ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САРМОЯГУЗОРӢ
Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба сармоягузорӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодии фаъолгардонӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузориро бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии одилона, баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Мақсади Қонуни мазкур ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кардан ва самарабахш истифода бурдани захираҳои моддӣ ва молиявӣ, техника ва технологияи муосир, таҷрибаи идоракунӣ, таъмини шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ, инчунин шароити истифодаи озод, шаффофият, соҳибият ва ихтиёрдории сармоягузорӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҷрибаи байналмилалии ҳамкории сармоягузорӣ мебошад.
Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳое, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва бо замонати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста бо сармоягузорӣ ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ алоқаманд мебошанд, татбиқ намешавад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода бурда мешаванд:
- Сармоягузорӣ - ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқи молу мулкӣ (ба истиснои молу мулке, ки ба истифодабарии шахсӣ ва ё бо фаъолияти фурӯши мол бе коркарди он алоқаманд аст), бо шумули маблағ, коғазҳои қиматнок, таҷҳизоти истеҳсолию-технологӣ ва натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки ба сармоягузор аз рӯи ҳуқуқи моликият мансубанд ва аз тарафи ӯ ба объектҳои фаъолияти сармоягузорӣ бо мақсади гирифтани фоида ва ё расидан ба натиҷаи дигари назарраси фоиданок гузошта шудаанд;
- сармоягузор - шахси воқеӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад;
- сармоягузорони хориҷӣ - ба сифати сармоягузорони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо эътироф карда мешаванд:
- давлатҳои хориҷӣ ва воҳидҳои маъмурию ҳудудии онҳо дар шахси мақомоти ваколатдор;
- ташкилотҳои байналмилалӣ;
- шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;
...