии ҷумҳуриро роҳбарӣ мекард. Ҳамин тавр, ин соҳа ҳамчун сохтори мустақил ташкил шуда, дар инкишофёбии ҷумҳурӣ саҳми калон гузошт.
Аввалин корхонаи саноати масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон заводи хишти Сталинобод буд. Сохтмони он соли 1929 оғоз ёфта, соли 1936 ба анҷом расид. Соли 1940 ин завод 25 млн. дона хишт истеҳсол кард. Соли 1930 дар Драгомиск (ҳозира ноҳияи Ҷаббор Расулов) дуюмин заводи хишт бо иқтидори 14,5 млн. дона хишт дар як сол сохта ва ба истифода дода шуд.
Соли 1938 сохтмони аввалин заводи семент дар ҷумҳурӣ оғоз ёфта, соли 1942 мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Соли 1940 заводҳои битуми Конибодом, хишт ва гаҷи Сталинобод (ҳозира Комбинати масолеҳи бинокорӣ) ба фаъолият оғоз карданд. Дертар заводҳои калони истеҳсоли масолеҳи ғайримаъданӣ дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд, комбинати масолеҳи сохтмонии шаҳри Исфара ва заводм хишти шаҳри Кӯлоб бо иқтидори 52 млн. дона хишт дар як сол сохта шуданд.
Ба афзоиши доимии ҳаҷм ва номгӯи масолеҳи истеҳсолӣ дар қаьри замини Тоҷикистон мавҷуд будани миқдори зиёди захираҳои ашёи масолеҳи сохтмонӣ (гилхок, гаҷ, қуму шағал, мармар, оҳак, хоро, габбро ва ғайра) мусоидат намуд.
Айни замон, дар ҷумҳурӣ корхонаву муассисаҳои шакли моликияташон гуногун фаъолият мекунанд. Онҳо мустақилона фаъолияти молиявию хоҷагидории худро бурда, масолеҳ истеҳсол карда дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ мефурӯшанд (замимаи 1).
Аз корхонаҳои номбурда танҳо заводи "Гидростройматериал"- и ноҳияи Ҳисор кор намекунад. Боқимонда корхонаҳо иқтидорҳои истеҳсолии худро пурра истифода набаранд ҳам, ин ё он намуди маҳсулотро истеҳсол мекунанд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар қатори корхонаҳои номбурда даҳҳо корхонаҳои навтаъсис ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул буда, мустақиман амал мекунанд (замимаи 2).
Аз рӯи ҷамъбасти соли 2005 ба андозаи 2,6 фоизи маҳсулоти саноатии ҷумҳуриро масолеҳи сохтмонӣ ташкил медод, ки ин нишондиҳанда хеле паст буд ва аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот соҳа ҷои ҳафтумро ишғол мекард.
Солҳои охир ҳолати истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ беҳтар гардид. Шумораи корхонаҳои соҳа (бе ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ) зиёда ба 120 расид. Аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ соҳа аз ҷои ҳафтум ба ҷои панҷум баромад.
Барои ҳаматарафа қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ бо масолеҳи сохтмонӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар Барномаи мазкур дар мувофиқа бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Он рушди соҳаро то соли 2015 фаро гирифта, суръати баланди афзоишро пешбинӣ менамояд. То соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бояд 8,6 маротиба афзоиш ёбад. Ба ин нишондодҳо танҳо дар сурати пурра барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ноил шудан мумкин аст.
Он вақт истеҳсоли семент ба 3520 ҳазор тонна, хишт 422 млн. дома, шифер 6,8 млн. дона, масолеҳи ғайримаъданӣ 652 ҳазор м3 расонида мешавад. (замимаи 3)
2. Асосҳои ҳуқуқӣ ва молиявии Барнома
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ қонунҳои "Дар бораи сармоягузорӣ", "Дар бораи консессияҳо", "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ", "Дар бораи созишнома оид ба тақсими маҳсулот" қабул гардидаанд.
