Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 № 622 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 378"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №378

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Дар ном ва матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №378 "Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа" калимаҳои "ба хориҷа" ва "ба хориҷаро" мутаносибан ба калимаҳои "ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа" ва "ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷаро" иваз карда шаванд.

2) Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №378 тасдиқ карда шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2009 № 622

ш. Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2009 № 622

Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Карточка миграционного учета граждан Республики Таджикистан

+---------+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+---ҷ
|Насаб/   |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
|Фамилия  |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
+---------+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+---+
|Ном/     |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
|Имя      |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
+---------+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+---+
|Номи     |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
|падар/   |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |    |   |
+---------+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+----+---+

Миёнаи нопурра/Неполное                       Миёна/Среднее

               среднее

Миёнаи махсус/Среднее                         Олӣ/Высшее

              специальное

        Ихтисоси асосӣ/Основная специальность

+-------------------+----+----+----+----+----+----+----+----ҷ
|Кишвари сафар/     |    |    |    |    |    |    |    |    |
|Страна назначения  |    |    |    |    |    |    |    |    |
+-------------------+----+----+----+----+----+----+----+----+
+-------------------+----+----+----+----+----+----+----+----ҷ
|Кишвари баромад/   |    |    |    |    |    |    |    |    |
|Страна выезда      |    |    |    |    |    |    |    |    |
+-------------------+----+----+----+----+----+----+----+----+

Мақсади сафар/Цель выезда         Мӯҳлати сафар/Продолжительность

Хизмати/Служебная                 То 10рӯз/До 10 дней

Тиҷоратӣ/Коммерческая             Аз 10 руз то 1 моҳ/От 10 дней до 1

Таҳсил/ Учёба                     мес. 

Саёҳат/Туризм                     Аз 1 моҳ то 3 моҳ/От 1 мес. до 3 

Кор/Работа                        мес. 

Шахсӣ/Частная                     Аз 3 моҳ то 6 моҳ/От 3 мес.до 6
                                     мес.

                                  Аз 6 моҳ то 1 сол/От 6 мес. До 1
                                     года Аз 1 сол зиёд/ Более 1 года

Санаи пур кардан/ 

Дата заполнения 

"___"_________ с.20               Имзо/Подпись

Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "___"_________ с.2009 №___ тасдиқ шудааст.

Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 солагӣ расидааст, дар мавриди баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо харфҳои чопӣ равшану возеъ пур карда, ба намояндагони Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои гузариши Сарҳади давлатӣ ва дар ҳолати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштан ба намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад.

Маълумоти зикршуда дар варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди мавҷуд будани қайди хизматии намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок ҳисобида мешавад.

Маълумоти ҷамъгардида дар варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо мақсади ҷамъбасти оморӣ истифода бурда мешавад. Карточка миграционного учёта граждан Республики Таджикистан утверждена постановлением Правительства Республики Таджикистаи от "___"__________г.2009 №___.

Карточка миграционного учёта граждан Республики Таджикистан заполняется каждым гражданином Республики Таджикистан, достигшим 16 летнего возраста при выезде из Республики Таджикистан и возвращении из-за границы чётко и ясно печатными буквами и вручается представителям Главного управления пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан в пунктах пропуска через Государственную границу и в случаи возвращения в Республику Таджикистан Миграционной службы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.

Сведения, указанные в карточке миграционного учёта граждан Республики Таджикистан, считаются достоверными при наличии служебной отметки представителей Миграционной службы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и Главного управления пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан.

Сведения, собираемые на основе карточки миграционного учёта граждан Республики Таджикистан, будут использоваться исключительно для статистического обобщения.

Барои қайдҳои хизматӣ/для служебных отметок.

+----------------------------------------------------------ҷ
|                                                          |
+----------------------------------------------------------+