Қоидаҳои баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа аз 2 июли соли 2015 № 447

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" июли соли 2015, № 447

тасдиқ карда шудааст

Қоидаҳои баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа

1. Қоидаҳои мазкур вазифаҳои мақомоти дахлдори давлатиро оид ба баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа тибқи варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - варақаи баҳисобгирии муҳоҷират), ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пур карда мешавад, амалӣ мегардад.

3. Варақаи баҳисобгирии муҳоҷират - варақае мебошад, ки дар он маълумоти зарурӣ дар бораи шаҳрванд, аз ҷумла насаб, ном, номи падар, ҷойи истиқомати доимӣ, синну сол, ҷинс, мақсади сафар ва дигар маълумот дарҷ карда мешаванд.

4. Варақаи баҳисобгирии муҳоҷират шахсан аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пур карда мешавад.

5. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсоне, ки шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ доранд, ҳангоми баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷиратро пур намоянд.

6. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамоти муҳоҷират) гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷират ройгон таъмин менамояд.

7. Ҷамъоварии варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷират дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии майдонҳои ҳавоӣ, роҳҳои оҳан, автомобилӣ ва дарёӣ ба зиммаи кормандони Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад.

8. Кормандони Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ва кормандони Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳхои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷират барои пур кардан таъмин менамоянд.

9. Тартиби ҷамъоварии варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷират дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ҳар даҳ рӯз аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

10. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" на дертар аз як соат пеш аз фуруди ҳавопаймо ё ворид шудани қатора ба Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷиратро тақсим намуда, барои пур кардани ин варақаҳо ба онҳо мусоидат менамоянд.

11. Нигоҳдорӣ ва коркарди варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷират ба зиммаи Хадамоти муҳоҷират вогузор карда мешавад.

12. Хадамоти муҳоҷират маълумотро оид ба муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва ҷамъбаст намуда, дар шакли омории тасдиқшуда ду маротиба дар як сол (нимсола ва солона) ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли электронӣ ва хаттӣ пешниҳод менамояд.

Замимаи 2

Приложение 1

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 июля 2015 года, № 447

Правила учёта миграции граждан Республики Таджикистан за рубеж и возвращения из-за рубежа

1. Настоящие Правила определяют задачи государственных органов по учёту миграции граждан Республики Таджикистан за рубеж и возвращения из-за рубежа в приграничных пунктах пропуска через Государственную границу Республики Таджикистан.

2. Учёт миграции граждан Республики Таджикистан за рубеж и возвращения из-за рубежа осуществляется в соответствии с карточками миграционного учёта граждан Республики Таджикистан (далее - карточка миграционного учёта), которые заполняются гражданами Республики Таджикистан в пунктах пропуска через Государственную границу Республики Таджикистан.

3. Карточка миграционного учёта является бланком, в котором указываются необходимые сведения о гражданине, в том числе фамилия, имя, отчество, место постоянного жительства, возраст, пол, цель поездки и другие сведения.

4. Карточка миграционного учёта заполняется лично гражданином Республики Таджикистан.

5. Граждане Республики Таджикистан, за исключением лиц, имеющих дипломатические и служебные паспорта, при выезде из Республики Таджикистан и въезде в Республику Таджикистан в пунктах пропуска через Государственную границу Республики Таджикистан обязаны заполнять карточки миграционного учёта.

6. Миграционная служба Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан (далее - Миграционная служба) обеспечивает пункты пропуска через Государственную границу Республики Таджикистан бесплатно карточками миграционного учёта.

7. Сбор карточек миграционного учёта в авиационных, железнодорожных, автомобильных и речных пунктах пропуска Государственной границы возлагается на сотрудников Главного управления пограничных войск Государственного национального комитета безопасности Республики Таджикистан.

8. Работники Миграционной службы в аэропортах и на железнодорожных станциях и работники Главного управления пограничных войск Государственного национального комитета безопасности Республики Таджикистан в пунктах пропуска через Государственную границу Республики Таджикистан обеспечивают граждан Республики Таджикистан карточками миграционного учёта для их заполнения.

9. Порядок сбора карточек миграционного учёта в пунктах пропуска Государственной границы осуществляется сотрудниками Миграционной службы и Главного управления пограничных войск Государственного национального комитета безопасности Республики Таджикистан каждые десять дней.

10. Авиакомпании и Государственное унитарное предприятие "Таджикская железная дорога" в течение одного часа до завершения авиарейса или въезда состава в Государственную границу Республики Таджикистан раздают гражданам Республики Таджикистан карточки миграционного учёта и оказывают им содействие в их заполнении.

11. Хранение и обработка карточек миграционного учёта возлагается на Миграционную службу.

12. Миграционная служба анализирует и обобщает информацию о миграции граждан Республики Таджикистан и по утвержденной статистической форме два раза в год (полугодовой и годовой) передает в электронном и письменном виде Агентству по статистике при Президенте Республики Таджикистан.

*Приложение