Ба сармоягузорони хориҷӣ мутобиқи кодексҳои андоз, гумрук ва замин имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, сармоягузорони хориҷӣ метавонанд бе пардохти боҷи гумрукӣ ба фонди оинномавии худ таҷҳизот, техника ва маводи такмилии онҳоро, ки аҳамияти истеҳсолӣ доранд, ворид намоянд. Мувофиқи Кодекси андоз агар маблағи сармоягузорӣ аз 500 ҳазор доллари ИМА зиёд бошад, сармоягузорони хориҷӣ аз пардохти андоз аз фоида барои вақти муайян озод карда мешаванд.
Сармоягузорони хориҷӣ мувофиқи тартиби муқарранамудаи қонун метавонанд дар қаламрави чумҳурӣ тамоми намуди фаъолиятро амалӣ намоянд ва дар хусусигардонии моликияти давлатӣ иштирок кунанд. Сармояи хориҷиро реквизитсия кардан мумкин нест. Онҳо ҳукуқ доранд фоидаи пулӣ ва ё шакли дигарро, ки бо роҳи қонунӣ ба даст овардаанд, берун аз кишвар интиқол диҳанд. Ба сармоягузорон ҳуқуқ барои истифодаи замин ва сарватҳои зеризаминӣ дода мешавад. Ба онҳо метавонанд иншоот ва конҳои канданиҳои фоиданокро ба консессия диҳанд. Давомнокии шартномаи консессия то 50 сол буда, дар ҳолатҳои алоҳида, ҳангоми азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок, ки харҷи маблағи зиёдро талаб менамояд, ин мӯҳлат метавонад то 99 сол бошад. Сармоягузорони хориҷӣ тибқи Қонун "Дар бораи созишнома оид ба тақсими маҳсулот" барои соҳибӣ намудан то 70 фоизи маҳсулот ҳуқуқ доранд.
Мувофиқи қонунгузорӣ сармоягузори хориҷию дохилӣ барои пеш бурдани тиҷорат метавонанд аз воситаҳои худӣ истифода барад, аз дохили ҷумҳурӣ ва ё берун аз марзи он қарз гирад, инчунин аз қонунгузориҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) бархурдор бошад.
Мутобиқи Қонун "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" манфиати корхонаҳое, ки бо маблағгузории ватанӣ ва хориҷӣ амал мекунанд, ҳимоя карда мешаванд. Сармоягузорони хориҷӣ метавонанд дар як сатҳ бо сармоягузорони ватанӣ дар музоядаҳо иштирок намуда, барои гирифтани иҷозат барои иҷро намудани ин ё он намуди кор саҳм бигиранд. Мутобиқи қонунгузорӣ сармоягузорони хориҷӣ метавонанд ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони дигар давлатҳоро ба кор ҷалб намоянд.
Бинобар фароҳам омадани шароити мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ таи чанд соли охир бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ даҳҳо корхонаҳои нав оид ба истеҳсоли семент, хишт, оҳақ, гаҷ, масолеҳи ғайримаъданӣ сохта шудаанд ва ё сохтмонашон идома дорад.
3. Мақомоти идоракунии Барнома
Идоракунии Барномаи мазкур аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Барои иҷрои ин кор бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин вазорату идораҳое, ки ба ҳайати онҳо ин ё он корхонаи соҳа шомиланд, иштироки фаъол дошта бошанд.
Яке аз воситаҳои асосии амалисозии Барнома мукаммал намудани сохтори идоракунии корхонаҳои соҳа ба шумор меравад. Айни замон идоракунии корхонаҳои соҳа мушкил гардидааст, зеро онҳо дар ҳайати вазорату идораҳои гуногун фаъолият менамоянд ё ин ки ба ягон сохторҳои давлатӣ тобеъ нестанд.
Рушди муносибатҳои бозаргонӣ, чун қоида, усули дигари ннзоми идоракуниро талаб менамояд. Бинобар ин зарур аст, ки муносибати корхонаҳои саноатӣ бо сохторҳои давлатй, новобаста аз шакли моликият, дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шавад.
4. Мақсади асосии Барнома
