Низомномаи тартиби амалӣ намудани назорати муҳоҷиратӣ аз 2 декабри соли 2008, № 599

Санаи амалкуни: 30.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри соли 2008 № 599

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри соли 2008 № 599

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби амалӣ намудани назорати муҳоҷиратӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 167)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 167)

1. Низомномаи мазкур тартиби амали намудани назорати муҳоҷиратӣ ва ҳамчунин ҳамкории мутақобилаи вазорату идораҳои дахлдорро ҳангоми иҷро намудани он муайян менамояд.

2. Назорати муҳоҷиратӣ - ин фаъолиятест, ки барои пешгирӣ намудани муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

3. Асоси ҳуқуқии амалӣ намудани назорати муҳоҷиратӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират", Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2001 № 544 "Дар бораи пурзӯр намудани мубориза муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999 № 218 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 № 389 "Дар бораи амалӣ намудани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ" ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва Низомномаи мазкур ба шумор мераванд.

4. Ба ҳар як шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, ҳангоми анҷом додани назорати сарҳадӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ варақаи муҳоҷирати хориҷӣ, ки намунаашро мақомоти ваколатдор муайян кардааст, супорида мешаванд.

Баробари ба нуқтаи таъинот расидани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ дар варақаи муҳоҷиратӣ қайди (мӯҳри мудаввар ва имзои корманди масъули) мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти муваққатӣ гузошта мешаванд, ба истиснои аъзои ҳайатҳои намояндагии расмии давлатҳои хориҷӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин хабарнигорони васоити ахбори оммаи хориҷӣ, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Варақаи муҳоҷиратӣ аз ҷониби ҳар як шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ шахсан ҳангоми аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ шудан ба намояндаи хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ супорида мешавад.

Дар сурати гум кардани варақаи муҳоҷиратӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд, вазифадоранд, ки барои гирифтани нусхаи варақаи муҳоҷиратии гумшуда ба мақомоти дахлдори хадамоти сарҳадии Тоҷикистон иттилоъ диҳанд.

...

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 2 декабря 2008 года № 599

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 2 декабря 2008 года № 599

Положение о порядке осуществления иммиграционного контроля

(в редакции постановления Правительства РТ от 30.03.2013г. № 167)

(в редакции постановления Правительства РТ от 30.03.2013г. № 167)

1. Настоящее Положение определяет порядок осуществления иммиграционного контроля, а также взаимодействие соответствующих министерств и ведомств при его осуществлении.

2. Иммиграционный контроль - это деятельность, направленная на пресечение незаконной миграции на территории Республики Таджикистан иностранных граждан и лиц без гражданства.

3. Правовой основой осуществления иммиграционного контроля являются Конституция Республики Таджикистан, Закон Республики Таджикистан "О правовом положении иностранных граждан в Республике Таджикистан", Закон Республики Таджикистан "О беженцах", Закон Республики Таджикистан "О миграции", Указ Президента Республики Таджикистан от 2 апреля 2001 года №544 "Об усилении борьбы с незаконной миграцией в Республике Таджикистан", постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 мая 1999 года №218 "Об утверждении Правил пребывания иностранных граждан в Республике Таджикистан и Правил транзитного проезда иностранных граждан через территорию Республики Таджикистан", постановление Правительства Республики Таджикистан от 21 сентября 2000 года № 389 "О порядке проведения государственной дактилоскопической регистрации", иные нормативные правовые акты Республики Таджикистан, международно-правовые акты, признанные Республикой Таджикистан и настоящее Положение.

4. Каждому иностранному гражданину и лицу без гражданства, въезжающему в Республику Таджикистан, при осуществлении пограничного контроля в пунктах пропуска через Государственную границу выдается миграционная карта, форма которой установлена уполномоченным органом.

По прибытии иностранного гражданина или лица без гражданства в пункт назначения на территории Республики Таджикистан, в миграционной карте ставится отметка (круглая печать и подпись ответственного сотрудника) органов внутренних дел по месту временного пребывания, за исключением членов официальных делегаций иностранных государств, сотрудников дипломатических представительств иностранных государств и международных организаций, а также корреспондентов иностранных средств массовой информации, которые проходят аккредитацию в Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан.

Миграционная карта сдается каждым иностранным гражданином и лицом без гражданства лично при выезде из Республики Таджикистан представителям пограничной службы Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан на пунктах пропуска через государственную границу.

В случае утери миграционной карты, иностранные граждане и лица без гражданства, а также юридические и физические лица, пригласившие их в Республику Таджикистан, обязаны в срочном порядке сообщить о факте утери в пограничные службы Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан для решения вопроса о получения дубликата утерянной миграционной карты.

...