ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи пурзӯр намудани мубориза муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза муқобили муҳоҷирати ғайриқонуни фармон медиҳам:
1. Дар гузаргоҳҳои тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати муҳоҷирати ҷори карда шавад ва татбиқи он ба зиммаи Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
2. Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт пешниҳод намудани маълумотро нисбати шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрванди дар бораи омадани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадани онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнату ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дохил намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти дахлдор ворид намояд;
оид ба таҳия ва татбиқи механизми ҳамкориҳо ҳангоми аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор амали намудани назорати муҳоҷират тадбирҳои зарури андешад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 апрели соли 2001 № 544 ш. Душанбе
ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
УКАЗ
ОБ УСИЛЕНИИ БОРЬБЫ С НЕЗАКОННОЙ МИГРАЦИЕЙ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН
В целях усиления борьбы с незаконной миграцией постановляю:
1. Ввести на пунктах пропуска через Государственную границу Республики Таджикистан иммиграционный контроль, возложив его осуществление на Комитет по охране Государственной границы при Правительстве Республики Таджикистан.
2. Комитету по охране Государственной границы при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить своевременное предоставление информации о въезде в Республику Таджикистан и выезде из Республики Таджикистан иностранных граждан и лиц без гражданства Министерству безопасности Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, Министерству иностранных дел Республики Таджикистан, Государственному комитету Республики Таджикистан по статистике и Государственной миграционной службе при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.
3. Правительству Республики Таджикистан:
внести в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан соответствующие предложения по внесению изменений и дополнений в действующее законодательство Республики Таджикистан;
принять необходимые меры по разработке и реализации механизма взаимодействия при осуществлении соответствующими министерствами и ведомствами иммиграционного контроля.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г.Душанбе,
2 апреля 2001 года № 544