Мақсади асосии Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ барои давраи то соли 2015 ба иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он масъалаи баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини рушди минбаъдаи он гузошта шудааст, равона гардидааст.
Ҳалли ин масъала зиёд намудани корҳои сохтмониро талаб менамояд, ки бидуни истеҳсоли маводи хушсифату арзонн масолеҳи сохтмонии ватанӣ ғайриимкон аст.
Мақсади дигари Барнома мусоидат ба рушди минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ бо роҳи сохтани корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ мебошад.
Сохтмони корхонаҳои нав имкон медиҳад ҷойҳои нави корӣ бунёд гашта, сатҳи бекорӣ паст фарояд ва ба буҷаи сатҳҳои гуногун маблағҳои иловагӣ ворид шаванд.
Ҳамаи ин тадбирҳо дар ояндаи наздик масъалаҳои таъмини бозори дохилиро бо масолеҳи асосии сохтмонӣ ва содироти онҳоро ба мамлакатҳои хориҷа ҳал менамоянд.
Дар Барнома ҳамаи иншооте, ки дар барномаҳои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд пешбинӣ гардидаанд, ба инобат гирифта шудаанд.
5. Вазифаҳои асосии Барнома
Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар навбати аввал барои ба таври кофӣ таъмин намудани кишвар ба масолеҳи сохтмонӣ ва аз давлати воридкунанда ба кишвари содиркунанда табдил додани Тоҷикистон равона гардидааст. Ҳалли ин масъала имконпазир буда, барои иҷрои он захираҳои табиӣ ва шароити воқеӣ мавҷуд аст (замимаи 4).
Барои ҳалли ин масъала нерӯи сармоягузорӣ дар Барнома ба ташкили корхонаҳое, ки маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол менамоянд, равона карда шудааст. Онҳо истеҳсоли шишаи сохтмонӣ, семент, маҳсулоти металлӣ, ранг, тахтаҳои сафолӣ ва ороишӣ, масолеҳи бомпӯшӣ ва гарминигоҳдорандаро таъмин менамоянд.
Ба мақсади рушди минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ дар минтақаҳое, ки корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ вуҷуд надоштанд, сохтани корхонаҳои хурду калон пешбинӣ шудаанд, ки бояд талаботи бозори маҳаллиро пурра қонеъ гардонанд. Барои мисол, сохтмони заводи хурди истеҳсоли семент, гаҷ ва хишт дар ноҳияи Ванҷ, сохтмони заводи шифер ва рангбарорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ.
Дар Барнома дар баробари сохтмони заводҳои нав масъалаи истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда, ба мисоли заводҳои сементбарорӣ ва асбосементии шаҳри Душанбе, заводи керамзитбарории шаҳри Ваҳдат, заводи оҳакпазӣ ва сементбарории шаҳри Ёвон ва ғайра пешбинӣ гардидааст (замимаҳои 5 ва 6).
Таъсиси корхонаҳои нав ва таҷдиди корхонаҳои амалкунанда имкон медиҳад, ки иншооти стратегии кишвар ба монанди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, роҳҳои автомобилгард ва оҳан, купрӯкҳо ва фурудгоҳҳо бо суръати баланд сохта шаванд.
6. Талаботи ҷумҳурӣ ба масолеҳи сохтмонӣ
Дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ сол аз сол зиёд шуда истода бошад ҳам, вале талаботи рӯзафзуни хоҷагии халқро қонеъ гардонида наметавонад.
Сабаби асосӣ аз он иборат аст, ки хатҳои истеҳсолии амалкунандаи аксарияти корхонаҳо кӯҳнаю фарсуда шудаанд. Онҳо маҳсулоте истеҳсол мекунанд, ки аз рӯи сифат ва нарх ба муносибатҳои бозаргонӣ рақобат карда наметавонад. Ба ин, инчунин баланд будани арзиши гази воридотӣ, мураккабии содироти маҳсулоти истеҳсолшуда, мавҷуд набудани имконият барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва аз тарафи буҷетии давлат маблагғузорӣ нагардидани корхонаҳо, таъсир мерасонанд.
