ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқараргардида:
- Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода ба зиммаи он вазифаҳои ҳифзи муҳити зист, обуҳавошиносӣ, ҳифзи ҷангал ва масъалаҳои марбут ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро вогузор намояд;
- дар муддати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;
- дар мӯҳлати се моҳ доир ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- масъалаҳоеро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилию молиявӣ ва моддии мақомоти давлатиро ҳаллу фасл намояд.
3. Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Сархати якуми банди 3 Фармон хориҷ карда шавад;
Дар сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар банди 3 калимаҳои "Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар банди 5 баъд аз калимаҳои "Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 27 феврали соли 2008 № 428
ш. Душанбе
ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
УКАЗ
"О ДАЛЬНЕЙШЕМ СОВЕРШЕНСТВОВАНИИ СТРУКТУРЫ ЦЕНТРАЛЬНЫХ ОРГАНОВ ИСПОЛНИТЕЛЬНОЙ ВЛАСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
В целях дальнейшего совершенствования структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан и в соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:
1. Министерство сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан переименовать в Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан.
2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке:
- образовать Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, возложив на него функции по защите окружающей среды, гидрометеорологии, защите леса и вопросам, связанным с особо охраняемыми природными территориями;
- в месячный срок свои нормативные правовые акты привести в соответствие с настоящим Указом;
- в трехмесячный срок представить предложения по вопросам внесения изменений и дополнений в законодательные акты Республики Таджикистан;
- решить вопросы, вытыкающие из настоящего Указа, включая вопросы организационного, финансового и материального обеспечения государственных органов управления.
3. В Указ Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года № 9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:
Абзац первый пункта 3 Указа исключить;
В структуре центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан:
в пункте 3 слова "Министерство сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан" заменить словами "Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан";
в пункте 5 после слов "Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан" дополнить словами "Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан".
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе, 27 февраля 2008 года
№ 428