Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 246)
Мутобиқи моддаҳои 304, 305, 317 ва 362 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 253 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Қоидаҳои замимагардидаи интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда тасдиқ карда шавад.
2. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 № 466 "Дар бораи тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёти барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари тиҷоратӣ таъиннагардида аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 487 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 № 466 "Дар бораи тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиётӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари тиҷоратӣ таъиннагардида аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004 №142 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомнома дар бораи тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиётӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари тиҷоратӣ таъиннагардида аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
3. Қарори мазкур аз 1 ноябри соли 2007 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 544
ш. Душанбе