Бинобар ин, имрӯз ва солҳои наздик ба ҷумҳурӣ масолеҳи сохтмонии дар ҷумҳурӣ истеҳсолнашаванда ё кам истеҳсолшаванда ворид карда мешаванд. Ба инҳо, семент, шишаи сохтмонӣ тахтасангҳои ороишӣ, хишти багармитобовар, масолеҳи асбосементи ва рангҳо дохил мешаванд.
Ҳаҷм ва номгӯи масолеҳи сохтмонии барои давраи то соли 2015 ба ҷумҳурӣ зарурӣ, ки аз рӯи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон тартиб дода шудааст, дар замимаи 7 оварда шудаанд .
Барои беҳтар намудани вазъи таъминот бо масолеҳи сохтмонӣ, додани имтиёзҳои муайян ё дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ метавонанд нақши мусбат бозанд. Ба чунин чораҳо ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок, танзими гумрукии воридоти маҳсулоте, ки дар ҷумҳурӣ ба таври кофӣ истеҳсол мешаванд, васеъ намудани воридоти бе андози гумрукии маҳсулот ва таҷҳизоти таъиноти ғайритиҷоратӣ, ки дар дохили кишвар истеҳсол намешаванд, дохил кардан мумкин аст.
Зиёдтар намудани имтиёзҳо барои сохтмони корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти металлӣ, тахтаҳои сафолин ва ороишӣ, қубурҳои ғайриметаллӣ ва семент низ ба манфиати кор аст.
7. Ҳаҷми воридоту содироти масолеҳи сохтмонӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкунанда ва содиркунандаи масолеҳи сохтмонӣ ба шумор меравад. Ҳаҷми масолеҳи воридотӣ нисбати содироти он хеле зиёд аст. Ин ба он вобаста аст, ки ду намуди масолеҳи асосии сохтмонӣ - маҳсулоти металлӣ ва семент ба хаҷми кам истеҳсол карда мешаванд.
Ҷумҳурӣ захираи зиёди маъдани оҳанро доро мебошад, аммо заводи коркарди маҳсулоти металлиро надорад, бинобар ин ҳамасола миқдори зиёди маҳсулоти металлӣ ворид карда мешавад.
Ягона корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе, ки иқтидори солонааш 1 млн. тонна семент мебошад, ҳамагӣ ба 28-30 фоизи иқтидораш кор мекунад. Заводҳои хурди истеҳсолкунандаи семент ба фаъолияти мӯътадил оғоз накардаанд. Воридоти ин намуди маҳсулот аз 281 ҳазор тоннаи соли 2006 ба 485 ҳазор тонна дар соли 2008 расид, ки ба тавозуни воридотию содиротии масолеҳи сохтмонӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Намуди дигари масолеҳи сохтмонӣ, ки ба миқдори зиёд ворид карда мешавад, маҳсулоти асбестосементӣ- шифер ва қубурҳо ба шумор мераванд. Дар ҷумҳурӣ иқтидорҳои зарурии истеҳсоли маҳсулоти асбестосементӣ мавҷуд бошад ҳам, ин намуди маҳсулот дар хаҷми зиёд ворид карда мешаванд. Сабаб дар он аст, ки ду корхонаи ҷумҳурӣ -ҶММ "Тоҷикшифер" ва ҶСК "Заводи қубурҳои асбестӣ" бинобар сабаби гарон будани ашёи асосӣ - семент ва асбест маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол карда наметавонанд.
Ба ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар ҳаҷми зиёд тахтаҳои ороишӣ ва керамикӣ, хишти багармитобовар, маҳсулоти шишагӣ ва дигар маводи сохтмонӣ ворид карда мешаванд.
Ҳаҷми баъзе аз намудҳои масолеҳи бинокории воридгардида дар соли 2008 чунинанд:
+-+----------------------------------+---------------+---------------ҷ
|№|Номгӯи маҳсулот |Ҳаҷми содирот, |Маблағи умумӣ, |
| | | тонна |доллари ИМА |
| | | | |
+-+----------------------------------+---------------+---------------+
|1|Семент | 485 000 | 51694 492 |
| | | | |
| | | | |
|2|Асбест | 1446 | 504 372 |
| | | | |
| | | | |
|3|Хишти ба гармитобовар | 9 863 | 5 020 002 |

