Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 № 674 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189 "Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 3 қарор баъд аз калимаҳои "шавад, ки" калимаҳои "як муовини аввал ва" илова карда, рақами "5" ба рақами "7" иваз карда шавад;

- дар банди 4 қарор рақами "8" ба рақами "9" ва рақами "3" ба рақами "4" иваз карда шавад.

2) Ба Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189 тасдиқ шудаст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 боби IV баъд аз калимаҳои "Раиси Кумита" калимаҳои "як муовини якум ва" илова карда шаванд;

- дар банди 5 боби IV пеш аз калимаи "муовинони" калимаҳои "муовини якуми раис," илова карда шаванд;

- дар банди 8 боби IV калимаи "муовинони" ба калимаҳои "Муовини якуми раис, муовинони" иваз карда шавад;

- дар банди 9 боби IV пеш аз калимаи "муовинони" калимаҳои "Муовини якум," илова карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2011 № 674

ш. Душанбе