Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 378 "Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа"

Санаи амалкуни: 02.07.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447)

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ва Варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 447).

2. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсус, тайёр намудани шумораи зарурии варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷаро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532).

3. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварии варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷаро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447).

4. Андӯхт ва ҷамъбасти автоматикунонидашудаи маълумоти тавассути варақаҳои бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ҷамъоваришуда ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ аз рӯи шакли тасдиқгардида ба зиммаи Агентии давлатии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447).

5. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати шаҳрвандон дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447).

6. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ифтитоҳи нуқтаҳои баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, ҷудо намудани утоқҳои корӣ ва таҷҳизот мусоидат намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383, аз 7.08.2014 № 532, аз 2.07.2015 № 447).

- Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани низоми электронии баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили махзани ягонаи иттилоотӣ чораҷӯӣ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 447).

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 № 264 "Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2008 № 378

ш.Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 31 октябри соли 2009 № 622

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622)

Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Карточка миграционного учета граждан Республики Таджикистан

+---------+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+---ҷ
|Насаб/   |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
|Фамилия  |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
+---------+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+---+
|Ном/     |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
|Имя      |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
+---------+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+---+
|Номи     |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
|падар/   |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
+---------+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+---+

Миёнаи нопурра/Неполное Миёна/Среднее

среднее

Миёнаи махсус/Среднее Олӣ/Высшее

специальное

Ихтисоси асосӣ/Основная специальность

+-------------------+----+----+----+----+----+----+----+----ҷ
|Кишвари сафар/     |    |    |    |    |    |    |    |    |
|Страна назначения  |    |    |    |    |    |    |    |    |
+-------------------+----+----+----+----+----+----+----+----+
+-------------------+----+----+----+----+----+----+----+----ҷ
|Кишвари баромад/   |    |    |    |    |    |    |    |    |
|Страна выезда      |    |    |    |    |    |    |    |    |
+-------------------+----+----+----+----+----+----+----+----+

Мақсади сафар/Цель выезда Мӯҳлати сафар/Продолжительность

Хизмати/Служебная То 10рӯз/До 10 дней

Тиҷоратӣ/Коммерческая Аз 10 руз то 1 моҳ/От 10 дней до 1

Таҳсил/ Учёба мес.

Саёҳат/Туризм Аз 1 моҳ то 3 моҳ/От 1 мес. до 3

Кор/Работа мес.

Шахсӣ/Частная Аз 3 моҳ то 6 моҳ/От 3 мес.до 6 мес. Аз 6 моҳ то 1 сол/От 6 мес. До 1 года Аз 1 сол зиёд/ Более 1 года

Санаи пур кардан/

Дата заполнения

"___"_________ с.20 Имзо/Подпись

Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "___"_________ с.2009 №___ тасдиқ шудааст.

Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 солагӣ расидааст, дар мавриди баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо харфҳои чопӣ равшану возеъ пур карда, ба намояндагони Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои гузариши Сарҳади давлатӣ ва дар ҳолати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштан ба намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383).

Маълумоти зикршуда дар варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди мавҷуд будани қайди хизматии намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок ҳисобида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383).

Маълумоти ҷамъгардида дар варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо мақсади ҷамъбасти оморӣ истифода бурда мешавад. Карточка миграционного учёта граждан Республики Таджикистан утверждена постановлением Правительства Республики Таджикистаи от "___"__________г.2009 №___.

Карточка миграционного учёта граждан Республики Таджикистан заполняется каждым гражданином Республики Таджикистан, достигшим 16 летнего возраста при выезде из Республики Таджикистан и возвращении из-за границы чётко и ясно печатными буквами и вручается представителям Главного управления пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан в пунктах пропуска через Государственную границу и в случаи возвращения в Республику Таджикистан Миграционная службы при Правительстве Республики Таджикистан (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383).

Сведения, указанные в карточке миграционного учёта граждан Республики Таджикистан, считаются достоверными при наличии служебной отметки представителей Миграционной службы при Правительстве Республики Таджикистан и Главного управления пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 622, аз 1.08.2011 № 383).

Сведения, собираемые на основе карточки миграционного учёта граждан Республики Таджикистан, будут использоваться исключительно для статистического обобщения.

Барои қайдҳои хизматӣ/для служебных отметок.

+----------------------------------------------------------ҷ
|                                                          |
+----------------------------------------------------------+

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Варақаи замимагардидаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа тасдиқ карда шавад.

2. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсусе, ки дар вақти барасмиятдарорӣ ва супоридани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ ва хориҷӣ ворид мегарданд, тайёр намудани шумораи зарурии варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷаро таъмин намояд.

3. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварии варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷаро дар нуқтаҳои гузариши Сарҳади давлатӣ таъмин намоянд.