|4|Оҳак | 1 188 | 82 112 |

|5|Маҳсулоти металлӣ | 25 240 | 49 900 000 |

|6|Маҳсулоти асбестосементӣ | 156 300 | 35 000 900 |

|7|Тахтаҳои ороишӣ | | 6 320 000 |

| |Ҳамагӣ | 679 037 | 148 521 878 |

Азнавҳисобкунӣ бо пули миллӣ аз рӯи 6 намуди масолеҳи сохтмонии воридгардида 657,94 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки аз маблағи умумии маҳсулоти сохтмонии дар як сол истеҳсолгардида зиёд аст.
Ба масолеҳи сохтмонии содиротии кишвар асосан гаҷ ва қуми кварсии бойгардонидашуда дохил мешаванд. Ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ дар соли 2008 чунин буд:
+-+---------------------------+---------+------------+---------------ҷ
|№|Номи корхонаи | Ҳаҷми | Маблағи |Мамлакатҳои |
| |содиркунанда ва | содирот,| умумӣ |истифодабаранда|
| |маҳсулоти он | тонна | (доллари| |
| | | | ИМА) | |
+-+---------------------------+---------+------------+---------------+
|1|ҶС "Комбинати масолеҳи | | | |
| |бинокорӣ"-и шаҳри Исфара, | | | ӯзбекистон |
| |(гаҷ) |33 246 64|41 855 1 920| Қиргизистон |
+-+---Р-----------------------+---------+------------+---------------+
| | | | | |
|2|ҶС "Комбинати бозёфтҳои | | | |
| |кӯҳӣ"-и ноҳияи Ҷаббор | | | ӯУзбекистон |
| |Расулов, (қумикварсӣ) |75 157 4 |1 578 297 | Қирғизистон |
| | | 828 |130 356 | |

| |Ҳамагӣ |108 403 |1620 152 | |

8. Талаботи ҷумҳурӣ ба мутахассисони соҳа ва чорабиниҳо оид ба тайёр намудани онҳо
Айни замон, соҳаи коркарди кӯҳӣ, ки истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ба он дохил мешавад, ба геологҳо, маркшейдерҳо, устоҳои кӯҳкорӣ, технологҳо, лаборантҳо, механикҳои кӯҳкорӣ, барқчӣ, ронандаҳои булдозер, ронандаҳои экскаватор ва дигар ихтисосҳо эҳтиёҷ дорад.
Барои таъмин намудани корхонаҳои амалкунанда ва навтаъсис омода намудани зиёда аз 1000 нафар мутахассисон аз рӯи 13 ихтисос зарур аст.
Барои иҷрои ин масъала дар Барнома тайёр намудани мутахассисон дар мактабҳои миёнаи техникӣ ва олии ҷумҳурӣ пешбинӣ карда шудааст. То соли 2015 омода намудани чунин мутахассисон пешбинӣ карда мешавад:
+---+-------------------+-------------------------------------+------ҷ
| № |Номгӯи касбҳо | Солҳо |Ҳамагӣ|
| | +-----------+-------------+-----------+ |
| | | 2010 | 2012 | 2015 | |
+---+-------------------+-----------+-------------+-----------+------+
|1 |Геолог | 21 | 20 | 40 | 81 |
| | | | | | |

