Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189 "Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 27.08.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.09.2021 № 357 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 674, аз 03.10.2012 № 561, аз 3.03.2014 № 162, аз 13.10.2014 № 625, аз 30.05.2015 № 344, аз 27.08.2020 № 467)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2008 № 428 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 470 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 44 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 561, аз 3.03.2014 № № 162, аз 30.05.2015 № 344, аз 27.08.2020 № 467).

3. Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 2 муовини Раис ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 674, аз 3.03.2014 № № 162, аз 13.10.2014 № 625).

4. Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 9 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 11 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 674, аз 3.03.2014 № № 162, аз 30.05.2015 № 344).

5. Маблағгузории Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мақомоти дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумита нишондодашуда (ба ғайр аз тиҷоратӣ), аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо бо тартиби муайянгардидаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

6. Аз эътибор соқит карда шаванд:

-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 184 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат";

-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 185 "Дар бораи Агентии обуҳавошиносӣ";

-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 № 248 "Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 24 апрели соли 2008, № 189

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 674)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2008 № 428 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 449 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 56 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки як муовини аввал ва 2 муовини Раис ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 674).

4. Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 9 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 4 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 674).

5. Маблағгузории Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мақомоти дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумита нишондодашуда (ба ғайр аз тиҷоратӣ), аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо бо тартиби муайянгардидаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

6. Аз эътибор соқит карда шаванд:

-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 184 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат";

-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 185 "Дар бораи Агентии обуҳавошиносӣ";

-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 № 248 "Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 24 апрели соли 2008 № 189

ш. Душанбе