4. Андӯхт ва ҷамъбасти автоматикунонидашудаи маълумоти тавассути варақаҳои бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ҷамъоваришуда ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ аз рӯи шакли тасдиқгардида ба зиммаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шаванд.

5. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати шаҳрвандон дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нуқтаҳои гузариши Сарҳади давлатӣ мусоидат намоянд.

6. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсняи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ифтитоҳи нуқтаҳои назорати муҳоҷиратӣ, ҷудо намудани утоқҳои корӣ ва таҷҳизот мусоидат намоянд.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 № 264 "Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2008 № 378

 ш.Душанбе

Замима

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 378

тасдиқ шудааст

Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа

Карточка учета внешней миграции граждан Республики Таджикистан

+-------------+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+--ҷ
|Насаб/       |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |  |
|Фамилия      |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |  |
+-------------+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+--+
|Ном/Имя      |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |  |
+-------------+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+--+
|Номи падар/  |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |  |
|Отчество     |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |  |
+-------------+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+--+

Миёнаи нопурра/Неполное среднее +-ҷ Миёна/Среднее +-ҷ +-+ +-+

Миёнаи махсус/Среднее специальное +-ҷ Олӣ/Высшее +-ҷ +-+ +-+

+--------------------------------------------------------------------ҷ
|               Ихтисоси асосӣ/Основная специальность                |
|                                                                    |
+----+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+
|    |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |
+----+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+
+--------------------------------------------------------------------ҷ
|                                                                    |
|     Маҳалли (ноҳия, шаҳр) зисти доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон/     |
|     Регион (район, город) постоянного проживания в Республике      |
|     Таджикистан                                                    |
+----+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+
|    |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |
+----+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+
|    |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |
+----+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+

Соли таваллуд/Год рождения Ҷинс/Пол

+--+---+----+---ҷ              +-ҷ                 +-ҷ
+--+---+----+---+     Мард/Муж +-+        Зан/Жен  +-+
+------------------------+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---ҷ
|Кишвари сафар/          |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |
|Страна выезда           |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |   |
+------------------------+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+

Мақсади сафар/Цель выезда: Мӯҳлати сафар/ Продолжительность:

Хизматӣ/Служебная +-ҷ То 10 рӯз/До 10 дней +-ҷ +-+ +-+

Тиҷоратӣ/Коммерческая+-ҷ Аз 10 рӯз то 1 моҳ/От 10 дней до1мес.+-ҷ +-+ +-+

ТаҳсиЛ/Учеба +-ҷ Аз 1 моҳ то 3 моҳ/От 1 мес. до 3мес. +-ҷ +-+ +-+

Саёҳат/Туризм +-ҷ Аз 3 моҳ то 6 моҳ/От 3 мес. до 6 мес.+-ҷ +-+ +-+

Кор/Работа +-ҷ Аз 6 моҳ то 1 сол/От 6 мес. до 1 года+-ҷ +-+ +-+

Шахсӣ/Частная +-ҷ Аз 1 сол зиёд/Более 1 года +-ҷ +-+ +-+

Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 378 тасдиқ шудааст.

Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷаро ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 15-сола расидааст, дар мавриди хориҷ гаштан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои чопӣ пур менамояд ва ба намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои гузариши Сарҳади давлатӣ месупорад.

Маълумоти зикршуда дар варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа дар мавриди мавҷуд будани қайди хизматии намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон асоснок ҳисобида мешавад.

Маълумоти ҷамъгардида дар варақаи бақайдгирии муҳоҷирата шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа танҳо бо мақсади ҷамъбасти оморӣ истифода бурда мешавад.

______________________________________________________________________

Карточка учета внешней миграции граждан Республики Таджикистан утверждена постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года № 378.

Карточка учета внешней миграции граждан Республики Таджикистан заполняется четко и ясно печатными буквами каждым гражданином Республики Таджикистан, достигшим 15-летного возраста при выезде из Республики Таджикистан и вручается представителям Миграционной службы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и Главного управления пограничных войск Государственного комитета националъной безопасности Республики Таджикистан в пунктах пропуска через Государственную границу.

Сведения, указанные в карточке учета внешней миграции граждан Республики Таджикистан считаются достоверными при наличии служебной отметки представителей Миграционной службы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и Главного управления пограничных войск Государственного комитети национальной безопасности Республики Таджикистан.

Сведения, собираемые на основе карточки учета внешней миграции граждан Республики Таджикистан будут использоваться исключительно для статистического обобщения.

Барои қайдҳои хизматӣ/для служебных отметок

+--------------------------------------------------------------------ҷ
|                                                                    |
|                                                                    |
|                                                                    |
-----------------------------------------+