|2 |Маркшейдер | 21 | 20 | 40 | 81 |

|3 |Устои кӯҳкорӣ | 21 | 20 | 40 | 81 |

|4 |Технолог | 21 | 20 | 40 | 81 |

|5 |Механик | 21 | 20 | 40 | 81 |

|6 |Муҳосиб | 15 | 15 | 30 | 60 |

|7 |Иктисодчӣ | 10 | 10 | 20 | 40 |

|8 |Барқчӣ | 27 | 26 | 50 | 103 |

|9 |Кафшергар | 21 | 20 | 40 | 81 |

|10 |Лаборант | 27 | 25 | 50 | 102 |

|11 |Булдозерчӣ | 21 | 20 | 40 | 81 |

|12 |Экскаваторчӣ | 21 | 20 | 40 | 81 |

|13 |Ронанда | 27 | 26 | 50 | 103 |

| |Ҳамагӣ | 274 | 262 | 520 | 1056|

Мутахассисони қайдгардида ба кор ба 86 корхонаи амалкунанда ва 32 корхона пешбинишудаи ҷумҳурӣ равона карда мешаванд.
Нақшаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар замимаи 8 оварда шудааст.
Талаботи ҷумҳуриро ба баъзе мутахассисоне, ки (барои саноати коркарди санг ва шиша) бо сабабҳои объективӣ дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ тайёр кардани онҳо ғайриимкон аст, метавон ба мактабҳои олии дигар кишварҳо равон кард.
Ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои таълимӣ оид ба тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисон бо ҷудо шудан ва ё нашудан аз истеҳсолот низ метавонад дар ҳалли масъалаи кадрӣ нақши мусбат бозад.
Тайёр намудани мутахассисони техникию муҳандисии банақшагирифта бо маълумоти миёна ва олии техникӣ аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлат ва корхонаҳои соҳа амалӣ карда мешавад.
Мусоидати муваффақона дар тайёр намудани кадрҳо, бартараф кардани азкорравии онҳо дар додани имтиёзҳои муайян ба мутахасисони ҷавоне, ки мактабҳои олӣ ва миёнаи техникиро хатм кардаанд, таъсир расонданаш мумкин аст. Масалан, ҳатман бо роҳхат ба кор қабул кардани онҳо, ба мутахассисони таҷрибадор вобаста кардани онҳо ва ҳал намудани масъалҳои манзил.
9. Роҳҳои асосии ноил гардидан ба мақсад ва вазифаҳои Барнома ва чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи он
Дар амал татбиқ намудани талаботи ҳамагуна Барномаҳо бе манбаи иқтисодӣ ғайриимкон мебошад. Давлат айни замон аз ҳисоби буҷети худ барои иҷрои вазифаҳои Барномаи мазкур маблағ ҷудо карда наметавонад. Бинобар ин бунёди иншооти нави дар Барнома пешбинишуда аз ҳисоби сармояи хориҷию ватанӣ амалӣ карда мешавад. Бисёре аз корхонаҳои сохташаванда, ки дар Барнома омадааст, аллакай сармоягузорони хориҷӣ ва ё ватании худро доранд.
Барои саривақт бунёд ёфтани корхонаҳои банақшагирифташуда зарур аст, ки чораҳои зарурӣ ҷиҳати содда намудани тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла гирифтани иҷозатнома, хулосаи қарордоди истифодабарии қаъри замин, сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, сертификаткунонии масолеҳ ва содироти маҳсулот қабул карда шаванд.
10. Дурнамои татбиқи амалии Барнома
Заминаи асосӣ барои иҷрои вазифаҳои дар Барнома гузошташуда мавҷуд будани бозори дохилии фурӯши масолеҳи сохтмонӣ: металл ва маҳсулоти шишагӣ, семент, хишти ороишӣ ва баоташтобовар ва дигар масолеҳ, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешаванд ё ба миқдори кофӣ бароварда намешаванд, ба шумор меравад.
Барои ноил гардидан ба мақсадҳои дар назди Барнома гузошташуда қонунҳо, ки манфиатҳои сармоягузоронро ҳифз менамоянд ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои сармоягузорон имтиёзҳо пешбинӣ намудаанд, мусоидат менамоянд. Мавҷуд будани захираҳои калони ашёи хоми маҳаллӣ, низ яке аз омилҳои муҳим барои ҳалли масъалаи мазкур мебошад.
Барнома на фақат масъалаи таъминоти бозори дохилиро бо масолеҳи босифату арзон мусбат ҳал менамояд, балки имкон медиҳад, ки як қисми он ба мамолики ҳамсоя содир карда шавад.
* Замимаҳо оварда намешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2009 № 601
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ барои давраи то соли 2015
Душанбе 2009

Ҳаҷм ва номгӯи масолеҳи сохтмонии барои давраи то соли 2015 ба ҷумҳурӣ зарурӣ, ки аз рӯи маълумоти Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон тартиб дода шудааст, дар замимаи 7 оварда шудаанд.